DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ШЎРОИ ОЛИМОН

      Шўрои олимон - ҳамчун мақоми олии идоракунии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат маҳсуб меёбад. Шўрои олимони Донишкадаро бевосита ректори донишкада роҳбарӣ менамояд.
      Шўрои олимони донишкада натиҷаҳои фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсия медиҳад. Дар Шўрои олимон тибқи нақша ҳисоботи фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва байналмилаливу хоҷагидорӣ аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ шунида мешавад.
      Инчунин, Шўрои мазкур масъалаи таъсис намудан ва бастани факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва номгузории онҳоро чун қоида бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди донишкада истодаро дар маҷмўъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд. Номзадҳоро барои дарёфти идрорҳои мухталиф аз ҷумлаи донишҷўёни аълохони донишкада ва таҳқиқотчиён тавсия менамояд. Барои гузаронидани чорабиниҳои дар боло зикргардида захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро тасдиқ мекунад.
      Асосан вазифаҳои Шўрои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз инҳо иборатанд:
      - муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерўи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони донишкада;
      - дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис-тон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
      - мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омўзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷўён;
      - назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.
      Шўрои олимони донишкада айни замон 25 нафар аъзо дорад.
     

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат