DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ШУЪБАИ ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ


     Шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2016, ки таҳти №66 тасдиқ гардидааст, пеш мебарад. Айни замон дар шуъба 335 нафар магистрант ва 45 докторант аз рўйи ихтисоси Phd таҳсил менамоянд. Сардории шуъбаро олими ҷавон, номзади илмҳои иқтисоди Ҷамшед Раҳимов бар зимма дорад.
     Дар Донишкада масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир роҳбарияти донишкада кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки устодони ҷавонро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намуда, шумораи устодони дорои дараҷа ва унвони илмиро аз ҳисоби устодони ҷавон зиёд намояд. Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ба ҳисоб меравад.
     Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат маркази инноватсионӣ дар инкишофи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб ёфта, ташаккул ва инкишофи рақобатпазирии шахсиятро дар заминаи арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, дастовардҳои илм ва амалия таъмин менамояд. Айни замон Донишкада магистрантҳоро аз рўйи 15 ихтисос омода менамояд.
     Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда,мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифм Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад.
     Магистратура
     Айни замон Донишкада магистрантҳоро аз руйи 15 ихтисос омода менамояд.
     1-250103.00 - Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
     1-250108.00 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
     1- 260101.00 - Идораи давлатӣ
     1 - 250104.00 - Молия ва қарз
     1 - 250104.02 - Кори бонкӣ
     1- 960101.02 - Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ
     1-400102.02 - Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)
     1-250107.17 - Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ
     1-250104.03 - Андоз ва андозбандӣ
     1-250104.10 - Менељменти молиявӣ
     1-260101.01- Идораи мақомоти маҳаллӣ
     1-260202.10 - Менељмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ
     1-260202.00 – Менељмент
     1-260203.00 – Маркетинг
     1-250107.11 - Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи саноатӣ
     Донишкада ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии зинаи магистратура дорои потенсиали кофии моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва шароитҳои мусоиди таълим мебошад. Дарсҳои зинаи магистратура дар басти дуюми рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе гузаронда мешаванд. Маблағи таҳсили солона дар зинаи магистратура 3710 сомониро ташкил медиҳад. ДОКТОРАНТУРА АЗ РУЙИ ИХТИСОС (PhD)
     Таҳсил дар зинаи докторантура “Низомномаи докторантура аз рўйи ихтисос (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 феврали соли 2017 №93), аз рўйи барномаҳои таълимии докторантура аз рўйи ихтисос дар доираи ихтисосҳои илмӣ дар шакли рўзона амалӣ карда мешавад
     Ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар шакли таҳсили рўзона қабул карда мешаванд:
     - шахсоне, ки дараҷаи академии «магистр» доранд;
     -шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» доранд баъди таҳсил дар магистратура ва хатми бомуваффақияти он тибқи тартиби муқарраргардида.
     Айни замон Донишкада докторантҳоро аз руйи 8 ихтисос омода менамояд.
     Нақшаи қабули докторантон аз рӯи ихтисос (PhD)-и МДТ “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”
    

 

Рамзи ихтисосҳо

 

Номгуйи ихтисосҳо

Тибқи иҷозатнома, нафар

Буҷавӣ

Шартномавӣ

тоҷикӣ

русӣ

тоҷикӣ

русӣ

6D050800

Баҳисобгирӣ ва аудит

10

2

 

8

 

6D050600

Иқтисодиёт

10

2

 

8

 

6D051000

Идоракунии давлатӣ ва  маҳаллӣ

10

2

 

8

 

6D052000

Бизнес - маъмуриятчигӣ

10

2

 

8

 

6D090200

Туризм

10

2

 

8

 

6D091200

Тарабхонадорӣ ва соҳибкории меҳмонхона

10

2

 

8

 

6D050700

Менеҷмент

10

2

 

8

 

6D052000

Мудирияти соҳибкорӣ

10

2

 

8

 

ҷамъ

8 ихтисос

80

16

 

64

 

Дар давраи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва қабул ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос аз 1 июл то 31 август дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат комиссияҳои қабул, комиссияҳои имтиҳонӣ аз рўи ихтисос (фаннӣ) ва комиссияҳои апелятсионӣ таъсис дода мешавад.
     Номгўи ҳуҷҷатҳо, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рўи ихтисос пешниҳод мешаванд:
     -ариза ба номи ректор;
     -нусхаи шиноснома;
     -анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
     -нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
     -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
     -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
     -сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра); -мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
     -рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
     -тасдиқномаи тиббӣ шакли 038;
     -6 расми андозаи 3х4.
     Дарсҳои зинаи магистратура дар басти дуюми рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе гузаронда мешаванд. Маблағи таҳсили солона дар зинаи докторантура аз руйи ихтисос (PhD) 3950 сомониро ташкил медиҳад.
     Суроғаи мо: ш.Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5 (рубарӯи чойхонаи “Истаравшан”). Телефонҳо барои тамос: (+992) 234-88-00, 234-88-02.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат