logo

ВОХӮРИИ СУДМАНД

          20-уми марти соли 2021 дар бинои факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо донишҷӯдухтарони ФГҲИ семинар-машварат "Оид ба пешгирии касалиҳои сирояткунанда " бо иштироки духтури бунгоҳи тиббии донишкада Раҳмонова Ш.А., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборов Б.Б., декани факултети мазкур Исломова З.С ва раиси Шурои кор бо занон ва духтарони донишкада Ширинова…

МУШКИЛОТИ МОЛИЯВИИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСИИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Бо мусоидати Барномаи «Дастгирии идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ  ва Рушди Байналмилалии Британиёи Кабир (FCDO) маблағгузорӣ карда мешавад, санаи 19 марти соли 2021 аз соати 16:00 – 17.00 дар бинои марказии «ВЕФА ЦЕНТР» муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо лексияи кушоди онлайн дар…

ВОХУРӢ БО ДОНИШҶУДУХТАРОНИ ХОБГОҲ

   Cанаи  19  марти соли 2021 аз тарафи омӯзгорони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Исломова З С. - декани факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Қаландарова Г.С.- мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, Ширинова Г.С. - раиси Шурои кор бо занон ва духтарони донишкада дар хобгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо донишҷӯдухтарон вохурӣ гузаронида шуда, чунин масъалаҳо баррасӣ гардиданд:…

НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ХУШ ОМАДӢ

          17 марти соли 2021 дар майдончаи варзишии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Наврӯзи хуҷастапай хуш омадӣ”, бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ-2021” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии…

ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ТАККОНБАХШИ ТАЪЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

           Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони имрӯза омўзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин ҷузъиёти ташаккули мутахассиси муваффақ маҳсуб меёбад. Маҳз бо дарки ҳамин муҳимият  Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забономўзии хурду бузурги кишвар, ба хусус,  ҷавонон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, дар баробари арҷгузорӣ ва эҳтироми…

МИЛЛАТИ ТОҶИК АЗ ҚАДИМ ФАРҲАНГОФАРУ ТАҚДИРСОЗ БУД

          Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» омадааст, ки эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва…