DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО



Одиназода Комрон Саидаброр
Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
тел: +(992) 905554646
e-mail:odinakomron@mail.ru

ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ-ИҚТИСОДӢ

     Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ дар асоси қарори Шўрои олимони донишка №15.1 бо фармоиши ректор аз 19 майи соли 2020 № 109/И таъсис дода шудааст.
     Факултети мазкур дар тайёр намудани мутахассисони бомаълумот ва аз ҷиҳати касбӣ ҳаматарафа тарбиятёфта саҳмгузор мебошад. Дастпарварони факултет вобаста ба талаботи замон ҳамчун мутахассисони пешбар қобилияти ҳалли муаммоҳои иқтисодии муосирро доранд.
     Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ дар ҳайати худ 3 кафедра дорад, аз ҷумла:
     1. Кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит».
     2. Кафедраи «Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт».
     3. Кафедраи «Ҷомеашиносӣ».
     Дар факултет зиёда аз 550 нафар донишҷўён таҳсил доранд, ҳайати профессорону устодон 60 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 нафарашон доктори илм, профессор, 15 нафарашон номзади илм буда, алҳол тайёр намудани мутахассисон аз рўи 7 ихтисос ба роҳ монда шудааст:
     Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи самтҳои омодасозии бакалавриат ва магистрҳо аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
     1-25010800 -Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
     1-25010801 -Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо;
     1-25010805 -Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат;
     1-25011100-Аудит ва ривизия;
     1-400102.02-Технология ва низомҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
     1-400101.04-Бехатарии иттилоотӣ;
     1-400101.08 -Муҳандис барномасоз.
     Раванди таълиму тарбияро дар факултет 3 кафедра роҳандозӣ менамоянд, ки аз инҳо як кафедраи ғайритахассусӣ мебошад:
     -Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ;
     -Баҳисобгирии муҳосибӣ таҳлил ва аудит;
     -Ҷомеашиносӣ (ғайритахассусӣ).
     Аксар устодони ҷавони донишкада хатмкардагони факултет ба ҳисоб мераванд. Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ бо устодони доимию ҳамкорон, пойгоҳи хеле хуби таълимӣ, аз ҷумла бо тамоми шароити моддӣ-техникии таълим муҷаҳҳаз буда, шароити таълиму тадрис тибқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст. Факултет дорои 2 синфхонаи компютерӣ, 10 синфхонаи методии ба кафедраҳо мансуб, 4 синфхонаи лексионии бо проектор ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз мебошад. Умуман, тамоми шароити таълимӣ ва имконияти таҳсил барои донишҷўён дар факултет муҳайё карда шудааст. Раёсати донишкада пайваста кўшиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати омода намудани мутахассисон тамоми имконоту захираҳоро хуб истифод анамояд.
     Дар факултет машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мегузаранд.
     Ҳоло дар факултет 24 гурўҳи таълимӣ-академӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст:
     дар курси 1 – 8 гурўҳ;
     дар курси 2 – 7 гурўҳ;
     дар курси 3 – 5 гурўҳ;
     дар курси 4 – 4 гурўҳ.
     Қайд кардан зарур аст, ки соли 2021 дар факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ дар маҷмўъ теъдоди устодон 60 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 5 нафар профессор, 15 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 10 нафар муаллимони калон ва 30 нафар ассистентон мебошанд. Яъне зиёда аз 40% устодон дорои унвон ва дараҷаи илмӣ мебошанд.
     Мақоми олии идоракунии факултет Шўрои олимон мебошад, ки аз 13 аъзо иборат аст. Дар ҷаласаҳои Шўрои олимони факултет масоили рўзмаррае, ки бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилӣ-тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, баррасӣ карда мешаванд.
     Дар ҳамаи кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён амал мекунанд, ки шумораи зиёди донишҷўёнро доир ба ин ё он фан муттаҳид месозанд. Дар вақтҳои озод донишҷўёни факултет имкон доранд, ки дар толор ва майдончаҳои варзишии донишкада ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.
     Сатҳи хуби таҳсил ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои илмӣ, ҳамчунин ширкат дар чорабиниҳои мухталифи таъ-лимӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ ба баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва омодашавии касбии донишҷўён мусоидат менамояд.
     Хатмкардагони факултет дар ташкилотҳои бунуфузи милливу байналмилалӣ, аз қабили «Хазинаи Амонат», «Shelter for use», «Кумитаи Салиби Сурх», «КЭА Интер-нэшнл», «СММ», «Бунёди Оғохон», «Бонки Умумиҷаҳонӣ», «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ», «Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон» ва якчанд ташкилотҳои аудитории байналмилалӣ кору фаъолият менамоянд.
     Фаъолияти таълимии факултет. Ташкили раванди таълим дар факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ фаъолияти ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ ва сохторҳои таркибии донишкадаро дар бар мегирад ва дар чунин самтҳо ба роҳ монда шудааст:
     - банақшагирии раванди таълим;
     - ташкили корҳои таълимӣ;
     - назорати раванди таълим.
     Банақшагирии раванди таълим дар факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ дар асоси нақшаҳои кории таълимӣ доир ба барномаҳои таълимии амалишаванда (ихтисосҳо), ки аз тарафи шўрои илмӣ-методии донишкада таҳия карда мешавад, амалӣ мегардад. Нақшаҳои кории таълимии амалкунанда аз рўи номгўи фанҳо, намуди машғулиятҳои таълимӣ ва ҳаҷми соатҳо ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгў мебошанд.
     Фаъолияти илмии факултет. Кафедраҳои факултет дар раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба самти фаъолияти худ масъалаҳои мухталифи илмиро мавриди омўзиш ва ҳаллу фасл қарор додаанд. Ҳайати устодону профессорони факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ корҳои илмии худро дар асоси Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ барои солҳои 2020-2025 пеш мебаранд. Корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва ғоявию сиёсӣ. Рафти корҳои мазкур дар факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар, дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи маориф ба роҳ монда шуда, ба тарбия ва омода намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шудааст.
     Дар нақшаи корҳои тарбиявии факултет чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ ва ғоявӣ-сиёсӣ ба нақша гирифта шудаанд. Чорабиниҳои тарбиявии ба нақша гирифташуда ба он равона карда шудаанд, ки савияи дониш ва фарҳанги донишҷўёнро баланд бардоранд ва барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат намоянд. Корҳои тарбиявиро дар факултет эдвайзер оид ба тарбия дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии факултет - Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи кормандон, Шўрои бонувон, Шўрои сарпарастони гурўҳҳои академӣ иҷро менамоянд.
     Робитаҳои берунии факултет. Факултет бо кафедраҳои тахассусии макотиби олии кишварҳои узви ИДМ (Руссия, Белоруссия, Украина, Ўзбекистон, Қазоқистон) ва Ҷопон тавассути Шуъбаи робитаҳои хориҷии донишкада ҳамкории хуб дорад.
     Раванди таълим дар факултет аз ҷониби деканати факултет идора карда мешавад, ки ба ҳайати он декан - К. С. Одиназода, эдвайзер оид ба таълим - А. А. Раҷабов ва эдвайзер оид ба тарбия - К. С. Ҳакимов, танзимгари факултет Р. Садирова, инчунин мудирони кафедраҳои факултет (се нафар - Б. Каримов, Ф. Ҳайитов ва Г. Қозиев), раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет, раиси Иттифоқи касабаи кормандони факултет ва ҳуҷҷатгузор шомиланд.


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат