ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Бахши омор

Муродов Искандар Рачабович
Сардори бахши омор
Тел: 985384838
E-mail:is-murodov@mail.ru

     Бахши омор бо қарори Шӯрои олимони ғайринавбати ДБССТ аз санаи 1 марти соли 2020 таҳти №15.1 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҷадвали басти вазифаҳо ва сохтори идоракунии донишгоҳ» дар қисми Раёсати таълим бахши омори донишгоҳ таъсис дода шудааст. Аз 1 сентябри соли 2020 сардори бахши омори донишкада Муродов Искандар Раҷабович таъин карда шудааст. Бахши омор фаъолияти худро тибқи Низомномаи бахш ба роҳ мондааст. Бахши омор фаъолияти худро дар самтҳои зерин ба роҳ мондааст:
     - Тартиб додани ҳисоботи омории донишҷӯёни таҳсили рӯзона, ғоибона, фосилавӣ, магистрон ва зинаи PhD-и донишкада ва назорати он дар ҳамаи факултетҳо;
     - Ташкил ва муайян намудани шумораи кормандони илмӣ-педагогӣ, муайян намудани шумораи омӯзгорони штатї ва ҳамкорони дохилию берунӣ, инчунин дигар кормандони хизматрасон;
     - Дар асоси талаботи ҳуҷҷатгузории оморӣ тартиб додани ҳисоботи оморӣ ва пешниҳоди он ба сохторҳои дахлдори болоӣ;
     - Муайян намудани синну соли кормандон дар мувофиқа бо раёсати кадрҳо ва корҳои махусус;
     - Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар самти ҳаракати донишҷӯён.
     - Назорат ва ҷавоб ба ҳама гуна мактуб ва дархостҳое, ки ба бахши омор таалуқ доранд.
     - Таҳлили омории натиҷаҳои сесияҳои имтиҳонотӣ дар сатҳи донишгоҳ.
     - Гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабарорӣ аз дурустии гардиши маълумоти оморӣ дар кафедраю факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ.
     - Баҳисобгирии омори пойгоҳи моддӣ-техникӣ (техника, таҷҳизоти таълим, масоҳати таълимӣ, ҷойҳои нишаст, фонди аудиторӣ, маводи таълимӣ, китоб ва дигар васоити таълимӣ).
     - Ҳисоби ҳаҷми сарбории таълимӣ, банақшагирӣ ва таҳияи ҷадвали штатии кафедраҳо ва донишгоҳ.
     - Ҳисобу китоб ва иҷрои сарбориҳои таълимї ва илмӣ-методии устодон.
     - Муайян намудани шумораи донишҷўёни хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.
     - Муайян ва назоарт намудани кормандони илмӣ педагогӣ аз рӯйи унвон ва касбият.
     - Муайян намудани кормандони илмӣ-педагогӣ оид ба такмили ихтисос ва сафарбар намудани онҳо ба он.
     - Муайян намудани корхонаҳое, ки бо донишгоҳ дар самти таҷрибаомӯзӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо шартнома дорад.
     - Омода намудани пойгоҳи электронии бањисобгирии омории сохторҳои таркибии донишгоҳ.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат