Untitled Document
Сана:2022-01-06
боздид:144
ҶАҲОНИШАВӢ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО

Зери чунин унвон санаи 8-уми январи соли 2022 дар асоси нақша чорабиниҳои Донишкада бо ташаббуси факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент мизи мудаввар бо иштироки доираи васеи устодони донишкада ва меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Бобоев А.М. - сардори раёсати илм ва инноватсияи донишкада чорабинии илмии мазкурро ифтитоҳ намуда, сипас Алиев Далер - сармутухасиси Раёстаи кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғафорзода Юсуф – мутахасиси пешбари Раёстаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баромад намуданд.
Алиев Далер - сармутухасиси Раёстаи кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш аз суханони Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем». Боварии комил дорам, ки ин таъкиди Сарвари давлат сармашқи кори мо ҷавонон ва тамоми қишри ҷомеа мегардад, зеро иҷрои он қарз ва рисолати инсонии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиëсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун "Дар бораи сиëсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миëни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиëсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунëд, ташаккули ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Мо ҷавонони тоҷик ва соҳибзабони Тоҷикистон бояд ҳамеша кушиш намоем, ки ба қадри Ватани азизу маҳбубамон бирасем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода ба душманони миллат нотавонбинони хориҷӣ имкон фароҳам насозем то ба корҳои нашоиста даст бизананд. Ҳамаи мо бояд дар рушду инкишофи Ватани азизамон аз хурд то бузург саҳмгузор бошем, ки Ватан ин ифтихори миллӣ ва рамзи муҳаббати самимии мо нисбати ҷавонони бофарҳанги тоҷикзабон мебошад, ки аслан ифтихори Ватандорӣ аз зинаҳои аввали оила сарчашма мегирад яъне бунёди оила ва хона яке аз аввалин рукнҳои меҳр ба Ватан доштан аст. Интихоб ва тартибу низом дар оила ва тарбияи фарзандону баркамолу соҳибмаълумот намудани онҳо ҳисси Ватандустӣ ба ҳисоб меравад.
Мудири кафедраи ҷомеашиносии Донинишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат н.и.т., дотсент Ҳаитов Ф.Қ. дар баромади хеш қайд намуд, ки глобализатсия-раванди ҷаҳонишавии олами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиест, ки дар натиҷаи якҷояшавии доираҳои гуногуни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дар ин замина муттамарказ гардидани тамаддунҳо ба миён меояд.
Дар шароити инкишофи босуръати ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз зарарҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Огоҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи фарҳангу адаби миллӣ метавонад ливо ва раҳнамои мо дар замони ҷаҳонигароӣ ба сӯи пирӯзиҳо бошад. Аз ин рӯ, дар ин замина тарбия ва таълими насли ҷавони кишвар, ки дорои донишҳои замонавӣ ва лаёқату малакаи касбӣ бошад, дар назди масъулин ва зиёиён вазифаҳои навро пеш мегузорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ зери таъсири абарқудратҳо, дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишоф бо ҳар гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо буда, масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амният, суботу оромии ҷомеа пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу забон ва тамаддуни пурғановати тоҷик таъсири худро гузошт. Маҳз, бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз пайдо намуд. Дар шароити ҷаҳонишави яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад.
Пас, вазифаи мо аст, ки онҳоро ҳамчунон солиму бегазанд ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ асосан кишварҳое муваффақ мешаванд, ки дар бозори ҷаҳонӣ истеҳсолкунанда иштирок мекунанд ва ҷилави ин раванд низ ба дасти кишварҳое меафтад, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар идомаи мизи мудаввар Ғафорзода Юсуф – мутахасиси пешбари Раёстаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раҳимов С. - сардори бахши кор бо ҷавонони донишкада ва Рабизода Н. - декани факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент баромад намуданд.