DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

Паёми шодбошии ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, доктори илмҳои иқтисодӣ Асрорзода Убайдулло Саттор ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2022



        Ҳамватанони азиз, устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
        Шуморо аз номи худ, раёсат ва Шӯрои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ самимона муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, руҳи болида, иқболи накӯ ва барори кор орзу менамоям.
        Орзуманди онам, ки Соли нави 2022 бо қадамҳои пурбаракаташ ба фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам авҷу барор, нусрату пирӯзӣ, баракатро тақдим кунад, Ватани азизамон аз ин ҳам бештару пештар рушд ёбад.
        Воқеан ҳам, соли сипаришаванда барои ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада таърихӣ, бобарор ва фаромӯшношуданӣ аст. Зеро имсол аз таъсиси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ки ҳамсол ба Истиқлоли кишвар аст, 30 сол пур шуд. Албатта, пешравиҳо дар ин таълимгоҳи олӣ давоми 30 сол зиёданд, вале ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ифтитоҳи биноҳои нави таълимии донишкада муҳимтарин дастовард дар соли 2021 маҳсуб меёбад.
        1-уми сентябри соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд. Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3-ошёна мебошанд, ба истиқболи 30-солагии Истиқлоляти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шуданд. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла, ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.
        Умед дорем, ки минбаъд омӯзгорони донишкада дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ аҳамияти бештар медиҳанд. Ҳоло дар донишкада барои омӯзондани мутахассисони оянда дар соҳаҳои муҳими блоки иқтисодии кишвар беш аз 200 омӯзгори ботаҷриба ва соҳибунвон фаъолият доранд.
        Муваффақияти дигари мо ин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои донишкада дар вилоятҳои Суғду Хатлон, аниқтараш дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант таъсис ёфтанд. Корҳои сохтмонии филиали донишкада дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҳам бо иштироки Пешвои миллат оғоз ёфт. Бинои бунёдшавандаи филиали мазкури донишкада аз 8 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 200 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша он то соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад. Ният дорем, ки дар дигар минтақаҳои сераҳолии Тоҷикистон низ филиалҳои донишкадаро бо тамоми шароити таълимӣ ифтитоҳ намоем.
        Ҳамзамон, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти б а й н а л м и л а л и к у н о н и и таҳсилот дар соли таҳсили 2020-2021 се ихтисоси донишкада - саёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз а к к р е д и т а т с и я и байналмилалӣ гузашта, барномаҳои таълимии ихтисосҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонда шуданд. Аз ибтидои соли таҳсили 2021-2022-ум 4 ихтисоси нав таъсис ёфтанд, ки бо забони англисӣ таълим мегиранд. Дар баробари гурўҳҳои амалкунандаи таҳсилашон бо забони англисӣ дар зинаи бакалавр боз аз рўйи ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ гурўҳи таҳсилаш бо забони англисӣ ташкил карда шуд.
        Хушбатона соли 2021 Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё гардид. Ин имкон медиҳад, ки робитаҳои хориҷии донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёбад. Умуман, раёсати донишкада ба рушди робитаҳои хориҷӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои дохилию хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2021-2022 22 шартномаву созишнома ба имзо расиданд, ки муҳимтарини онҳо шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY)) ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад.
        Дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати ҳавасмандии бештари ҷавонону устодони донишкада ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҳимояи саривақтии рисолаҳои номзадӣ тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада ба андозаи 10 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ 20 000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Соли 2021 ба 8 нафар устодон, ки рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд, ба андозаи 10 000 сомонӣ ба ҳар нафари онҳо тақдим карда шуд
        Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандону донишҷӯёни донишкада кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ пайваста ба ашхоси ниёзманд расонида мешавад. Дар донишкада 10 нафар донишҷӯи ятими кулл пурра аз маблағи таҳсил озод карда шуда, онҳо мунтазам аз кумакҳои моддиву маънавӣ бархӯрдор мегарданд.
        Воқеан, ҳам, агар як назар ба соли сипаришаванда намоем, дар самти ташкили раванди таълим, ки фаъолияти асосии донишкадаро ташкил медиҳад, корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Бо истифода аз усулу технологияҳои нав як қатор чорабиниҳоро амалӣ гардида, ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот дар тамоми факултетҳо корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Дар тамоми факултетҳои донишкада раванди таълим тариқи камераҳо назорат карда мешавад.
        Бо таманниёти орзуҳои нек бори дигар ҳамаи собиқадорон, устодони арҷманд ва донишҷӯёни донишкада, инчунин кулли Ҳамватанони азизамро бо Соли нави мелодии 2022 аз самими қалб табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи нек, файзу баракати зиндагӣ, таҳсили хубу аъло, дастовардҳои нав ба навро орзу менамоям!
                СОЛИ НАВИ 2022 МУБОРАК!

Истинодҳои муфид