ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-01-02боздид:657

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДССХ БО НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз таҳти раёсати ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишкада бо иштироки ҳайати омӯзгорону кормандон баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатӣ масъала "Дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Донишкада дар соли 2021 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2022" мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Қабл аз баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор барои дастовардҳои назарраси таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ дар соли 2021 ба коллективи меҳнатии донишкада изҳори сипос намуд.
Сипас, ректори донишкада роҷеъ ба мӯҳтавои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли ҷорӣ изҳори андеша намуда, иброз доштанд, ки коллективи меҳнатии донишкада дар татбиқи амалии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат пайваста қадамҳои устувор гузошта, бо руҳияи болидаву созанда дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Ҳамин аст, ки имрӯз донишкада дар доираи Нақша-чорабиниҳо вобаста аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат корҳои созандаро роҳандозӣ ва амалӣ намуда истодааст.
Ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор иброз намуданд, ки минбаъд низ моро зарур аст дар ин самт корҳои созандаро анҷом дода, кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тарбия намуда, барои бунёди ҷомеаи навин таҳкурсии боэътимод бунёд намоем. Дар ин робита тамоми нерӯю тавони коллективи меҳнатиро зарур аст, баҳри боз ҳам таҳкими пояҳои устувори Истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат банданд.
Бахусус, ректори донишкада таъкид намуданд, ки сатҳу сифати таҳсилот, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои хориҷӣ ва корҳои хоҷагидорӣ минбаъд низ тақвият дода шуда ба ин васила дар раванди омодасозии мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳиссагузор бошем.
Роҳбари донишкада вобаста ба ин, қисми таълими донишкадаро вазифадор намуданд, ки ба сатҳу сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони касбӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот диққати бештар зоҳир намоянд.
Ҳамзамон, дар самти фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ раёсати илм ва инноватсия вазифадор гардид, ки таҳқиқотҳои бунёдии марбут ба соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, саноат ва хизматрасонӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 иброз намуданд, таҷдиди назар намуда, онҳоро ба талаботи имрӯзаи иқтисодиёти миллӣ ҳамоҳанг созад.
Ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор дар самти фаъолиятҳои марбут ба равобити хориҷии донишкада изҳори андеша намуда, иброз доштанд, ки масъулинро зарур аст ба масоили густариши табодули донишҷӯён тавассути барномаҳои мубодилавӣ, таҳияи бештари лоиҳаҳои байналмилалӣ ва вусъати корҳо дар самти таъсиси факултети муштарак диққати бештар зоҳир намоянд.
Дар баробари ин, ректори донишкада ба масъалаи корҳои тарбиявӣ дахл намуда, масъулини қисми тарбияи донишкадаро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро чорабиниҳои тарбиявиро боз ҳам тақвият бахшад.
Вобаста ба самти корҳои ободонӣ, ректори донишкада қисми хоҷагидориро вазифадор намуданд, ки ба рафти корҳои сохтмонии биноҳои таълимии баландошёна, ки 1 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Санги асос гузошта шуд, тибқи талаботи лоиҳаи сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои мазкур дар муҳлатҳои муқарраргардида тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар музокираи масоили баррасишуда профессори донишкада Ҷононов С. баромад намуда, дастовардҳои донишкадаро бориз ва назаррас арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада вазифагузориҳо барои соли 2022 аз ҷониби роҳбарияти донишкада сурат гирифта вобаста ба он Шӯрои олимон қарори дахлдор қабул намуд.



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
ОМОДАГИИ ДОНИШГОҲ БА ОЛИМПИАДАҲОИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ
15-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ...идома
Таҳсилоти муосир: таҷрибаи гузашта - назар ба қарни ХХI
Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷик ...идома
ИМЛОИ НАВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА РОҲҲОИ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ОН
Таҳти чунин унвон, имрӯз дар Донишгоҳи байналмилали ...идома
ҶАВОНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалии Раҳ ...идома

Иштирок дар Олимпиадаи байналмилалӣ
Санаи 31-уми марти соли 2022 се нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ Амирхонзода Мадин ...идома
НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ!
Санаи 17 марти соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибк ...идома
Омодаги ба конференсияи апрели

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ...идома
Имкониятҳои захираҳои сайёҳии Тоҷикистон
Дар доираи нақшаи баргузории семинарҳои илмӣ – назариявии кафедраҳои До ...идома
НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст, Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан ...идома
ДБССТ: ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ–МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”
МОДАР – САРЧАШМАИ ҲАЁТ, таҳти чунин унвон санаи 4 мар ...идома
Баргузории мизи мудаввар
Санаи 25 феврали соли 2022 дар синфхонаи "Интеллекти сунъӣ"-и бинои таълимии 5 - и Донишгоҳи б ...идома
ҶАВОНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба Маҷл ...идома
Нақши танзим дар рушди ҷомеа
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буда ...идома
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!
Санаи 19 феврали соли 2022 бо ташаббуси кафедраҳои забонҳои тоҷ ...идома
КИТОБ – МАНБАИ ДОНИШ!
Санаи 17 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Т ...идома
ВОХӮРИИ СУДМАНД
Санаи 17 феврали соли равон, дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷик ...идома
АЗ НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲ
Санаи 09 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикисто ...идома
Ихтисосҳои нав – ҳамқадами замона
Вобаста ба пайдоиш ва рушди соҳаҳои нави иқтисодиёти кишвар ва ба миён омадани т ...идома
“Солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат” ва рушди иқтисоди миллӣ
“Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди мин ...идома
АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ – АСОСИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори ом ...идома

НУҚТАИ МУҲИМЕ АЗ ПАЁМ
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ – Пешвои милла ...идома
Андешаҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллат дар 30 - соли Истиқлолият
Истиқлолияти давлатӣ-асоси мустақилияти иҷтимоӣ, и ...идома
ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ
Имрӯз яке аз масоили муҳим ва мубрам ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳд ...идома
ХУШХАБАР!
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти рақами 17 ба Муассисаи давлатии таълимии " ...идома
ДССХ: КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
29 январи соли ҷорӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи ...идома
ТАНТАНАИ ҶАШНИ САДА ДАР ДССХ!
29 январи соли ҷорӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи Нақшаи чораб ...идома
КИТОБ ВА ДОНИШ САРЧАШМАИ ИЛМУ МАЪРИФАТ!
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои китобхонаи литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибк ...идома
ҶАҲОНИШАВӢ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО
Зери чунин унвон санаи 8-уми январи соли 2022 дар асоси нақша чорабиниҳои Донишкада ...идома

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Суроғаи расмии МО:

734055, Душанбе, хиёбони Борбад,48/5
(+992 37) 234-88-02(124)
dsx_ips@mail.ru
WWW dsx.tj