DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ШЎРОИ ОЛИМОН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН


     Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинома ва санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, тартиби фаъолияти Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шудааст.
     Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада ба раёсати илм ва инноватсия тобеъ буда, роҳбарии онро номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло бар уҳда дорад.
     Вазифаҳои асосии Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз инҳо иборат аст:
     - фароҳам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии олимон ва муҳаққиқони ҷавон ва кўмак намудан ба рушди касбии онҳо;
     - муттаҳид намудани нерўи олимон ва муҳаққиқони ҷавон барои ҳалли масълаҳои афзалиятноки илмӣ;
     - ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, ки дар онҳо метавонанд тамоми олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишкада ширкат намоянд;
     - кўмак расонидан ба рушди алоқаҳои бевоситаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар ташкил намудани корҳои комплексии илмӣ-таҳқиқотӣ;
     - таҳия ва дастгирӣ намудани таъсиси манбаи иттилоотии умумидонишкадавӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва чорабиниҳое, ки аз ҷониби Донишкада гузаронида мешавад;
     - рушди робитаҳо бо Шўроҳои олимон ва муҳаққиқони ҷавони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои дигари илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ кишвар;
     - ҷустуҷў ва амалисозии шаклҳои муосиру инноватсионии фаъолияти олимон ва муҳаққиқони ҷавон;
     - гузаронидани чорабиниҳо барои ҷалби хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба илм ва мусоидат ба оммависозии илм;
     - иҷрои чорабиниҳои дигар дар самти беҳбуди шароити зист, меҳнат ва ташкили шароиати олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада.
     Ҳайати Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон бо фармоиши ректори Донишкада тасдиқ карда мешавад. Ҷаласаҳои Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон моҳе як маротиба доир гардида, раиси Шўрои мазкур иҷрои мунтазами қарорҳои қабулгардидаро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он дар ҷаласаи Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон гузориш медиҳад.
    
    

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат