DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ШУЪБАИ УМУМӢ ВА НАЗОРАТ

Исматуллоева Сайрам мудири шуъбаи умумӣ ва назорат
     Шуъбаи умумӣ ва назорат зерсохтори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада буда, фаъолияти хешро дар асоси Оинномаи донишкада ба роҳ мондааст.
     Шуъбаи умумӣ ва назорати донишкада дар фаъолияти хеш Низомномаи намунавӣ оид ба муасисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамали намунавии коргузорӣ ва оид ба ҳуҷҷатгузорӣ (Қарори Ҳу-кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, № 358), Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», роҳбарияти донишкада ва дигар санадҳои меъёрию хуқуқии амаликунандаи коргузориро ба роҳбарӣ мегирад. Вазифаҳои асосии шуъбаи умумӣ ва назорат ин аз ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо, аризаҳо ва дигар маводҳои муросилотӣ буда, такмил додани коргузорӣ дар донишкада мебошад. Ҳамзамон, шуъбаи умумӣ ва назорат иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои ташкилотҳои болоӣ, ректори донишкада ва аризаю пешниҳодҳои корман-дон, донишҷўён ва шаҳрвандонро назорат намуда, иҷрои ҳуҷҷатҳоро талаб менамояд. Тибқи тартиби муқаррарна-мудаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ намудани муроҷиат-ҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба роҳ мемонад. Аз сохтор-ҳои таркибии донишкада оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо пешниҳоду аризаҳои шаҳрвандон ҳисобот талаб менамояд.
     Ба роҳбарияти донишкада оид ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатҳои воридшуда ҳар ҳафта маълумот пешниҳод менамояд.

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат