DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ҚИСМИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ


     Қисми робитаҳои хориҷӣ яке аз сохторҳои таркибии донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти густариши равобити хориҷӣ, дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои тахсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (собиқ ДСХ) ба роҳ мондааст.
     Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ танзим ва назорати равобити хориҷии донишкадаро амалӣ сохта, баҳри вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ва истифодаи самараноки онҳо дар рушди касбияти мутахассисон, таҳияи лоиҳаҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби лоиҳа (грант)-ҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ месозад. Бахши робитаҳои хориҷии донишкада аз шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва ҷалби грантҳо иборат аст.
     Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар сохтори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз соли 2002 инҷониб фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти бахш ба мақсадҳои зерин равона карда шудааст. Баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон ва ассистентон, коромўзию коркарди якҷояи таҳқиқотӣ, дар арсаи байналхалқӣ, баланд бардоштани сифати таълими забони хориҷӣ; русӣ, англисӣ ва ташкил намудани вохўриҳои донишҷўёну устодони донишкада бо олимони хориҷӣ, тайёр намудани иҷозатномаҳои хориҷӣ барои ба хориҷа рафтани донишҷўён ва устодону кормандони донишкада.
     Фаъолияти муносибатҳои берунии Донишкадаи сайёҳӣ соҳибкорӣ ва хизмат дар соҳаи маориф, дар зери сарпарастии шуъбаи корҳои хориҷӣ Вазорати маориф ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани интихоби донишҷўён ва муаллимон барои омўзиш, сафари илмӣ ба кишварҳои хориҷа дар назар гирифта мешавад. Дар донишкада бо иштироки намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ конфоронсҳои байналхалқӣ ташкил намуданд. Доир ба бахши робитаҳои берунии донишкада бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар солҳои 2002-2004 қайд кардан лозим аст, ки онҳо асосан ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва илм бахшида шудаанд.
     Соли 2002 дар озмуни Институти ҷомеаи кушода дар байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, кафедраи назарияи иқтисодии донишкада ғолиб баромада мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда то 30. 06. 2003 дар асоси гранти ҷудошуда, барои кафедра компютер, принтер ва китобҳои нави таълимӣ тақдим гардид. Профессор Ғафурҷон Ҷўрабоев китоби дарсии «Лексияҳо доир ба баъзе муаммаҳои иқтисодиёти байналмилалӣ»-ро бо забони англисӣ ба нашр расонд. Ҳоло аз рўйи ин китоб донишҷўёни донишкада дарс меомўзанд.
     Кумаки дигар аз созмонҳои хориҷӣ дар асоси ҳамкории бахши робитаҳои беруниидонишкада, ба китобхонаи илмии донишкада ҳадя гардидани 147 китоб аз хазинаи «Хазинаи Сорос», 128 китоб аз «Прагма» ва 289 китоб аз китобхонаи миллии ҷумҳурӣ мебошад.
     Моҳи августи соли 2003 профессорони донишгоҳи амрикоии ш. Пурҷа (ИМА) Ҷамолиддин Ҳусейн ва Шам-сиддин Маханӣ ба донишкадаи мо ташриф оварда, дар бораи фаъолияти маркази бизнесии донишгоҳашон ба устодон маълумот доданд.
     Бо таклифи корпоратсияи «Карена» ва «Эднет» про-фессорон Ҳ. Умаров ва Ғ. Ҷўрабоев дар семинари роҳбарони мактабҳои олии Осиёи марказӣ иштирок намуда, дар бораи мубодилаи таълими дистансионии мактабҳои олӣ гуфтушу-нидҳои муфид анҷом доданд. Моҳи майи соли 2003 чунин мубодилаи роҳбарони мактабҳои олӣ ба воситаи видеокон-ференсияҳо шуда гузашт, ки дар он намояндагони Дониш-кадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат иштирок намуданд.
     Дар соли 2002-2003 шабакаи таълимотии «Эднет»-ро доир ба фанҳои иқтисодӣ устодони ҷавони донишкада М. Азимахмедова, М. Умарова, 3. Ҷалолова ва соли 2003-2004 бошад Д. Бобоева, Ҷ. Маҳмудов хатм намуда соҳиби сертификатҳо шуданд. Дар дарсҳои таълимии ташкилоти «Прагма» устодон А. Амонова, М. Азимова, З. Раҳмонов, Р. Сангинова, Д. Хоҷаева иштирок намуда соҳиби сертификат гардиданд.
     Моҳи июни соли 2003 дар донишкада бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ семинари устодони мактабҳои олии пойтахт доир ба усулҳои нави таълимоти забони англисӣ баргузор гардид. Семинари мазкур аз ҷониби Институти ҷомеаи кушода дар ҳамкорӣ бо бахши робитаҳои берунии донишкада гузаронда шуд.
     Моҳи майи соли 2003 ба донишкада намояндагон аз созмони таълимотии Олмон дар Тоҷикистон ДААД В. Бернд даъват карда шуда дар бораи фаъолияти ташкилот маълумот пайдо намуданд. Ҳамкории устодони донишкада барои такмили ихтисоси худ ва омўзиши фанҳои нави таълимӣ ба воситаи барномаҳои шабакаи таълимотии «Эднет», ташкилоти «Прагма» ва Институти ҷомеаи кушода (Хазинаи Сорос) хеле вусъат ёфтааст.
     Моҳи марти соли 2004 бо дастгирии молиявии раёсати донишкада таҷҳизоти зарурӣ дастраст гардида ба воситаи Ассотсиатсияи Тоҷикистонии истифодабарандагони шабакаи компютерии академӣ, таҳқиқотӣ ва таълимии байналмилалии «Тарена» Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайваст шуд. Оянда донишкада ва профессорону устодони он ба воситаи Интернет робитаҳои хешро бо давлатҳои хориҷӣ васеътар ба роҳ мемонанд. Донишкада инчунин, якчанд шартномаи ҳамкориро оид баробитаҳои илмӣ ва таълимӣ бо донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба имзо расонидааст. Чунин шартномаҳо бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Руссия - Тоҷикистон, Донишгоҳи муосири Тоҷикистон-Руссия ва Академияи байналмилалии илмҳои макотиби олӣ соли таҳсили 2003-2004 баста шудаанд. Умедворем дар сохторҳои дигаре донишкада ин робитаҳоро дар кори илмӣ бо манфиат истифода мебаранд.
     Вазифаи аввалиндараҷаи шуъбаи робитаҳои хориҷии донишкада бартараф намудани чунин норасоиҳо дар солҳои оянда мебошад. Барои беҳтар намудани самараи хуби робитаҳои берунии донишкада, пешбинӣ шудааст, ки бо Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда, барои ташкил намудани маркази илмӣ-таълимии соҳибкорони хурд ва миёна грантҳо барои донишкада дастрас намояд.
     Аз имкониятҳои иттилоотии шабакаи Интернет истифода бурда, барои мустаҳкам намудани робитаҳои беруна дар соҳаи таълим, илм ва такмили ихтисоси устодон кўшиш ба харҷ диҳад. Оянда шуъбаи робитаҳои хориҷӣ танҳо бо дастгирӣ ва ташаббуси ҳамаи устодон ва маъмурияти донишкада метавонад дар ин самт ба пешравиҳо комёб гардад.
     Айни замон шуъба аз рўйи чунин самтҳо фаъолият мебарад:
     -ташкил ва густариши ҳамкориҳои судманд бо муас-сисаҳои таҳсилоти олии касбии ва илмии хориҷии кишвар;
     -назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва омўзгорони хориҷӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;
     -барои баррасӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои муҳасси-лини хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тамдид ё таҳияи раводиди таҳсил ва ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба қайдгирӣ;
     -ба роҳ мондани фаъолият бо сафоратхонаҳо, сарраёсати консулӣ, созмонҳо ва хазинаҳои байналмалалӣ дар шаҳри Душанбе;
     -таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати ба даст овардани грантҳои хориҷӣ;
     -расонидани кумаки методӣ, иттилоотӣ ва машваратӣ ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ва иштирок дар барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ аз тарафи омўзгорон ва донишҷўён;
     -таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;
     -таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
     -назорати татбиқи созишномаҳои байнимуассисавӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;
     -ҷустуҷў ва дарёфти лоиҳаҳо ва грантҳо дар соҳаи маориф ва илм мебошад.
     Айни замон Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо бештар аз 80 донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар доираи қарордодҳо ҳамкориҳои густурда ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии шарикиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, инчунин, донишгоҳҳои Федератсияи Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Чин, Озарбойҷон, Португалия, Италия, Испания, Нидерланд, Украина ва ғайраҳо хуб ба роҳ мондааст, ки натиҷабахш мебошанд.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат