DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


КИТОБХОНАИ ИЛМӢ-ЭЛЕКТРОНӢ


     Китобхонаи илмӣ-электронии Дониш-кадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси (базаи) китобхонаи Донишкадаи хизмати маишӣ моҳи сентябри соди 1991 ташкил шудааст. Китобхона дар бинои якуми таълимии донишкада мавқеъ дошт ва то соли 2004-ум баҳри донишҷўён ва устодон хизмати фарҳангии худро ба ҷо овард. Рўзҳои аввали ташкил шудани китобхона (фонди) хазинаи он 1000 (ҳазор) адад китобро ташкид медод. Бинои китобхона хеле хурд буд ва ҳамагӣ 20-25 хонандаро ҷой дода метавонист. Ба ин нигоҳ накарда, ба донишҷўёну устодони донишкада хизмати худро мерасонд. Китобдори ҳамонвақтаи китобхона Зиёева Адолат дар он қироатхонаи навтаъсис фаъолият менамуд.
     Аз моҳи марти соли 2004 китобхона ба бинои нави таълимии рақами 4-и донишкада кўчид. Соли 2015 бошад, бо пайдо гардидани имконият ва зарурати васеъ намудани синфхонаҳои таълимӣ, китобхона дар ошёнаи 2-юми бинои таълимии №1 ҷойгир карда шуд. Солҳои охир роҳбарияти донишкада дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба китобу китобдорӣ ба ин самт таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, фонди китобхонаро ба беш аз 40 000 нусха китобҳои таълимию бадеӣ расонид. Дар бинои баландошёнаи таълимии донишкада, ки ифтитоҳи он ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат рост меояд толори барҳаво барои ҷойгир намудани китобхонаи илмӣ-электронӣ омода гардидааст, ки толори хониши он дар як вақт барои беш аз 200 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар бинои мазкур 2 толори муҷаҳҳаз бо компютерҳои замонавӣ, ки бо шабакаи Интернет пайваст мебошанд ва беш аз 400 000 китобҳои электронӣ гирд оварда шудаанд, мавриди истифодаи устодону донишҷўён ва ҳаводорони китоб қарор доранд.


     Кормандони китобхонабаҳри хонандагон ва устодон хизмати шоён мебаранд. Феҳрист ва картатекаи китобхона низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Донишҷўён метавонанд ба пуррагӣ аз онҳо истифода баранд. Китобхона бо кафед-раҳо алоқаи зич дорад. Дар толори қироатхона мувофиқи нақшаи пешгирифта «Ҳафтаи кафедра» гузаронда мешавад, ки дар он устодони кафедра бо донишҷўён дар барои чӣ тарз навиштани кори мустақилона, кори курсӣ, реферат, рисолаи хатм, рисолаи магистрӣ ва маърўза кардан суҳбат меороянд.
     Боиси қайд аст, ки фонди китобхона асосан аз тарафи роҳбарияти донишкада ва маъмурияти он бо китобҳои лозимӣ пурра гардонида мешавад, ва рўз то рўз зиёд шуда истодааст.
     Ғайр аз ин, устодони донишкада таълифоти худро ба таври ройгон ба қироатхона тақдим менамоянд. Дар тўли фаъолияти худ китобхонаи донишкада бо як қатор ташкилоту муассисаҳои дохилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ме-намояд, ба монанди Института ҷомеаи кушоди Фонди Сорос, корпаратсияи ПРАГМА, КАДА, сафоратхонаи Руссия ва ғайраҳо.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат