Untitled Document
Сана:2022-01-21
боздид:141
КИТОБ ВА ДОНИШ САРЧАШМАИ ИЛМУ МАЪРИФАТ!

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои китобхонаи литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат санаи 21 январи соли 2022 ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Китоб ва дониш сарчашмаи илму маърифат” доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби хонандагон ба мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ, баланд бардоштани завқи онҳо ба китобдориву китобхонӣ ва омода намудани наврасон ба озмунҳои сатҳҳои мухталиф иборат буд.
Ҳамоиши мазкур зери роҳбарии директори китобхонаи литсей Бурҳонова Б. сурат гирифта, мавзуҳои мухталиф ба монанди “Китоб манбаи дониш”, “Усулҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ”, “Усулҳои дурусти мутолиаи китоб” ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, хонандагони фаъол низ рољеъ ба мавзӯҳои болозикр андешаронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниҳои илмиро омили муҳими баланд бардоштани завқи хонандагон ба мутолеаи китоб арзёбӣ карданд. Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки иштироки теъдоди зиёди хонандагон дар ҳамоиши мазкур аз таваљљӯҳи онҳо ба мутолеаи китоб дарак медиҳад.
Дар баробари иштироки фаъоли хонандагон дар баррасии мавзӯҳои болозикр дар қисмати хотимавии чорабинӣ саҳначаҳои тарбиявӣ низ аз љониби хонандагон пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Ҳамзамон, як гуруҳ хонандагон дар васфи китоб ва фуруғи субҳи доноӣ шеърҳо қироъат намуданд.