logo
  • 16
  • 06.05.2021
  • Комментарии к записи ИНЪИКОСИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ДАР АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ отключены

ИНЪИКОСИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ДАР АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

       Агар аз даричаи таърих ба асрҳои гузашта  назар намоем, мебинем, ки дар ҳар давру замон  шахсиятҳои ба майдон меоянд, ки барои ҳифз ва нангу номуси ватандорӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, баҳусус  пойдории тамаддуни  ҳалқҳои форзабон кушиш намуда дар душвортарин лахзаҳои тезутунди  сиёсӣ аз ҳуввият,  фарҳанг, устувории пояҳои давлатдорӣ,  арзишҳои миллӣ пуштибонӣ намуда барои аз байн нарафтани вокеан як давлати мутамаддин  талош кардаанд.

       Дар қатори абармардони майдони сиёсат аз қабили Исмоили Сомонӣ,  Зардушт, Муқаннаъ, Спитамен, Восеъ,  Темурмалик, Бобоҷон Гафуров, С. Айнӣ ва даҳҳо бузургон, номи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон  зикр намуд. Зеро Пешвои миллат ҳамчун абармарди дунёи сиёсат баҳри ободӣ,  сулҳу субот ва аз нав эҳё намудани  як давлати бузург  ва шахсиятҳои таърихию фарҳангии он, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷаҳду талош намуда, бори дигар ҳиммату созандагии мардуми форсзабонро дар арсаи  байналмилалӣ  муаррифӣ кард.

       Бояд гуфт, ки заминаи эҳёи дубораи давлатдорию эҷодкории тоҷикон асарҳои пурмӯҳтавои  Роҳбари Давлат аст, ки ин асарҳо арзиши аслии таърихӣ ва илмӣ доранд.  Номгӯи ин асарҳоро дар мисоли чанд оварда метавон, ки инҳо: “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфукҳои Истиқлол”,  “Чаҳор соли  истиқлолият ва худшиносӣ”  1995с., “Тоҷикон дар оинаи таърих”1995, 2009. “Дин ва ҷомеа” 2013, “”Тоҷикон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин”  “Раванди ваҳдат ва назарияи он” ва гайра мебошанд.  Бо таваҷҷуҳ аз асарҳои Ҷаноби Олӣ меҳоҳем, чанд нуқтаро  ҷиҳати дастовардҳои замони истиқлол   баён  намоем.

       Асари “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат шиносномаи бузургони мардони илму адаб, фарҳангу сиёсат ва ва маърифату ҳақшиносони форсизабони дунёст. Ин шахсиятҳо  дар мисоли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Шамси Табрезӣ, Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Спитамен, Восеъ, С Айнӣ, Зардушт, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, ҳастанд, ки  баҳри дифоъ ва озодӣ, башардӯстию рафоқат, ҳамдилии ҳалкҳои олам кӯшидаанд ва  ба ин васила ба гояҳои мустаҳкаму инсондӯстии ҳеш дар таърихи башарӣ ҷовидон мондаанд.Дар ин асар  Пешвои миллат тавонистааст, ки  оид ба бузургманишӣ ва хоксорию ҷавонмардии ин чеҳраҳои мондагор, ки баҳри  пойдории давлати миллӣ ва тамаддуни ориёӣ , сулҳу субот раҳоӣ аз паркандагӣ, ҳамбастагӣ, озодӣ,   ҷаҳд кардаанд ба риштаи таҳлил бикашад. Ин асари пурарзиш бозгашт ба асолати миллӣ ва пос доштани бузургони форсзабон аст, ки   таҳқиқи осори пурарзиши онҳо баргаштан ба гузашта ва шинохтани асли хеш аст. Ба қавли Мавлоно Румӣ:

        Ҳар ки охир дур монд аз асли хеш

        Боз ҷӯяд, рӯзгори васли хеш

       Дар китоби арзишманди «Уфуқҳои Истиқлол”-и.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чаҳоряк асри Истиклолияти давлатӣ, марҳалаи барқарорсозии давлати миллии тоҷикон,   Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон сухан меравад.  Ба қавли мавсуф: “Истиқлолият — ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми хар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият — ин хонаи обод, руйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи хар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст”.. Бешак, Истиқлолияти давлатӣ   бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон,  санаи эҳёи давлатии тоҷикони дунё  мебошад. Дар сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату  давлати  мо,  ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти  мо  аён  аст. Аз таърихи қадима ва сарнавишти давлатдории ниёгон,  ки дар  навиштаҳои Пешвои миллат акс ёфтааанд ба  хулосае омадан мумкин аст, ки   ин миллати покманишу озодандеш  дар печутобу гардишҳои сиёсии ҳар давру замон рӯҳи шикастнопазир дошта, ҳамчун симоҳои ҷовидона дар саҳфаҳои  таърих ба қалам омадаанд.Бо илова аз мӯҳтавои асари номбурда метавон гуфт, ки ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон  Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг гамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Дар замони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи  илму фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии миллат, муттаҳиддсозандаи неруҳои аклонию зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву  муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқадддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ба хотири фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатиро қабул шуд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшид.  Дар ин даврон ба мусиқии миллй эҳтиром гузошта шуда, мусиқии классикии «Шашмақом» ва мусиқии мардумии «Фалак» ҳамчун шоҳкори мероси хаттӣ ва шифоҳӣ ба оламиён муаррифӣ карда шуд. Рӯзи 12-уми май Рӯзи «Шашмақом» ва рӯзи 10-уми октябр Рӯзи ‘Фалак» эълон гардид.

       Соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷашни ачдодии мо — Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гашта, моҳи марти соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ба Феҳристи фарҳанги гайримоддии ЮНЕСКО доҳил шуд.

       Дар санаи 31-уми июли соли 2010 бо қарори Ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО авваллин ёдгории таърихии Тоҷикистон «Саразм» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

       Дар доираи барномаи ЮНЕ­СКО доир ба нигохдории мероси фархангӣ, таърихӣ, босгоншиносӣ ва табиии башарият барои дохил намудан ба фехристи мероси умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Хулбук пешниҳод карда шуд.

       Нақш ва мақоми осорхонаҳоро ҳамчун ниҳодҳои ичтимоии ҳифзу нигахдошт ва таҳқику таргиби арзишҳои фарҳангӣ муҳим шуморида  шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо»- қабул гардид. Маҳз дар асоси Қонуни мазкур ва бо назардошти тақозои даврони соҳибистиклолӣ Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Хулбук, осорхонаҳои Кӯлоб, Осорхонаи миллии бостонии Точикистон, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Гафуров, Осорхонаи таърихи вилояти Суғд ва дигар осорхонаҳои нав сохта ба истифода дода шуданд.

       Ҳамҷунин тайи солҳои Истиклолияти давлатӣ  ба рушди воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр чун дигар соҳаҳои илму фарҳанги кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситахои ахбори омма, пеш аз ҳама, заминаҳои хукуқӣ фароҳам оварда шуд. Имрӯз фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути қонунхои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот дигар воситаҳоии ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонй», «Дар бораи хуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи хуқуқҳои муаллиф ва ҳукукҳои вобаста  ба он», «Дар бораи табьу нашр» ба танзим дароварда мешаванд. Дар заминаи маҷмӯи асноди хуқуқӣ низоми воситахои ахбори омма хусусан, матбуоти даврӣ, ки дар замони шуравй типи  ягонаро ташкил медод, гуногуншакл гардид. Низоми  матбуоти тоҷик хам аз ҷиҳати навъи нашрияхо, таъиноти онҳо ва теъдоди рӯзномаву маҷаллахо дигаргун шуд. Барои мисол, агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон хамагӣ 191 адад рӯзномаву мачалла интишор мегардид, имрӯз наздик ба 450 рӯзномаву мачалла ба табъ мерасад, ки аз ин шумора 275 ададаш чамъиятию хусусӣ мебошад. Дар солҳои аввали Истикдолияти давлатӣ дар кишвар танҳо як агентӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба ёздах, адад расидааст, ки дахтои он гайридавлатй мебошанд. Пешрафту дастовардҳо дар воситаҳои ахбори электронӣ аз ин бештар ба назар мерасанд.Дар за­мони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як шабакаи радио ва як шабакаи телевизион мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд ба эфир мебаромаданд. Ҳоло дар кишвари соҳибистиклоли мо 46 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин микдор 28 шабакаи он хусусист.Эҳёи суннатҳои мардумӣ ва таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Китоб, Рӯзи Забон,  ва амсоли онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Дар 28 соҳибистиқлолӣ ба кӯшишҳои бевоситаи  ин марди ҳирад мо  миллати тоҷик  ба фарҳанги қадима ва рангини миллиамон ва роҳбари хирадпеша такя намуда, дар пешбурди чомеаи навини Тоҷикистон ва боз ҳам баландтар бардоштани сатхи маънавию фарҳангии ҷомеа саҳмгузорем. Донистани таъриху тамаддуни миллати худ, бархурдор будан аз суннату анъана, расму оини фарҳангии мардуми хеш, омӯзишу дарки мероси гании гузаштагони илму адаби миллатамон моро  аз ҳар гуна таҳдид ва хавфу хатари ҷахонишавӣ ва равияву тамоюлҳои бегонаю ифротгаро эмин дошта, ба  саодати неки инсонӣ рахнамун месозад.“Рушди давлат аз миллати бофарҳанг вобастааст.”  менигорад — Роҳбари давлат. Яъне, мардуми форзабон дар ҳама давру замон  бахусус тоҷикон  маърифатдӯст, донишманду худшинос  зираку доно буданд, ва барои роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ  хирад ва дониши онҳо  мусоидат кард.

       Асари “Тоҷикон дар оинаи таърих”- и муаллифи зикршуда,  беҳтарин фарзандони хирадманду сохибҳунари миллат, ки дар дарбори Сомониён   бо шоҳкориҳои илму фарҳанг  майдони маърифату адабро рушан кардаанд зикр карда шуда, саҳми онҳоро муаллиф  дар равнаки тамаддуни олам назаррас  арзёбӣ кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки маърифату тарбияи зотии халки кадимаи мо нотакрор аст аст.  Дар тақвияти нигоштаҳои Роҳбари давлат метавон зикр намуд, ки вокеан дар китоби илму адаби дунё номҳои одамушуаро устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Насриддини Балхӣ, Носири Хусрав ва дигарон бо хати тиллоӣ човидона сабт шудаанд. Имрӯз илмҳои ситорашиносӣ, ҳандаса, кимиё, табиатшиносӣ, фалсафаву илоҳиёт ва кашфиётхои беназири тибро бе шохкориҳои Ибни Сино, Умари Хайём, Берунӣ, Алхоразмӣ, Имоми Аъзам, Имом Тирмизӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ ва гайра тасаввур кардан гайриимкон аст. Номҳои ин нобигагони илму адаб асрҳо боз дар радифи бузургтарин шахсиятхои ҷаҳон чилва мекунад.

       Дар  ин китоб ҳамчунин, Пешвои миллат турконро ки дар асри XI давлати пуриқтидори тоҷиконро аз байн бурданд,  зикр намуда   таъсири анъаноти тоҷикон дар фаъолияти онҳо, тарзи давлатдорӣ, урфу одат, сарулибос ва забони тоҷикиро пазируфтанашон ва минбаъд дар Осиёи Марказӣ сохти давлатдории  турконро ки тақрибан ба сабки Сомониён идома ёфтааст, таъкид кардааст.

       Ин асар бозгӯкунандаи  истиқлолият ва ҳувият муборизаҳои дурударози мазҳабию фарҳангӣ  бо аҷнабиён буда, ҷоннисориву фидокориҳои миллати моро дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамин,  забону фарҳанг инъикос месозад. Саропои ин таърих аз хуни фарзандони озодипараст, ватандӯст ва гаюру маърифатпарвараш гулгун аст. Тоҷикон халқи ориёиасл  аз кадимулайём сокинони аслии Осиёи Марказй буда  бо таърихи кулли мардуми эронинажод пайванди ногусастанӣ ва решаи қавӣ дорад. Ин миллат,  миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, ки мо арзишҳои онро, мероси фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адабиёт ва ҳунари воло, истиқлолият, ҳувияташро ҳифз ва эҳтиром намоем. Зеро миллати мо дар ҳама давру замон  соҳибони  хирад, озодманиш, донишандӯзу сарбаланд, чун куҳсоронбуданд ва ба ин маъниҳо умри ҷовидона ёфтаанд.Хулоса асарҳои Пешвои миллат марзҳои ҷангу хушунат, бесарусомониро  дар замони муосир мешиканад, муҳаббатҳоро миёни ҳалқҳои фарсзабон ба миён оварда, ба ин васила барои мустаҳкамии равобитҳои ҳасана замина мегузорад.Ин асарҳо оинаест, ки таъриху тамаддуни ҳалқи тоҷикро таҷассум  намудааст ва  на ҳар оинадил метавонад акси худро  дар он  намояд ва  дар тули қарнҳо, гардишҳои рӯзафзуни олами пурҳаводис ҷовидон монад. Ба қавли Мавлавӣ Ҷунунӣ:

Машомам бӯи ваҳдат аз дили хунинҷигар ёбад

   Диле. ки шуд фалакпарвоз анвори қамар ёбад

    Наёбад  кас Худоро аз тамоми гардиши олам

    Магар оинадил   ҷӯяд, ки акси ҷилвагар ёбад        

       Иқдомҳои Пешвои миллат,  Эмомалӣ Раҳмон бахусус таъсиси  анҷуманҳо, симпозиумҳои байналмилалии дар кишвар  баргузоргардида, таргиби робитаҳои илмию фарҳангӣ ва адабии судманд, шиносоии анъанаҳои миллии мо ба  оламиён, ҳамкориҳо, эълон намудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, озмунҳо,  ҷашнгирии 30-солагии ҷашни истиқлолияти миллӣ маҷмуан,  ба хотири посдорӣ ва муаррифии таърих ва  эътирофи ин миллати  ваҳдатофар  дар арсаи ҷаҳон буда, дӯстию ҳамбастагии  байни ҳалқҳоро ба миён мегузорад, шароитҳоро фароҳам ва машваратҳои дӯстонаро самар мебахшад, то тавассути шоҳроҳи тамаддунсоз пойдевори минбаъдаи давлати  тоҷикон мустаҳкамтар  ва заминаи истиқлоли миллӣ устувортар гардад.

 

Наҷмиддинова У. С. — дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.