DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ШЎРОИ КОР БО ЗАНОН ВА ДУХТАРОН


     Шўрои кор бо занон ва духтарони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун созмони ҷамъиятӣ дар катори дигар воҳидҳои таркибӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии амалкунандаи донишкада дар тарбияи маънавию ахлоқии бонувону донишҷўдухтарон ҳиссагузор мебошад. Баҳри дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро ҳамасола ба нақша гирифта, дар баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи маънавии бонувону ҷавондухтарон нақши назарраси худро мегузорад.
     Аз соли 1995 то 2006 сарварии созмони бонувони Донишкадаро дотсент Матлуба Мирҷалолова бар уҳда дошт. Солҳои минбаъда раисии Шўрои бонувон бар зиммаи устоди калони кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Гулбутта Ширинова вогузор гардид.
     Чӣ хеле аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, «Имрўз дар ҷумҳурии мо нисбати занон ягон маҳдудияти ҳуқуқие вуҷуд надорад ва бонувони Тоҷикистон дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат ҳам фаъоланд. Онҳо дар ҳайати органҳои қонунбарору иҷроия, дар Маҷлиси Олӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату муассисаҳои давлатӣ вазифаҳои хеле масъулро ба уҳда доранд, ки боз ҳам нишонаи соҳиби иззату эҳтиром будани бонувон мебошад. Имрўз ҷомеаи мо дигаргунсозиҳои куллиро аз cap гузаронида, ба низоми комилан нави иқтисодӣ қадам мегузорад ва вақти он расидааст, ки шумораи занҳои ихтисосманд сол то сол зиёд гардад».
     Дар натиҷаи пеш бурдани корҳои тарғиботии мақсаднок нисбати ҷалб намудан ва интихоби довталабон ба сафи донишҷўёни донишкада шумораи донишҷўдухтарон пайваста афзуда истодааст, ки ин боиси зиёд гардидани шумораи бонувони маълумотнок хоҳад гардид.


     Ҷалби занон ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон дар донишкада аз он шаҳодат медиҳанд, ки «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010» дар амал татбиқ гардида истодааст.
     Шўрои кор бо занон ва духтарони донишкада ҳамчун созмони ҷамъиятӣ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки занону духтаронро дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, тафаккури миллӣ, худшиносӣ тарбия намояд ва маърифатнокии онҳоро баланд бардошта, онҳоро барои рияои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаву оиладорӣ ва барои ба камол расонидани фарзандони солими миллат омода намояд.
     Мароми созмони бонувони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш то ба имрўз ба он равона карда шудааст, ки шумораи донишҷўёнро аз ҷумлаи духтарон зиёд намояд. Ба ин хотир, қабули духтаронро ба донишкада бидуни озмун эълон намудааст, ки ин як ғамхорӣ ва созгор гардидан баҳри зиёд шудани сафи бонувони дорои маълумоти олӣ мебошад. Айни ҳол дар донишкада зиёда аз 300 нафар духтар дар таҳсили рўзона ва 250 нафар дар таҳсили ғоибона бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Боиси хурсандист, ки аксарияти аълохонҳо ва фаъолонро духтарон ташкил медиҳанд ва дар аксарияти гурўҳҳои таълимӣ-академӣ духтарон вазифаи сардории гурўҳҳоро бар уҳда доранд. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки духтари тоҷик рўз аз рўз ба он мекўшад, ки бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ дар ҷомеаи кунунӣ мақоми худро баланд бардорад, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳуриямон низ аз ҳамин ғоя иборат мебошад.


     Имрўз дар сохторҳои гуногуни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 97 нафар занон ва духтарон фаъолияти пурмаҳсул доранд, ки 50 %-и онҳоро дорандагони маълумоти олӣ ташкил намуда, 8 нафари онҳо номзадони илм мебошанд. Имрўз дар радифи мо устодон ва кормандони ёрирасони таълим 6 нафар хатмкардагони донишкада фаъолияти пур-маҳсул доранд, 13 нафари дигарашон дар баробари фаъолият, донишҷўёни таҳсили ғоибонаи донишкада мебошанд. Алҳол 112 нафар корманди донишкада ва 154 нафар дониш-ҷўйдухтари таълимгоҳ аъзои созмони бонувон мебошанд. Дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Шўрои бонувони факултетҳо таҳти роҳбарии устодон баҳри таълим ва тарбияи донишҷўйдухтарон ва кормандон ҷадал доранд. Баҳри дар амал татбиқ намудани ғояҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарбияи ҷавонон Шўрои бонувони донишкада як қатор чорабиниҳои тарбиявию илмиро амалӣ намудааст ва аксарияти ин чорабиниҳо анъанавӣ мебошанд, аз ҷумла:
     -ташкил намудани вохўриҳо бо намояндагони ахди адаб ва шахсони муътабару обрўманди ҷумҳурӣ (Нориниссо, Аҳдия, Фирўза Сатторӣ ва дигарон);
     - чун анъана ҳар сол моҳи декабр гузаронидани мизи мудаввар дар мавзўи «Мо тарафдори ҳаёти солим» бо даъвати намояндагони соҳаи тандурустӣ;
     - гузаронидани мизи мудаввар дар мавзўи «Маърифати миллат аз маърифати зан аст»;
     - конференсияи илмӣ-амалии бонувон ва донишҷўдух-тарон дар мавзўи «Зан, оила, ҷомеа»;
     - озмуни донишҷўйдухтарон ва хонандагони литсейи донишкада таҳти унвони «Донотарин, зеботарин, беҳтарин»;
     - гузаронидани шабнишиниҳои фарҳангии ҷашнӣ бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ, Рўзи байналмилалии бонувон, Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи ҷавонон, Рўзи Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи омўзгорон ва ғайра.
     Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамаи чорабиниҳои баргузорнамудаи созмони бонувони донишкада баҳри баланд бардоштани савияи дониш, ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинӣ ва тарбияи маънавии донишҷўёни ҷавон, устодон ва хонандагони литсейи равона карда шудаанд.
    
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат