DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


МАЪЛУМОТ ОИД БА ҚИСМИ ТАЪЛИМ


     Аз соле, ки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (собиқ ДСХ) таъсис ёфт, соли хониши 1991-1992, аввалин шуъба дар донишкада, шуъбаи таълим буд ва ба шуъбаи номбурда ноиби ректор, дотсент Бароталӣ Муродов роҳбарӣ менамуд. Баъдан бо гузашти айём, моҳи феврали соли 1993, шуъбаи илм таъсис дода шуд ва сарвари он профессор Ғафурҷон Ҷўрабоев таъйин гардид. Шуъбаи таълим ва илми донишкада аввалин маротиба конференсияи илмӣ-назаривиро бахшида ба муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
     Аз ҳамон сол cap карда, баргузории чорабиниҳои илмӣ, махсусан конференсияҳо ҳамчун анъана дар сатҳи баланд баргузор карда мешаванд.
     Аз замони таъсис то ба имрўз дар қисми таълими Донишкада корҳои зиёди самаранок ба анҷом расидааст.


     Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб ёфта, таҳти роҳнамоии муовини ректор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абувоҳидович фаъолияти хешро дар самти банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим, таҳлили натиҷаи сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонотӣ ва ғайраҳо дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои донишкадаро мувофиқа месозад.
     Қисми таълим раёсат ва сохторҳои зеринро дар бар мегирад:
     -Раёсати таълим;
     -Бахши идоракунии сифати таҳсилот;
     -Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ;
     -Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона;
     - Шуъбаи тайёрӣ;
     -Бахши таҷрибаомўзӣ ва пайгирии хатмкунандагон;
     -Бахши омор.
     Мавриди зикр аст, ки айни замон дар 16 кафедраи Донишкада 233 нафар омўзгорон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб шудаанд, ки зиёда аз 40%-и онҳо дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд.
     Дар назди қисми таълим Шўрои илмӣ-методӣ дар ҳайати муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ (раис), сардорони раёсатҳои таълим, илм ва инноватсия, котиби Шўрои илмӣ-методӣ, раисони Шўрои илмӣ-методии факултетҳо ва омўзгорони соҳибтаҷриба амал мекунад. Фаъолияти Шўрои илмӣ-методӣ ҷиҳати татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оинномаи Донишкада, қарори Шўрои олимон ва фармону дастурҳои ректори Донишкада ва ҷиҳати тадриҷан беҳтар кардани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омўзгорон, ҷустуҷўйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таълим ба роҳ монда мешавад.
     Самтҳои фаъолияти Шўрои илмӣ-методии Донишкада инҳоянд:
     -ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омўзгорони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии Донишкада дар самти таҳияю такмили лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ;
     -таъмини таҳияҳои илмию методӣ ҷиҳати татбиқи технологияи инно-ватсионӣ дар раванди таълим;
     -таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷўён, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба мониторинг ва назорати сифати таълим;
     -таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омўзгорони факултетҳо, кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омўзгорони алоҳида ҷиҳати бозсозии раванди таълим ва татбиқи таҳияҳои илмӣ дар ҷараёни таълим;
     -баргузор кардани конференсияҳо, семинарҳои илмӣ-методӣ;
     -таҳлили таъмин будани донишҷўёну омўзгорон бо адабиёти илмӣ-методӣ;
     -омўзиши масъалаҳои психологию педагогии маҳорати касбии омўзгорон, таҳияи тавсияҳо вобаста ба нақшагирии сарбории таълимии ҳайати профессорону омўзгорон;
     -таъмини таҳия, нашр ва низоми мувофиқи паҳнкунии маводи тавсиявии илмӣ-методӣ;
     -омодасозии мавод оид ба масъалаҳои мубрами илмию методӣ барои баррасӣ ба Шўрои олимон ва Маркази таълимӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
     Дар назди қисми таълим, инчунин Комиссияи экспертии интиқолу барқарор амал менамояд, ки фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада ба роҳ мондааст.
     Ҷараёни таълим дар донишкада тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сурат мегирад. Танҳо дар оғози соли таҳсили 2020-2021 дар донишкада ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълимӣ барои 54 барномаи таълимӣ таҳия карда шуданд, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат менамоянд.
     Айни замон дар зертобеи қисми таълим, раёсати таълим, бахши идоракунии сифати таҳсилот, маркази бақайдгирӣ ва тестӣ, бахши таҷрибаомўзӣ, бахши омор, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона ва шуъбаи тайёрӣ тобеъ мебошанд.


     Ҳар кадоме аз сохторҳои зикршуда дар ташкил ва идора кардани раванди таълим, фаъолияти таълимию методии Донишкада, баҳри татбиқи барномаву нақшаҳои таълимӣ, ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисос, мукаммал ва мураттаб намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии методии таълим нақши муассир мегузоранд.
     Зарур аст қайд намоем, ки заминаи моддию техникии Донишкада имконияти ҳаматарафа омода намудани мутахассисони соҳибкасбро доро буда, раёсати Донишкада баҳри боз ҳам фароҳам сохтани шароити муосири таълимӣ тамоми чораҳоро амалӣ менамояд.
     Имрўз дар донишкада симоҳои шинохта, олимони намоён фаъолият доранду ба шогирдон баҳри азхуд намудани паҳлўҳои мухталифи ихтисоси интихобнамудаашон кўмаки амалӣ мерасонанд. Аз ҷумлаи онҳо профессорон Ғ. Ҷўрабоев, С. Ҷононов, Н. Ҳотамов, М. Исматӣ, Қ. Хоҷаев, У. Асрорзода, А. Мирзоев, Х. Кабиров, Г. Рустамова, дотсентон М. Раҳимов, И. Хоркашов, Ф. Ҷабборов, Б. Ҷабборов, Ф. Қодиров, А. Бобоев, Н. Ҳайбатов, Б. Каримов, А. Исмоилов, Б. Ҷумъаев, Ҷ. Раҳимов ва дигарон мебошанд.
     Дар ташаккулёбӣ ва пешрафти таълиму тарбия дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат як қатор олимони номвари тоҷик, ки имрўз дар ҳаёт нестанд (рўҳашон шод бод!), саҳми босазои хешро гузоштаанд. Меарзад эшонро бо некӣ ёд намоем. Академик Ҳабибулло Саидмуродов, - узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Саъдулло Исловов, - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессорон Мирзоев Рустам, Нозирҷон Арабзода, Нуриддин Салимов, Исмоил Давлатов, Ғуломҷон Зарифов, дотсентон Бахтиёр Шокиров, Тухта Қазоқбоев, 3икриё Бердиев, Дилшод Шаропов, Набиҷон Исматӣ, Бароталӣ Муродов ва дигарон.
    
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат