logo
  • 17
  • 06.05.2021
  • Комментарии к записи БАРОИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД отключены

БАРОИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

    «Истиқлотияти давлатӣ дар баробари он ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад»                                                                                                                           (Эмомалӣ Раҳмон)

       Имсол, бо бахти баланди мардуми тоҷик аз Истиқлолияти давлатии мо 9-уми сентябр сӣ сол пур мешавад. ҳамагон медонанд, ки аз ин бахти баландтар нест. Имрӯзҳо дар баъзе кишварҳои ҳатто абарқудрат мебинем, ки амнияту оромии зарурӣ ҳукмрон нест. Сиёсатҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ҳангомаҳои фитнабарангез рӯз аз рӯз зиёдтар мешаванд, ки аз як тараф амнияту оромӣ ва истиқлолияти кишварҳои оламро халалдор месозад. Ин масъаларо метавон ҳам аз назари фарҳангӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ баррасӣ кард, аммо ин масъала дар дигар маврид матраҳ хоҳад шуд. Дар ин мақолаи мо аслан сухан аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Мо насли ҷавони давраи соҳибистиқлолиро месазад, ки ҳар қадар бештар ба таҷрибаи сулҳи кишварамон такя кунем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Илова ба эҳтиёт, онро ба наслҳои оянда тавонем мерос гузорем. Асли истиқлол чист? Асли истиқлол, ин озодӣ, сарбаландӣ, соҳиби фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ будан аст. Худро, таърихи халқу миллати худро шинохтан аст. Ғуруру ҳувияти миллиро дар ботини худ инкишоф додан аст. Дар сурате, ки ҳувияту худшиносиро дар худ инкишоф додем, онро барои дигарон бояд талқин кунем. Хусусан, барои насли аз мо ҷавонтаре, ки имрӯз сари кор меоянд. Ба ин мазмун Пешвои миллат фармудаанд: “Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватндӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад”.

       Дар ин радиф, ҳодисаи ибратбахш ва коромӯз дар самти ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ин хуб донистани корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. ин шахсият ва қаҳрамони халқи тоҷик тавонист оташи хонумонсӯзи ҷанги дохилии бародаркуширо хомӯш намояд. Гурезагонро ба Ватан баргардонад. Мардумро ба сулҳу иттиҳод ва ваҳдату ҳамдилӣ даъват кунад, ки аз душвортарин амалҳо дар арсаи сиёсат ба шумор меравад ва на ҳама аз уҳдаи ин кор баромада метавонанд. Пешвои миллат барҳақ фармудаанд: “Дар як муддати кӯтоҳ мо натанҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштем”.

       Давраи барқарории миллӣ ва барқарории сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраҳои ниҳоят муҳимест, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои мо муяссар гардид. Яке аз корҳои бузурги дар ин самт анҷомёфта аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ин сохтани мафкураи миллӣ аст. Маҳз, ҳамин мафкураи миллӣ сабаб гардид, ки мардум иттиҳоду сарҷамъӣ ва якдигарфаҳмиро сарчашмаи кори хеш қарор доданд. Дар ин бора Пешвои миллат фармудаанд: “Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид”.

       Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова ба заҳмати шабонарӯзӣ дар вазифаи пурмасъулияти роҳбари давлат, як қатор асарҳои мондагор таълиф намуданд, ки барои худшиносии миллӣ нақши бузургро мебозанд. Ба ин гуфта метавон китобҳои “Тоҷикон дар ойинаи таърих”, “Уфуқҳои истиқлол”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” ва монанди инҳоро ном бурд. Дар ин радиф, иқдоми шоистаи Пешвои миллат он аст, ки имсол ба ҳар як оилаи тоҷик шоҳасари қаҳрамони халқи тоҷик – Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро ҳадя намуданд.

       Бунёди ҳазорҳо корхонаҳои саноатии хурду бузург дар кишвар, бунёди мактабу дастгирии соҳаи маориф, ташкили озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба хотири тарғиби илму дониш дар миёни наврасону ҷавонон ва шавқманд гардондани онҳо, азбарнамоии технологияҳои навтарин дар низоми таҳсилот, муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти лозимаи техникӣ аз ҷумлаи иқдомҳои созанда ва ҳидояткунандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамарӯза дар арафаи таҷлил аз сисолагии Истиқлолияти давлатӣ ифтитоҳи иншооти гуногунро дар тамоми соҳаҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон шоҳид гардидаем.

       Пешвои миллат дар ҳеҷ маврид заҳмати халқро аз назари хеш дур накардаанд. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳояшон дар Рӯзи таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ фармудаанд: “Дар зарфи бисту шаш сол мо бо шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем”.

       Мо бояд дар назари аввал шукрона кунем ва ифтихор аз он дошта бошем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ худро ҳамчун тоҷики асил шинохтем. Аз мероси зиёди фарҳангии худ тавонистем дар арсаи байналмилалӣ дифоъ кунем. Расму ойин ва анъанаҳои зиёди миллиамонро аз нав эҳё ва ҳифз кунем. Аз ин бармеояд, ки истиқлол доштан, шинохтани мақоми миллӣ ва мақоми баланди инсонии худ аст. Пешвои миллат ин нуктаро бамаврид қайд кардаанд: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем”.

       Бояд хотирнишон сохт, ки дар раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳар қадар боз бештар моро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолии кишвари азизамон бирасем. Имрӯзҳо, бадбахтона баъзе аз душманони миллат аз хориҷ садо баланд мекунанд, мехоҳанд амнияту оромии ҷомеаро халалдор созанд, мафкураи ҷавонони моро вайрон кунанд, аммо мутмаинем, ки ҷавонони мо рӯз аз рӯз муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолиро шоҳиди бевосита гаштаанд ва дар оянда камар ба хизмати софдилонаи халқу миллати хеш хоҳанд баст. Мо ҷавонон пайравони асили Пешвои миллат хоҳем монд. Дар роҳи хизмат ба халқу Ватан тавассути касби пуршарафи омӯгориамон устувор хоҳем монд. Бигзор, ҳамеша кабӯтари сулҳу озодӣ дар фазои соҳибистиқлоли кишварамон парафшон бошад. Зинда бод Тоҷикистон! Пояндаву устувор бод истиқлолияти давлатӣ!

 

                                                                                           Ғуломова З.З. — ассистенти кафедраи

баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.