DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


ТАШКИЛЁБИИ ДОНИШКАДА ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ГАШТАНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФАЪОЛИЯТИ ОН ДАР СОЛҲОИ 1991-2021


        

«Асри XXI асри ҳамгироии иқтисодиву иҷтимоӣ, асри инкишофи рўзафзуни илму фарҳанг, асри дастовардҳои бузурги техникиву технологӣ, асри глобализатсияи масъалаҳо мебошад».
                                                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон


        Аз рўзҳои аввали пароканда шудани давлати пуриқти-дори Иттиҳоди Шўравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ба амал омадани низоъҳои дохилӣ, зарурати таъсиси чунин як муассисаи таҳсилоти олӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣдар фазои таҳсилоти кишвар ба миён омад.
         Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ягона муасси-саи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки аз рўзҳои нахустин дар сарзамини Тоҷикистон пойдор гардидани истиқлол таъсис ёфтааст.
         Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (собиқ ДСХ) мувофиқи Қарори Девони Вазирони РСС Тоҷикистон аз 22-юми июли соли 1991 таҳти №212 (банди 1) ба сифати Коллеҷи технологӣ-маишӣ дар асоси ҳисоби хоҷагӣ чун таълимгоҳи олии бисёрсоҳа, дар асоси фармони собиқ консерни «Хизмат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 1991, зери №15 таъсис дода шуда, сипас, мутобиқи Қарори Девони Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ аз 29-уми июли соли 1991, зери №530 ва бо Қарори Девони Вазирони РСС Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 1991, таҳти №266 дар заминаи он Донишкадаи хизмати маишии консерни «Хизмат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимии дараҷаи якум, ки аз ҳисоби васоити шартномавӣ маблағгузорӣ карда мешавад, таъсис дода шудааст. Донишкадаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми марти соли 1995, зери рақами №192 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон табдил дода шудааст.
         Мувофиқи литсензияе, ки аз 28-уми марти соли 1998, таҳти №16 аз тарафи хадамоти аттестатсионии давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дода шудааст, Донишкада ҳуқуқи тайёр кардани мутахассисони маълумоти олии касбиро дорост. Инчунин, дар асоси литсензияи Идораи давлатии аттестатсионии Вазорат боло зикр аз 13-уми июли соли 2000, №0043 дар сохтори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун воҳиди таркибии он Литсей таъсис дода шудааст, ки ҳуқуқи таълим додани хонандагонро аз синфи аз 1 то 11 дорад.
         Оинномаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (собиқ ДСХ)-и Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми апрели соли 2000-ум, таҳти №4-008 дар реести нотариуси давлатии Идораи нотариалии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе аз 11-уми апрели соли 2001, таҳти №13Р-19 ба қайд гирифта шудааст.
         Фаъолияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқарраргардида (Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон») ба роҳ монда шуда, айни замон дар доираи Замимаи Иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №362 дода шудааст, мутахассисон дар зинаи бакалавриат аз рӯйи 54 ихтисос, магистратура 15 ихтисос ва доктор PhD 8 ихтисос омода карда мешаванд.
         Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (собиқ ДСХ) дорои Литсензияи оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ (силсилаи Т-ИФ №0001265 аз 30. 06. 2021) ва Шаҳодатнома дар бораи аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштан (силсилаи Т-АД №0000001 аз 28. 09. 2020) буда, узви Академияи илмҳои байналмиллалии макотиби олӣ, шабакаи маълумоти Осиёи Марказӣ - «Ednet», «Ассотсиатсияи байналмиллалии донишгоҳҳо - «TARENA» мебошад.
         Донишкада дар тўли 30 соли мавҷудияти хеш дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгў ба тала-боти бозори меҳнат саҳми арзандаи худро гузоштааст.
         Айни замон Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дорои 2 филиал дар вилоятҳои Суғду Хатлон, 6 факултет ва 16 кафедраи таълимӣ буда, дар он ҳайати баландпояи устодону олимони соҳибтаҷриба, аз қабили докторони илм, профессорон ва номзадони илм, дотсентон меҳнати пурсамар доранд. Ҳамзамон, Донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ (аз соли 1998 инҷониб) буда, ҳамасола беш аз 95 фоизи хатмкардагони он шомили донишгоҳу донишкадаҳои олӣ мегарданд.
        Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мутахасси-сонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ, меҳмон-дорӣ, соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти гум-рукӣ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз, баҳи-собгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодиёти рақамӣ тайёр намуда, ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёр-соҳаи пешбар табдил ёфтааст.
         Хусусан, дар солҳои охир, Донишкада дар самти фаъо-лияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, таҳкими роби-таҳои хориҷӣ ва бунёдкорию созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
         Хушбахтона, айни замон заминаи моддӣ-техникии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои баландошёнаи таълимии замонавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили ҷашни бошукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкада, ташкил гардидани 12 лабораторияи компютерӣ бо беш аз 700 компютери пайваст ба шабакаи Интернет, 2 китобхонаи илмӣ-электронӣ, толори хониш барои беш аз 200 нафар, 2 толори маҷлис бо ғунҷоиши ҳудуди 1000 нафар дар як вақт, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 2 ошхона, Парки технологию инноватсионӣ имкониятҳои боз ҳам фарохтарро дар раванди омодасозии кадрҳои баландихтисос муҳайё намудааст.
         Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар самти сиёсати кадрӣ ва тайёр кардани кормандони илмӣ-педагогӣ барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ нақши арзишманд дорад. Хусусан, агар ба таърихи 30-солаи Донишкада назар афканем, баръало нишондиҳандаҳо собитгари онанд, ки дар зарфи 30 сол беш аз 80 нафар ҷавонон шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишкадаро хатм намуда, рисолаҳои илмии хешро дифоъ кардаанд. Хурсандиовар он аст, ки имрўз беш аз 40 фоизи устодони Донишкада маҳз дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат мебошанд.
         Бо мақсади беҳтар намудани самаранокии робитаҳои берунӣ ва густариши ҳамкориҳо, донишкада бо бештар аз 80 ташкилоту созмон, муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣшартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, фаъолияти гуногунҷанбаи соҳаро дар самтҳои гуногун ба роҳ мондааст.
         Донишкада ҷиҳати ҷалб намудани донишҷўён барои таҳсил дар таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар бо Донишгоҳи давлатии технология ва идораи ш. Маскав, Донишкадаи дав-латии техникаи электронии ш. Маскав, Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Урал, Донишгоҳи давлатии туризм ва сер-виси Федератсияи Россия, донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Дониш-гоҳи миллии техникии шаҳри Лутски Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи Бредаи Нидерланд, Донишгоҳи Портои Порту-галия, сафоратҳои ИМА, Ҷопон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Ис-ломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе, таш-килоти DAAD, Барномаи ИА Темпус ва тавассути Барномаи ИА Темпус бо бештар аз 30 донишгоҳу донишкадаи Аврупо, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Озарбойҷон ва ғайра ҳамкориҳои судманд ва самараоварро ба роҳ мондааст.
         Гарчанде, Донишкада дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давра ба давра бобати таҳкими пояҳои устувори хеш дар фазои маорифи кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам овард, соли 2021 дар хотираи устодону кормандон ва донишҷўёну хонандагони ин таълимгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Зеро, дастовардҳои соли 2021 дар таърихи мавҷудияти Донишкада бесобиқаанд. Ба андешаи устоди собиқадори Донишкада, донандаи сатҳи байналмилалии забони англисӣ Нормат Ҳайбатов «Натиҷаҳои бадастомада гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки соли 2021 дар таърихи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ҳамчун соли гардиши бузург, пурбаракат, таърихӣ ва соли раҳнамоӣ натиҷаҳои боз ҳам беҳтару хубтари оянда сабт хоҳад шуд».
         Дар ин ҷо мехоҳем аз дастовардҳои ин соли бобарор, ки ҳама самараи соҳибистиқлолии кишвари азиз Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар раванди давлатсозӣ мебошад, ёдовар шавем:
• мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои баландошёнаи таълимӣ;
• таъсиси филиалҳои Донишкада дар вилоятҳои Суғду Хатлон;
• таъсиси Институти илми таҳқиқотӣ дар назди Донишкада;
• шомили 10-гонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гардидани ДССХ;
• ташкил гардидани 2 гурўҳи таҳсил бо забони англисӣ дар зинаи бакалавриат ва 1 гурўҳ дар зинаи магистратура;
• ба 7557 адад расонидани шумораи ҷойҳои нишаст;
• бори нахуст байни МТОК-и ҶТ дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардидани Озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Раёсати ДССХ»;
• ба имзо расидани шартномаи нави ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY));
• таъсиси факултети муштараки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия;
• таъсиси факултети нави технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент;
• аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 3 ихтисоси Донишкада ва сазовор гардидан ба Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ;
• иштирок дар таҳияи Лоиҳаи «Кластери технологияҳои молиявӣ» (Украина);
• таҳияи лоиҳаи муштарак бо Донишгоҳи техникии Деггендорф (Олмон);
• бунёди толори фарҳангӣ бо беш аз 700 ҷойи нишаст;
• оғози сохтмони бинои 7 ошёнаи таълимии филиали Донишкада дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон.

Истинодҳои муфид