ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




ҚИСМИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

     Ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар тўли 30 соли фаъолияти худ дар радифи таълиму тарбияи ҷавонон дастовардҳои назарраси илмӣ-таҳқиқотӣ низ ба даст овардаанд. Зеро илму амал бо ҳам тавъам мебошанд. Набояд устод танҳо дарсгў ва ё тарбиятгар бошад. Ў бояд пайваста дар пажўҳиши илм қарор дошта, фанну ихтисоси хешро ҳамеша такмил диҳад.
     Ҳамзамон устодро мебояд, омўзанда ва ташнаву ҳариси илм, фарҳангдўст, огаҳ аз дастовардҳо ва арзиши миллӣ бошад, Ватани худро дўст дорад, шогирдонро дар ҳамин рўҳия омода намояд. Монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, васоити айёнӣ таълиф намуда, машғулиятҳои хешро пурмазмун ва самаранок гузаронад.
     Сатҳу дараҷаи илмии устодони донишгоҳ хушбахтона аз ҳисоби кашфиёту таҳқиқотҳои илмӣ тадриҷан сол то сол меафзоянд.

     Ҳайати профессорӣ-омўзгории донишгоҳ тўли 30 сол ба таҳқиқоти проблемаҳои рушди соҳибкорӣ, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва соҳаи инноватсионии иқтисодиёти мамлакат машғул мебошанд. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо фаъолияти таълимии донишгоҳ хеле зич алоқаманд буда, вобаста ба талаботи замон ва бозори хизматрасониҳои зеҳнӣ, ҳамчунин бо таъсиси ихтисосҳои нав дар донишгоҳ мунтазам тасҳеҳ карда мешаванд.

     Соли 2007 дар вазифаи проректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ доктори илмҳои физикаю математика, профессор Файзалӣ Комилов фаъолият намудаанд.
     Қисми илм ва робитаҳои байналмилалӣ аз моҳи феврали соли 2008 то моҳи марти соли 2012 аз шуъбаи илм ва инноватсия, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Маркази иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Маркази рушди туризм ва ва меҳмонпазироӣ, Шуъбаи аспирантура, Китобхонаи илмӣ иборат буд ва ба фаъолияти он проректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор Аҳмадов Саид роҳбарӣ менамуд.
     Аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи сентябри соли 2013 ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Самариддин Низомов фаъолият намудаанд.
     Аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи сентябри соли 2015 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирзохонов Сироҷиддин фаъолият намудааст.
     Аз моҳи сентябри соли 2015 то моҳи октябри 2016 ин вазифаро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирзоев Абдулазиз адо намудааст.
     Солҳои 2017-2018 Саидов Саидмаҳмуд ба ҳайси муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ фаъолият намудааст.
     Вазифаи муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷиро аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли 2019 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоркашов Исломбек бар дӯш дошт. Бо назардошти тағйироти сохтории собиқ донишкада қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ соли 2019 ба қисми илм ва инноватсия ва қисми робитаҳои хориҷӣ ҷудо карда шуд. Аз моҳи сентябри соли 2019 то ҳол қисми илм ва инноватсияи донишгоҳро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоркашов Исломбек Сангакович роҳбарӣ менамояд.

   Хушбахтона бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, №17 ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” мақоми байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд
     Қисми илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳро оид ба иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, методӣ, амалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, баландбардории дараҷаи тахассуси устодон, ҷалби донишҷўёну магистрантон ба намудҳои гуно-гуни фаъолияти эҷодӣ ва инноватсиониро ба роҳ мемонад ва назорат мебарад. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии усто-дон мунтазам дар раванди таълим, дар донишкада татбиқ гардида, барои таҷдиди маводҳои лексионӣ, омодасозии монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва таълимӣ-методӣ истифода мегарданд.
     Ба қисми илм ва инноватсия сохторҳои зерин тобеъ мебошанд:
     -Раёсати илм ва инноватсия;
     -Шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
     -Китобхонаи илмӣ-электронӣ;
     -Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон;
     -Шўрои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
     -Парки инноватсионию технологӣ;
     -Нашрияҳои илмӣ.
     Вазифаи асосии раёсати илм ва инноватсия ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону донишҷўён ва магистрантон, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва беҳдошти фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Дар мавриди ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини сатҳи баланди илмӣ ва амалии онҳо, тамоюли инноватсионӣ, истифодаи пурраи натиҷаҳои бадастомада дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, дар раванди таълим, ҷалби бештари устодон, донишҷўён ва магистрантон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии воқеӣ нигаронида шудааст.
     Омода намудани мутахассисони дараҷаи илмидошта яке аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ маҳсуб меёбад. Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ маҳз бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи банақшагирӣ, ташкили ҳамгироии таълиму таҳқиқот дар магистратура ва докторантура, танзими равандҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии магистрантон ва докторантон созмон дода шудааст. Фаъолияти шуъбаи мазкур дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, роҳбарият, шўрои илмӣ-методӣ, раёсати илм ва инноватсия, комиссияи аттестатсионии Донишгоҳ ҳангоми аз назар гузаронидани фаъолияти ҳар як устод ба самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва методии онҳо, мавзўи рисолаҳои илмӣ, муҳлату ҳолати иҷрои онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пайваста таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд.
     Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳ қисми ҷудонашавандаи иттилоотии сохтори донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дорои фонди бисёрсоҳаи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷӣ буда, онҳоро пешкаши хонандагон гардонида, нигоҳдориашонро барои насли оянда таъмин менамояд. Китобхонаи илмии донишгоҳ аз 2 қироатхонаи дорои беш аз 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Ҳамзамон 2 толори муҷаҳҳаз бо компютерҳои замонавӣ ва пайваст бо шабакаи ҷаҳонии Интернет бо дарбаргирии беш аз 400 000 китобҳои электронӣ дар хизмати устодону донишҷўён қарор дорад. Фонди китобхонаи илмии Донишгоҳ бошад то имрўз ба беш аз 40 000 нусха китоб расонида шудааст.
     Ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнии кормандон ва муҳассилини Донишгоҳ бо қарори Шўрои олимони собиқ донишкада аз 28-уми ноябри соли 2013 дар заминаи бинои таълимии №2 Парки инноватсионию технологӣ дар асоси худмаблағгузорӣ ташкил карда шудааст. Дар назди Парки технологӣ сехи кулолгарӣ ва заргарӣ, нуқтаи барномасозӣ ва тармимгарии компютерҳои инфродӣ ва дигар технологияҳои нави иттилоотӣ ва чопӣ, курсҳои омўзишии 1С: Бухгалтерия ва забонҳо фаъолият менамояд.
     Айни замон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии таълимгоҳ дар асоси «Нақшаи стратегии рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда шудааст.
     Қайд намудан бамаврид аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тўли 30 соли мавҷудияти хеш ба яке аз муассисаҳои номдори таҳсилоти олии касбии кишвар дар тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст. Дар қатори муваффақияти самтҳои таълиму тарбия, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони илмӣ-педагогии донишкада маҳсуб меёбад. Маҳз, натиҷаи босамари корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандони илмӣ-педагогии Донишгоҳ буд, ки соли 2021 Донишгоҳ шомили 10-гонаи муассисаи беҳтарини таҳсилоти олии касбӣ дар миқёси ҷумҳурӣ шинохта шуд.
     Муҳимтарин паҳлўи фаъолияти устодони донишгоҳ дар баробари таълиму тарбияи шогирдони хубу шоиста, таълифи асарҳоест, ки бо даъвати айём ва рўҳи замон офарида шудаанд. Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби олимони донишгоҳ 26 номгўи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ (бо тавсияи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), 14 номгўи китобҳои дарсӣ (роҳнамо) барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 89 монографияи илмӣ, 57 васоити таълимӣ, 125 дастурҳои таълимӣ-методӣ, 2717 мақолаи илмӣ (аз ҷумла 265 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда) ба нашр расонида шудааст.
     Таҳти роҳбарии илмии профессорони донишгоҳ даҳҳо муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намудаанд ва даҳҳо унвонҷўён соҳиби маслиҳату тақризҳои илмӣ ва дараҷаи илмии номзадӣ, доктор аз рўи ихтисос (PhD) ва докторони муқаррарӣгардидаанд.
     Зикр кардан зарур аст, ки маҳсули меҳнати олимони донишгоҳ саҳми арзандаест дар рушди илми ватани соҳиб-истиқлоламон – Тоҷикистон, ки бахшида мешаванд ба ҷашнҳои фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат