DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


БАХШИ ТИББӢ


     Дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (собиқ ДСХ) соли 1997 бо мақсади ёрии аввалини тиббӣ расонидан, аз муоинаи тиббӣ гузарондан ва баҳри беҳдошти вазъи саломатии донишҷўёну кормандони он бунгоҳи тиббӣ таъсис дода шуд, ки мудирии онро дар аввал табиби лаёқатнок ва пуртаҷриба Саломат Ҳомидова бар уҳда дошт. Кормандони бунгоҳи тиббӣ фаъолияти худро софдилона ба роҳ мондаанд. Ҳуҷраҳои он ҳамеша тозаю озода буда, дар ҳолати зарурат ба донишҷўён ва омўзгорон кўмаки аввалини пизишкӣ меасонанд.
     Бунгоҳи тиббӣ донишкада солҳои аввали ташкил шуда-наш аз як ҳуҷраи табобатӣ иборат буд. Мудири ҳамонвақтаи бунгоҳи тиббӣ тамоми донишу малакаи тиббии худро барои ҳифзи саломатии ҷомеаи донишкада сарф мекард, ки шоистаи таҳсин аст.
     Ҳамзамон, месазад қайд намоем, ки айни замон мудири бахши тиббии донишкадаро мутахассиси баландихтисоси соҳаи тиб, бонуи мушфиқу меҳрубон Раҳмонова Шарифа Азимовна бар уҳда доранд, ки бо масъулияти баланди касбӣ дар самти беҳдошти саломатии донишҷўёну кормандони донишкада саҳми арзишманди хешро мегузоранд. Инчунин, корманди дигари бунгоҳи тиббии донишкада, ҳамшираи тиббӣ Бобоҷонова Нигора Нематовна мебошанд, ки фаъо-лияти эшон низ боиси таҳсину офарин аст.
     Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол моҳҳои сентябр ва октябр донишҷўёни таълимгоҳ аз курси як то чор пурра аз назорати бунгоҳи тиббии донишкада мегузаранд. Корман-дони донишкада низ ҳамчунин ҳар сол як маротиба аз муойинаи тиббӣ мегузаранд.
     Аз рўйи маълумоти ҳуҷҷатии бунгоҳи тиббии Дониш-кадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат чунин бармеояд, ки ҳар сол зиёда аз ҳазор нафар, аз кормад то донишҷўи донишкада аз назорати тиббӣ мегузаранд.
     Барои мисол, дар соли хониши 2015-2016-ро гирем: 823 нафар донишҷў ба бунгоҳи тиббии донишкада муроҷиат кард, ки аз он 233 нафар бемориашон маълум гардида, баҳри табобат гирифтан огоҳонида шуданд. Аз ҳисоби кормандон низ зиёда аз сад нафар (30%) барои ёрии тиббӣ гирифтан ба табибони ҳозиқи ин даргоҳ муроҷиат намудаанд. Алҳол бунгоҳи тиббии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дорои 5 утоқи кории бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардони-дашуда, дар он се нафар табиби лаёқатноки сабукдаст ба беморони муроҷиаткунанда кўмаки тиббӣ мерасонанд.
     Бо дастгирии раёсати донишкада бунгоҳи тиббии онбо технологияи нави замонавӣ таъмин аст. Аз ҷумла, дастгоҳи (УФО), ултра фиолетовние облучения, барои табобати бемо-риҳои гўш, гулў ва бинӣ, (УВЧ), ултра висококачественний аппарат, барои табобати бемориҳои радикулит, асаб, остео-сохандроз, шамолхурӣ. Чунин шароит дар дигар пунктҳои тиббии макотиби олии ҷумҳурӣ дида намешавад. Аз ин хотир ин қадаме ба сўи пеш дар арсаи соҳибкорӣ мебошад.
     Тўли 30 соли фаъолият дар бунгоҳи тиббии донишкада зиёда аз 30 ҳазор донишҷўю муаллим ва корманд саломати-ашонро барқарор намудаанд.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат