logo

Бойгонӣ ‘ХАБАР’:

СОВМЕСТНОЕ ЗАЯВЛЕНИЕ

Созданные по инициативе правительств Республики Таджикистан и Кыргызской Республики комиссии по урегулированию вооружённого конфликта на приграничных районах РТ и КР случившегося 29.04.2021 г., обсудили причины и последствия инцидента, пришли к обоюдному согласию прекратить вооружённый конфликт, отвести личный состав и боевую технику к местам постоянной дислокации, принять меры к недопущению эскалации напряжённости, создать совместную рабочую группу из числа сотрудников правоохранительных органов и сотрудников исполнительной власти двух стран для полной реализации намеченных мер и создания соответствующих стабилизирующих условий для плодотворного переговорного процесса в интересах двух дружественных народов и государств.


ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР ДССХ!

       Бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва умуман дарёфти истеъдодҳои нав, дар доираи эълони озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» санаи 28.04.2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат даври донишкадавии озмуни болозикр оғоз гардид.        Озмун аз рӯйи се номинатсия математика, технологияи иттилоотӣ ва география бо ҷалби ҳудуди 150 нафар донишҷӯён ба кори худ шурӯъ намуд.        Тибқи фармоиши ректори донишкада барои баҳогузории сатҳи воқеии


ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

       27 апрели соли 2021 дар толори васеи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ  ва хизмат тибқи Нақша-чорабиниҳои донишкада ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки доираи васеи устодону донишҷуён баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот доир карда шуд.  


СИПОСНОМАИ РАЁСАТИ ДССХ БА ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Сипосномаи раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо дарназардошти саҳми муносиб гузоштани Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДССХ» дар доираи иҷрои Нақша-чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз ҷониби ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор санаи 24 апрели соли 2021 дар ҷаласаи ҷамъбастии озмуни мазкур ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи миллии


ДАР РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН САҲМИ АРЗАНДАИ ХЕШРО МЕГУЗОРЕМ!

       23-24 апрели соли равон дар доираи амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо ибтикори раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДССХ» баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки Озмуни мазкур маҳз дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги техникии наврасону ҷавонон ва


АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “СОҲИБКОР” НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

       22 апрели соли ҷорӣ дар толори васеи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат нишасти ҳисоботи семоҳа оиди фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» — и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат баргузор гардид.        Дар кори ҳисоботи семоҳа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳо, бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарияти литсейи донишкада, инчунин сардорони гуруҳҳои таълимӣ-академии донишкада иштироки фаъол доштанд.       Нишасти мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор», ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, аз номи