ЭЪЛОНҲО |
---|
► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА
ПАЁМ |
---|
ТАБРИКОТҲО |
---|
CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ |
---|
Фирўзи Талбак
сардори бахши таъминоти ҳуқуқии ДБССТ
БАХШИ ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚӢ
Бахши таъминоти ҳуқуқӣ яке аз сохтор-ҳои таркибии донишгоҳ маҳсуб ёфта, фаъо-лияти хешро аз рўи Дастурамали вазифавӣ ва Нақшаи кории аз ҷониби Ректори муассиса тасдиқ шуда ба роҳ мемонад. Бахши таъминоти ҳуқуқӣ иҷроиши тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии локалиро дар муассиса назорат карда, аз натиҷаи иҷрои он ба ректори муассиса давра ба давра ҳисобот пешниҳод менамояд. Дар бахши таъминоти ҳуқуқӣ, таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадои меъёрӣ- ҳуқуқии локалӣ қабули қарорҳои раёсати донишгоҳ, инчунин тартиби бастан ва иҷрои тамоми шартномаҳо, аз ҷумла шартномаҳои меҳнатӣ, шартномаи коллективӣ, шартномаҳои таҷрибаомўзӣ, шартномаҳои муассиса бо дигар ташкилоту муассисаҳоро таҳти назорат мегирад. Дар бекор кардани шартномаи меҳнатии байни корфармо ва корманд дар асоси талаботҳои меъёрҳои муқаррашудаи бандҳои Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи ҳуқуқии худро ба ректори донишгоҳ пешниҳод менамояд.Истинодҳои муфид