DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУС


    

ҶЎРАЕВ ШОҲРУХ НЕЪМАТОВИЧ
сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДССХ


     Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Дониш-кадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат воҳиди тар-кибии сохтори донишкада буда, барои ҳали вазифаҳои амалии худ дар доираи салоҳиятҳое, ки Оинномаи донишкада муқаррар кардааст, масъул мебошад.
     Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба ректори донишкада итоат мекунад. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат фаъолияти худро дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи донишкада ва низомнома ва дигар санадҳои меёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ месозад.
     Сохтор ва теъдоди воҳидҳои кории раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро тибқи тартиби муқарраргардида ректори донишкада муайян ва тасдиқ мекунад.
     Вазифаҳои асосии кормандони раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ташкили низоми самараноки идоракунии кадрҳо, фароҳамоварии ша-роитҳои мусоид барои фаъолияти ташаббускорона ва эҷод-коронаи профессорону омўзгоронро бо дарназардошти хусу-сиятҳои инфиродӣ ва малакаҳои касбии онҳо дар асоси сиёсати кадрии корхона бо ҳавасмандгардонии моддию маъ-навии онҳо ба роҳ мемонад.
     Мақсади асосии фаъолияти раёсати кадрҳо, корҳои махсус, бойгонии донишкада ин баланд бардоштани савияи касбӣ, ҳифзи солимӣ ва таъмини бехатарии ҳар як корманд мебошад. Фаъолияти раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада барои таъмини иҷрои вазифаҳои зерин равона карда шудааст:
     -мувофиқати касбии ҳар як корманд ба вазифаи ишғол-кардааш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри инкишо-фи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд.
     -муайян намудани талаботи ҷорӣ ва банақшагирии тала-боти дурнамо оид ба кадрҳо, қонеъ гардонидани онҳо дар асоси сохторҳои иҷтимоию демографӣ, касбию тахассусии кормандон, тарбияи мутахассисон бевосита дар муассисаҳои таълимӣ.
     -таҳияи низоми ишғоли мансабҳо ва ҷойҳои корӣ, истифо-даи усулҳои илмии омўзиши сифатҳои корӣ ва касбии кор-мандон ҳангоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва банақшагирии болоравии тахассуси онҳо.
     -ташкили захираи амалкунандаи кадрҳо дар тамоми зина-ҳои идоракунӣ ва мақсаднок тайёр кардани онҳо аз рўи нақшаи алоҳида.
     -таҳия ва ҷорӣ намудани низоми илман асоснок барои пешравии вазифавӣ ва тахассусии бо кафолатҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд, ки саҳми ҳар як корманд, давомоти кори ў ва омилҳои дигарро дар бар мегирад.
     -иҷрои корҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав, омўзиши сабабҳои ҷойивазкунии кадрҳо, тамоюли тағйирёбии ҳайати кадрӣ, коркард ва пешниҳоди чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани савияи кормандон.
     -таҳияи сохтори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ва интихоби кормандони мувофиқ барои кор бо кадрҳо.
     -тадқиқоти илмию методӣ ва таъмини иттилооти кории кадрҳо, истифодаи дастовардҳои сотсиологӣ, психологӣ ва илмҳои дигар дар кор бо кадрҳо.
     -таҳлили мунтазами ҳолати кор бо кадрҳо, татбиқи мониторинги касбӣ дар донишкада ва таклифу пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани сифати кор дар ин самт.
     -назорати иҷрои санадҳои меёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои кадрӣ.
     -таҳия ва пешниҳод намудани реҷаи озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омўзгорон ва мудирони кафедраҳо.
     -баҳисобгирии ҳайати шахсии кадрҳо ва пешниҳоди ҳисоботи муқарраршуда, пешбурди манбаи маълумотҳои захиравии ҳайати шахсӣ, ҷорӣ кардани шаклҳои замонавии идоракунӣ.
     -мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди корӣ дар муассиса.
     Айни замон мутахассисони касбӣ гирд омада, таҳти сарварии роҳбари оқилу донои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат нақшаҳои хуб матраҳ месозанд. Ҷомеаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар амалӣ намудани нақшаву ният якдил мекўшанд. Ин бахш барно-маҳои таълимгоҳро хуб амалӣ менамояд. Хушбахтона, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДССХ-ро мутахассис варзида Ҷўраев Шоҳрух ба зимма дорад, ки дар сари вақт дурусту воқеӣ ҳал намудани масъала, аз ҷумла, ҳар як проблемаи соҳаи худро бо ҷидду ҷаҳд ҳал менамояд.


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат