DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ПАРКИ ИННОВАТСИОНИЮ ТЕХНОЛОГӢ


     Парки технологӣ-инноватсионии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун воҳиди сохтории Донишкада дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, бо Қарори Шўрои олимони Донишкада аз 23 июни соли 2013 (суратмаҷлиси №12) бо ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст.
     Бо дастгирии роҳбарияти донишкада, бо мақсади таъмини шароити мусоиди корӣ дар Парки технологӣ-инноватсионӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, барои фаъолияти самараноки Парки мазкур синфхонаҳои барҳаво ва таҷҳизотҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки заминаи моддию техникии Парки технологӣ-инноватсионии Донишкада имрўз ба талаботҳои чунин намуди марказҳои таълимӣ ҷавобгў мебошад. Ҳамаи корҳои ба анҷомрасонидаи роҳбарияти донишкада бо мақсади рақобатпазир гардонидани дониш-ҷўёни донишкада дар бозори меҳнат, тайёр кардани мутахас-сисони ба талаботи бозор ҷавобгў, бо сертификат таъмин кар-дани онҳо ва фоида овардан ба буҷети донишкада мебошад.
     Парки технологӣ-инноватсионии донишкада имрўз бо дарбаргирии курсҳои кўтоҳмуддати омўзишӣ аз рўи самтҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дўзандагӣ, қаннодӣ, зар-гарӣ, кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забони чинӣ, курсҳои компютерӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
     Раванди корҳои ташвиқотию таблиғотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба курсҳои омўзишии Парки технологӣ-инноват-сионии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз ҷониби кормандони Парки мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат