DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


ФАКУЛТЕТИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ

    Факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар натиҷаи иваз гарди-дани сохтори идоракунии донишкада ва муттаҳид шудани якчанд ихтисосҳо бо фармоиши ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис ёфта, бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгўй ба талаботи замони муосир нақши назаррас дорад.

    Факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ яке аз сохторҳои тар-кибии Донишкада мебошад, ки дар самти омодасозии кадр-ҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва меҷемент фаъолиятро бароҳ мондааст. Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир дар рушди иқтисоди миллӣ мутахассисони соҳаҳои зикргардида саҳми арзанда гузошта истодаанд.
    Бинобар ин, талабот ба мутахассисони соҳаҳои зикргар-дида мунтазам афзоиш ёфта зарурати пайваста ба дастовард-ҳои муосири бозорӣ мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро ба миён мегузорад.
    Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура ба роҳ монда шудааст. Дар факултет, ҳамчунин, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар зинаи докторантура аз рўи ихтисоси PhD амал мекунад, аз ҷумла:

БАКАЛАВРИЯТ

1.
3.
4.
5.
6.
7.

8.
9.
10.
11.
12.
13.
14.

15.
16.
17.
18.

1 - 25 0107.17 Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ;
1 - 260202.10 Менеҷмент дар  соҳаи сайёҳии байналмилалӣ
1 - 890101.00 Сайёҳат ва меҳмондорӣ
1 - 890101.02 Фаъолияти меҳмонхонавӣ
1 - 250107.22  Иқтисодиёт ва истифодаи табиат

  1. 250107.18  Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хоҷагиҳои меҳмондорӣ ва тарабхона

1-89010103 Сервиси сайёҳӣ
1-89020101 Сайёҳии кўҳӣ
1-26020312 Маркетинг дар сайёҳӣ
1-91010102 Технологияи маҳсулот ва ташкили хуроеки умум
1 - 250107.11 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ
1 - 270101.11 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)
1-26020104 Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна
1-25010721 Иқтисодиёт ва таъмини фаъолияти хоҷагидорӣ
1-26020101 Бизнеси маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат
1 - 260202.00 Менеҷмент
1 - 260203.00 Маркетинг

 

МАГИСТРАТУРА

1.
2.
3.
4.
5.

 1-260202.10 Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ
1-250107.17  Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ
1-260202.00 Менеҷмент
1-260203.00 Маркетинг
1-250107.11 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ

 

ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС (PhD)

1.
2.
3.
4.

6-D090200  Туризм 
6-D050700  Менеҷмент
6-D050600  Иқтисодиёт
6-D050200  Бизнес-маъмуриятчигӣ


Таъминоти моддӣ-техникӣ ва кадрии факултет ба меъёрҳои муосири таҳсилоти олӣ ҷавобгўй буда, дорои 20 синфхонаи таълимӣ, 2 лабораторияи сайёҳӣ, 2 лабораторияи компютери мансуби кафедраҳо буда, синфхонаҳои лексионӣ бо проектор ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Умуман, тамоми шароити таълимӣ ва имкониятҳои таҳсил барои донишҷўён дар факултет муҳайё карда шудааст. Раёсати донишкада пайваста кўшиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати омода намудани мутахас-сисони баландихтисос, тамоми имконоту захираҳоро исти-фода намояд.
    
Дар факултет 30 гурўҳи таълимӣ-академӣ мавҷуд аст, ки аз курсҳои 1 то 4 ба дарсомўзӣ машғуланд. Курсҳои 1-ум - 10 гурўҳ, курсҳои 2-юм - 7 гурўҳ, курсҳои 3-юм – 6 гурўҳ ва курсҳои 4-ум - 3 гурўҳ. Ҷамъ дар факултет 746 нафар донишҷў ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
     Ҳайати профессорону омўзгорони доимии факултет аз 45 нафар иборат аст, ки аз он 2 нафар доктори илм, профессор, 22 нафар номзади илм, дотсент, 7 нафар омўзгори калон ва 14 нафар ассистентон мебошанд.


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат