DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО



Исломова Заҳро Саъдуллоевна
Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
тел: +(992) 935997042
e-mail: Islomovazakhro@gmail.com

ФАКУЛТЕТИ ГУМРУК ВА ҲУҚУҚИ ИҚТИСОДӢ

    Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар асоси қарори Шўрои олимони донишкада таҳти №15.1 бо фармоиши ректори донишкада аз 19-уми майи соли 2020 таҳти № 109/И таъсис дода шудааст.
     Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар сохтори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат яке аз факултетҳои асосӣ буда, дар бозори меҳнат, яке аз марказҳои омода намудани мутахассисони баландпоя ба шумор меравад.


     Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз 2 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи ғайритахассусӣ иборат аст. Кафедраҳои тахассусӣ:
     - фаъолити гумрукӣ ва ҳуқуқ;
     - идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ.
     Кафедраи ғайритахассусӣ:
     -Забони тоҷикӣ
     Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ ҷараён дорад. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи самтҳои омодасозии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла:

ЗИНАИ БАКАЛАВРИАТ

Рамз

Номи ихтисос

1-260101.00

Идораи давлатӣ

1-260101.01

Идораи мақомоти маҳаллӣ

1-260201.06

Идоракунии зиддибуҳронии корхона

1-960101.01

Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ

1-960101.02

Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ

1-96010100

Хадамоти гумрукӣ

1-24010300

Ҳуқуқи иқтисодӣ

1-24010301

Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти тиҷоратӣ

 

ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

1-260101.00

Идораи давлатӣ

1-260101.01

Идоракунии мақомоти маҳаллӣ

1-96010102

Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ

 

ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРА

6-D051000

Идораи давлатӣ

 

 


     Дар кафедраҳои зертобеи факултет хатмкардагони донишкада низ фаъолият доранд, ки дар ин самт факултет барои оянда низ захираҳои кадриро омода месозад. Дар факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ заминаи хуби моддӣ-таълимӣ муҳайё карда шудааст. Аксарияти усутодони кафедраҳои зертобеи факултет дорои дараҷа ва унвони илмӣ буда дар омода намудани кадрҳои баландихисос саҳми беназири худро мегузоранд.
     Таъминоти моддӣ-техникӣ ва кадрии факултет ба меъёрҳои талаботи таҳсилоти муосири олӣ ҷавобгўй буда, дорои 20 синфхонаи таълимӣ, 1 лабораторияи гумрукӣ, 2 лабораторияи лингафонии мансуб ба кафедраҳо, синфхонаҳои лексионӣ бо проектор ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Умуман, тамоми шароити таълимӣ ва имкониятҳои таҳсил барои донишҷўён дар факултет муҳайё карда шудааст. Раёсати донишкада пайваста кўшиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омода намудани мутахассисон, тамоми имконоту захираҳоро фаровон истифода намояд.
     Ҳайати профессорону омўзгорони доимии факултет аз 37 нафар иборат аст, ки аз он 5 нафар доктори илм, профессор, 9 нафар номзади илм, дотсент, 8 нафар устоди калон ва 15 нафар ассистент ба таълиму тарбия машғул мебошанд.
     Яке аз ҷузъҳои асосии сохтори факултет, ин Шўрои олимони факултет (ШОФ) мебошад, ки он аз 11 нафар аъзо иборат аст. Шўрои олимони факултет Нақшаи кории тасдиқшудаи худро дошта, дар он тамоми масаълаҳои марбут ба таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои дахлдор матраҳ мегарданд. Вазифаи раиси Шўрои олимони факултет бар уҳдаи декани факултет ва котиби илмии Шўро бар зиммаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент У. Наҷмиддинова вогузор карда шудааст.
     Дар кафедраҳои зертобеи факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён мунтазам доир мегарданд, ки донишҷўён ба ин маҳфилҳо ҳам аз рўйи тахассус ва ҳам берун аз он шомил мебошанд. Хатмкардагони факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ имрўзҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ вобаста ба самти ихтисосашон фаъолият доранд.
     Ташкили раванди таълим дар факултет ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ ва сохторҳои таркибии донишкадаро дар бар мегирад ва дар чунин самтҳо фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад:
     • банақшагирии раванди таълим;
     • ташкили корҳои таълимӣ;
     • назорати раванди таълим.
     Банақшагирии раванди таълим дар факултет, дар асоси нақшаҳои кории таълимӣ доир ба барномаҳои таълимии амалишаванда (ихтисосҳо), ки аз тарафи Шўрои илмӣ-методии донишкада таҳия карда мешавад, амалӣ мегардад. Нақшаҳои кории таълимии амалкунанда аз рўи номгўи фанҳо, намуди машғулиятҳои таълимӣ ва ҳаҷми соатҳо ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгў мебошад.
     Кафедраҳои зертобеи факултет дар раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба самти ихтисоси худ мавзўъҳои гуногуни илмиеро, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгў буда дар рушди илми тоҷик саҳми муассир мегузоранд, мавриди омўзиш ва ҳаллу фасл қарор медиҳанд.
     Ҳайати устодону профессорони факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар асоси Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 хуб ба роҳ мондаанд.
     Равияи илмии факултет «Рушди хизматрасониҳои муосири гумрукӣ ҳамчун омили инноватсионии пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ» ном дошта, асосан иҷрокунандагони он кафедраҳои зертобеи факултет мебошанд ва дар доираи мавзўи мазкур онҳо дар чунин самтҳо корҳои илмӣ-таҳқиқотиро пеш мебаранд:
      кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ аз рўи мавзўи «Инкишоф ва тараққиёти фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
      кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ: «Проблемаҳои идоракунии давлатии соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
      кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ - «Эҳё намудани арзишҳои умумибашарӣ ва тафаккури навини сиёсӣ, рушди фарҳанги инноватсионӣ ва худшиносии миллӣ дар раванди таълиму тарбия».
     Ҳайати устодони факултетилова бар он ки корҳои илмӣ-таҳқиқотии судмандро ба сомон расонидаанд, дар самти корҳои илмӣ-методӣ низ нақши онҳо назаррас мебошад. Аз ҷумла, нашри васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, курси лексияҳо, дастурҳои методӣ, монографияҳои илмӣ ва амсоли инҳо аз номгўи корҳои илмӣ-методии онҳо ба шумор меравад. Тибқи маълумоти оморӣ устодони факултет тўли 30 соли фаъолият ба чунин дастовардҳо ноил гардидаанд:
      нашри монографияҳои илмӣ 48 номгўй;
      нашри китобҳои дарсӣ 16 номгўй;
      нашри васоити таълимӣ 21 номгўй;
      нашри дастурҳои таълимӣ 48 номгўй;
      нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда 116 номгўй;
      нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ 93 номгўй;
      нашри мақолаҳо дар маводи конференсияҳои ҷумҳуриявӣ 1695 номгўй.
     Илова бар ин, устодони кафедраҳои факултет дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар замони 30 соли соҳибистиқлолӣ чунин чорабиниҳои илмӣ аз ҷониби кафедраҳои факултет баргузор гардидааст:
      конференсияҳои байналмилалӣ 9 маротиба;
      форумҳои байналмилалӣ 3 маротиба;
      форумҳои ҷумҳуриявӣ 6 маротиба;
      конференсияҳои ҷумҳуриявӣ 32 маротиба;
      мизҳои мудавввар 78 маротиба;
      дигар чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ 189 маротиба.
     Корҳои тарбиявӣ дар факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати қонунҳои мазкур мунтазам аз ҷониби садорати факултет ва кураторони гурўҳҳои таълимӣ-академӣ ба роҳ монда шудааст.
    

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат