DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


БОЙГОНИИ ДОНИШКАДА

Маҳмадалиева Дилрабо, мудири бахши бойгонии донишкада
     Бойгонии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳиб-корӣ ва хизмат аз моҳи сентябри соли 1999 ташкил шудааст. Бойгонии донишкада фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фонди Бойгонии миллӣ ва муасси-саҳои бойгонӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаю дастурамали коргузории раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада ва супоришҳои роҳбарияти он ба роҳ мондааст.
     Мудири нахустини бойгонӣ Табарова Саида Зокировна буда, аз соли 1999 то соли 2005ин вазифаро бар дўш дошт. Аз моҳи марти соли 2005 ба вазифаи мудирии бойгонии донишкада корманди болаёқат Зиёева Адолат таъйин карда мешавад ва то соли 2010 фаъолият мекунад. Бойгонӣ солҳои аввал дар бинои литсейи назди донишкада фаъолият дошт. Бо гузашти солҳо ва боназардошти зиёд шудани маводи бой-гонӣ, он ба Бинои №4-и таълимии донишкада кўчонида ва бо утоқҳои замонавӣ таъмин карда шуд. Айни замон Маҳмад-алиева Дилрабо ҳамчун мудирии бойгонӣ фаъолияти назар-рас дорад.
     Дар бойгонӣ парвандаҳои шахсии хатмкардаҳои дониш-када бо корҳои дипломиашон аз соли 1996 то соли 2021 ва фармонҳои ректори донишкада, оид ба донишҷўён, корман-дон, устодон (аз соли 1991 то 2021) мавҷуданд.
     Ҳамаи ҳуҷҷатҳои шуъбаҳои муҳосибот аз соли 1991 то 2021низ дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин, корҳои курсии донишҷўён (аз соли 1996 то соли 2021), ки аз тарафи кафедраҳои донишкада супорида шудаанд, маҳфу-занд.
     Ғайр аз ин, парвандаҳои шахсии устодон, кормандони аз кор сабукдўшгардида, парвандаҳои шахсии донишҷўёни аз донишкада хориҷгашта, ин ҷо нигоҳ дошта мешаванд.
     Бахши бойгонӣ барои қабул, нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва ҳифзи ҳуҷҷату маводи ба бойгонӣ воридшуда, тартиби ба шаҳрвандон муваққатан ё тамоман супоридани маводи дар бойгонӣ маҳфузшуда ва гирифтани имзои онҳо, ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ва муайянсозии нигоҳдории минбаъда, интихоби ҳуҷҷатҳо барои несткунӣ бо санади аз эътибор соқиткунанда масъул мебошад.

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат