logo

САЙЁҲИИ ШИКОРИ МОҲӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ВА ОЯНДАДОР

          12 марти соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони корхонаҳо, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҳамоиш дар мавзуи “Рушди имкониятҳои сайёҳӣ дар самти моҳидорӣ” доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш муовини  якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода…

ОДАМОН АЗ ДУСТӢ ЁБАНД БАХТ

          Санаи 11 марти соли равон, дар толори фарҳангии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ибтикори Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа ва бо ташаббуси шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибонаи донишкада чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ зери унвони “Одамон аз дустӣ ёбанд бахт” баргузор гардид.        Дар чорабинии мазкур, ки бахшида ба муносибатҳои дустии халқҳои тоҷику узбек ҷараён гирифт,…

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ МОДАР»

          Дӯстони арҷманд, ҳамкасбон, модарону хоҳарони иззатманд!        Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин лаҳзаҳои пур аз фараҳу шодӣ баҳри ҳар яки Шумо таманниёти неки раёсати донишкадаро ба ифтихори Рӯзи модар баён менамоям. Бо камоли самимият ва эҳтироми хоса ба Шумо қабл аз ҳама саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хонаи обод ва фаъолияти босамарро таманно дорам.…

ВОХЎРИИ ДОНИШҶЎЁНИ ИХТИСОСИ КОРИ БОНКӢ БО КОРМАНДОНИ ҶСК КОММЕРСБАНК ТОҶИКИСТОН

          5 март дар доираи ҳамкориҳои кафедраи фаъолияти бонкӣ бо бонкҳои тиҷоратии кишвар ва ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳои кафедра оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи воқеии дониши донишҷуён вохўрии донишҷўёни ихтисоси 25010402 – Кори бонкӣ бо кормандони ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” ташкил карда шуд. Дар вохўрӣ донишҷўёни курси 3-юм, устодони кафедра ва кормандони бонки мазкур – Мирзоева…