DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО



САФОЕВ Абдумаҷид Каримович
Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Тел.: 907 733247
E-mail: safoev@list.ru

ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

    Факултети молия ва қарз дар натиҷаи иваз гардидани сохтори идоракунии донишкада ва муттаҳид шудани якчанд ихтисосҳо бо фармоиши ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис ёфта, бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгўй ба талаботи замони муосир нақши намоён дорад.

    Факултет мазкур яке аз сохторҳои пешбари таълимии фаъолияти донишкада маҳсуб ёфта, стратегияи амиқи тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳон, молия ва қарз, кори бонкӣ, менеҷменти молиявӣ, андоз ва андозбандӣ ва иқтисодиёти молиявӣ ва бонкиро ба роҳ мондааст. Чунончи аз рушди иқтисоди миллӣ бар меояд, талабот ба мутахассисони соҳаҳои зикргардида мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва ин ҳолат зарурати пайваста ба дастовардҳои муосири бозорӣ мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро ба миён мегузорад.
     Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи самтҳои омодасозии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла:

ЗИНАИ БАКАЛАВРИАТ

Рамз

Номи ихтисос

1-250103.00

Иқтисодиёти ҷаҳон

1-250102.02

Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ

1-250104.02

Кори бонкӣ

1-250104.03

Андоз ва андозбандӣ

1-250104.07

Молия ва қарз

1-250104.10

Менеҷменти молиявӣ

ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

1-250103.00

Иқтисодиёти ҷаҳон

1-250104.07

Молия ва қарз

1-250104.10

Менеҷменти молиявӣ

1-250104.03

Андоз ва андозбандӣ

1-250104.02

Кори бонкӣ


Раванди таълиму тарбияро дар факултет 4 кафедра роҳандозӣ менамоянд, ки аз инҳо се кафедра тахассусӣ ва як кафедра умумидонишкадавӣ мебошанд. Ба кафедраҳои тахассусии факултет кафедраҳои:
      Иқтисодиёти ҷаҳон;
      Молия ва андозбандӣ;
      Фаъолияти бонкӣ дохил мешаванд.
     Ба кафедраи умумидонишкадавӣ бошад, кафедраи забонҳои хориҷӣ дохил мешавад.
     Аксар устодони кафедраҳои факултет хатмкардагони донишкада ба ҳисоб мераванд. Дар факултети молия ва қарз заминаи хуби моддӣ-таълимӣ муҳайё мебошад. Аз ҷумла, факултет дорои устодони дараҷа ва унвонҳои илмӣ, шароити хуби моддӣ-техникии раванди таълим буда, ҷараёни омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
     Факултет дорои 4 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи методии ба кафедраҳо мансуб, 18 синфхонаи лексионии бо проектор ва тахтаҳои электронӣ насбгардида муҷаҳҳаз мебошад. Умуман, тамоми шароити таълимӣ ва имкониятҳои таҳсил барои донишҷўён дар факултет муҳайё карда шудааст. Раёсати донишкада пайваста кўшиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот тамоми имконоту захираҳои мавҷудаи муассисаро фаровон истифода намояд.
     Дар факултет асосан шакли таҳсили рўзона ба роҳ монда шуда, гуруҳҳои таҳсилашон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ташкил карда шудааст. Дар факултет 36 гурўҳи таълимӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла дар курсҳои 1-ум - 12 гурўҳ, курсҳои 2-юм - 11 гурўҳ, курсҳои 3-юм - 7 гурўҳ ва курсҳои 4-ум - 6 гурўҳ. Теъдоди умумии донишҷўёни факултет ба ҳолати 1 июни соли 2021 875 нафарро ташкил медиҳад.
     Қайд кардан зарур аст, ки ба ҳолати 1 июни соли 2021 дар факултет теъдоди устодон 54 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1 нафар профессор, 16 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 19 нафар муаллимони калон ва 18 нафар ассистентон мебошанд.
     Мақоми олии идоракунии факултетро Шўрои олимон ташкил медиҳад, ки ҳайати он аз 11 нафар иборат мебошад. Шўрои олимони факултет дорои Нақшаи кории тасдиқшуда буда, асосан дар ҷаласаҳои он масоили рўзмаррае, ки бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилӣ-тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳамаи кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён амал мекунанд, ки шумораи зиёди толибилмонро доир ба ин ё он фан муттаҳид месозанд. Сатҳи хуби таҳсил ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои илмӣ, ҳамчунин ширкат дар чорабиниҳои мухталифи таълимӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ ба баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва омодашавии касбияти донишҷўён мусоидат менамояд.
     Хатмкардагони факултет молия ва қарз имрўзҳо дар ташкилотҳои бунуфузи ватаниву байналмилалӣ, аз қабили «Хазинаи Амонат», «Shelter for use», «Кумитаи Салиби Сурх», «КЭА Интер-нэшнл», «СММ», «Бунёди Оғохон», «Бонки Умумиҷаҳонӣ», «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ», «Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон» кору фаъолият доранд.

 


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат