DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ХОҶАЕВА ЗАРИНА
сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа


    Шуъбаи тарбияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз солҳои таъсисёбии донишкада фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва аз моҳи апрели соли 2021 дар ин замина раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқу-қии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Ойинномаи донишкада, фармоишу супоришҳои ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳиб-корӣ ва хизмат ва низомномаи раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа ба роҳ мондааст.
     Раёсати ташкилӣ-тарбиявии донишкада дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои донишкадавӣ доир ба масъалаҳои муҳиму мубрами замони муосир, зиндагиву рўзгори ҷавонон, илму фарҳанг, ахлоқу маънавият дар ҷомеа ва рушди сайёҳӣ конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои омўзишӣ, вебинарҳо, нишастҳои озоди илмию машваратӣ, озмунҳо, намоишҳои фарҳангӣ ва маҳ-филҳои гуногуни илмию зеҳнӣ баргузор менамояд.
     Ҳадафи чунин чорабиниҳову тадбирҳо дар замири шо-гирдон парваридани меҳри Ватан ва ҳифзи марзу буми он, ростқавлӣ, меҳнатдўстӣ, садоқат ва рафоқат ва маъсулият-шиносист.
     Тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳанг, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон, тарбияи маънавию ахлоқии онҳо, арҷгузоштан ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва такмилу тавсеаи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон аз самтҳои муҳимму афзалиятноки фаъолияти раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа ба шумор меравад.
     Дар раванди машғулиятҳои тарбиявӣ, раёсати ташкилӣ-тар-биявӣ ва робита бо ҷомеа такя ва таваҷҷўҳ ба мероси фарҳангии ниёгон, пос доштани арзишҳои миллӣ, санаҳои таърихию сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ ба мисли Сада, Наврўзи байналмилалӣ ва Меҳр-гон саъю кўшиш ба харҷ дода, ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандону донишҷўёнро ба он ҷалб менамояд.
     Яке аз самтҳои фаъолияти раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа баланд бардоштани маънавиёт ва ҷаҳонбинии донишҷўён дар ҳамкории муштарак бо намояндагони васоити ахбори умум ва бо ҷалб намудани донишҷўён ба барномаҳои ахлоқию тарбиявӣ ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мебошад. Донишҷўёни донишкада бо барномаҳои телевизионии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии телеви-зиони Сафина, барномаҳои гуногуни телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» ва ҳамзамон барномаҳои радиоӣ ҳамкории зич доранд. Ба таври пайваста муҳаққиқону коршиносон ва олимони соҳавии донишкада дар барномаҳои телевизионӣ ширкат намуда, андешаронӣ мекунанд.
    
Дар донишкада бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо волидон дар тарбияи донишҷуён низ корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар донишкада ва ҳамаи факултетҳо Шўрои волидайн таъсис дода шудааст, ки тибқи нақша-чорабиниҳо дар ин самт вохўрии волидайни донишҷўён бо ҳайати устодону кормандон гузаронида шуда истодааст. Дар вохўриҳо аксаран волидайн ва наздикони донишҷўён ширкат варзида, аз сифати таълим, ҳаёту фаъолият ва одобу ахлоқи фарзандони худ дар ҷараёни таҳсил ва ҳамзамон шароити зиндагии донишҷўён дар хобгоҳҳо аз наздик шинос гардиданд.
     Илова бар ин, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссия таъсис дода шуда, ба таври пай-васта дар байни ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону кормандон ва донишҷўён корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
     Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа, Шўрои ҷамъиятии сарпарастон (курраторон) ва дар сатҳи факултету созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва шўроҳои кор бо занон ва духтарон амал менамоянд, ки дар рушду тавсеаи босамари корҳои тарбиявию ахлоқӣ, таълимию илмӣ ва фарҳангӣ, пурзўр намудани фаъолияти сарпарастони гурўҳҳои академӣ, омўзго-рону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷўён саҳми арзанда мегузо-ранд.
     Аз моҳи феврали соли 2021 вазифаи сардори Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи донишкадаро Хоҷаева Заррина Салимовна бар уҳда дорад. Дар сохтори Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа шуъбаю бахшҳои зерин мавҷуд аст:
     -Шуъбаи кор бо ҷавонон;
     -Шуъбаи фарҳанг;
     -Бахши тиббӣ;
     -Бахши хобгоҳ;
     -Шўрои кор бо занон ва духтарон.

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат