DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

     Раёсати илм ва инноватсия яке аз сохторҳои асосии қисми илм ва инноватсияи Донишкада буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти инноватсионии устодону омўзгорон ва донишҷўёнро ба роҳ мемонад.
     Дар солҳои аввали ташкилёбии Донишкада фаъолияти самти мазкур дар шакли бахши алоҳида, баъдтар шуъба ташкил гардида, аз соли 2020 инҷониб ба раёсати илм ва инноватсия табдил ёфтааст.
     Қобили қайд аст, ки қариб ҳамаи устодони Донишкада ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд ва аз рўйи 5 самт ва 16 равия кори таҳқиқотӣ мебаранд. Аз рўйи нақшаи дурнамо ва ҳарсолаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ самти фаъолияти мазкур сурат гирифта, ҳамасола дар фарҷоми соли мелодӣ нахуст дар кафедраҳо ва баъдан дар факултетҳо ҷамъбаст гардида, дар Шўрои олимони Донишкада мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегирад.
     Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти раёсати илм ва инноват-сия дар ҳамкорӣ бо факултет, кафедраҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ба монанди озмунҳо, фарумҳо, ҳамоишҳои илмӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ-назариявӣ мебошад. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2021 бори аввал аз ҷониби Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар донишкада дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ беш аз 80 нафар донишҷўён барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДССХ» бо ҳам сабқат намуданд.
     Ҳамзамон, нашри монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмӣ ва амсоли инҳо самти дигари фаъолияти илмӣ-инноватсионии устодони Донишкада мебошад.
     Умуман, устодони донишкада дар давоми фаъолияти меҳнатӣ ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардидаанд, ки барои мисол натиҷаи дастовардҳои 5-солаи охирро овардан ҷоиз мешуморем: Бо мақсади ҳавасмандии устодони донишкада ба таҳқиқоти илмӣ, ҳамасола бо пешниҳоди раёсати илм ва инноватсия аз ҷониби раёсати донишкада озмуни донишкадавии «Муҳаққиқи сол» гузаронида мешавад, ки ғолиби озмун бо «Диплом» ва маблағи пулӣ ҳавасманд карда мешавад.


    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат