logo
  • 16
  • 03.05.2021
  • Комментарии к записи ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ГАНҶИ ИСТИҚЛОЛ отключены

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ГАНҶИ ИСТИҚЛОЛ

  Бод истиқлол ҷовид

          Дар фазои Тоҷикистон.

                 Дар дили ман дар дили ту,

                        Ҳамватан, чун ишқу дармон.

 

       Чун сухан аз истиқлол ва соҳибистиқлол будани давлати Тоҷикистон ба миён меояд, таърихи пурфоҷиаву хуншори миллати тоҷик дар солҳои навадуми қарни гузашта пеши назар меоянд. Миллате, ки Худованд ӯро рӯйи Замини паҳновар, ҳосилхезу пурфайз, дар канори рӯдҳои хурӯшон, чашмасорони зулолу ҷӯшон, дар оғӯши кӯҳсорони пурганҷу дарахтзорони пурмева ҷой додааст. Миллате, ки фарзандони нобиғааш  аз қаъри асрҳо то ба имрӯз оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Миллате, ки пойдевори нахустин давлату вазоратҳоро гузоштааст. Бале, дар ҳақиқат Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолият ба мо имконият пайдо кард, ки ин атои таърихиро ба манфиати ҷомеа баҳри ояндаи нек ва хушбахтии вай, дўстию бародарӣ, ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик истифода барем. Зеро, халқи тоҷик ҳазорон сол пеш мардуме чун офаранда арзи ҳастӣ намуд, қасру шаҳрҳо бунёд кард, дар рушди илму адаб, риояи адлу инсоф ва ишқу вафо парчаму ҳадафи рӯзгорро абадӣ ҳисобид.

       Имсол мардуми Тоҷикистон давраи сиюмин солгарди аз Иттиҳоди Ҷумҳурии Шўравӣ ҳамчун ҷумҳурии мустақили сиёсӣ ҷудо шуданашро ҷашн мегирад. Набояд фаромўш кард, ки дар тўли ин солҳо халқи  тоҷик фоҷиаи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамдигаркуширо аз сар гузаронид. Муборизаи қувваҳои сиёсии қудратхоҳ ба кишвар ҳисороти бузурги ҷонӣ, моддӣ ва маънавӣ расониданд, ки онро бо пулу мол андоза кардан мумкин нест. Мардуми аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ қафомонда ба моҳияти даъват ва шиорҳои пурошўби «пешвоёнашон» дуруст сарфаҳм нарафтанд. Надонистанд, ки роҳбарону пешвоёнашон ба ҷузъ мақоми муайянро дар ҷомеа ишғол намудан, ҳадафи дигаре надоранд. Аммо дар рафти баҳамбархўрии қувваҳои гуногуни сиёсӣ иштирокчиёни муҳорибаҳо оҳиста-оҳиста натиҷаи хуб надодани муборизаашонро дарк намуданд, ки маблағгузорону ҳомиёнашон бо кадом мақсад кўмак мерасонанд ва ғаразашон дар чист.

       Аз ҳамон лаҳзае ки дарк карда шуд, байни пешвоёни қувваҳои мухолиф фикри ба ҳам вохўрдан ва низоъҳоро бо роҳи гуфтушуниду гузаштҳои байниҳамдигарӣ ҳаллу фасл кардан низ пайдо шуд. Ба ҳар ҳол ақли солим боло гирифту қувваҳои даргир ба ҳам омаданд ва ҳар кадом уҳдадор шуданд, ки барои мустаҳкам намудани истиқлолияти воқеӣ ҷонашонро дареғ намедоранд ва кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фазои сулҳу субот бинои истиқлолиятро бо ҳам месозанд.

       Заминаҳои ба даст омадани Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик дар он аст, ки пеш аз ҳама тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳанӯз дар асрҳои 7-9 давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Маргиёна ва Хоразми бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолияти худро аз даст дода, боз соҳиби давлату шаҳомат гаштаанд.

       Ҳамлаҳои Ҳахоманишиён, Салчуқиёну Ғазнавиён, Қарохониҳову Чингизиён, арабҳо ва ғайра боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои куҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки тоҷикон гардид. Аммо, ҳисси истиқлолиятхоҳӣ мардуми озодидӯсти ниёгонамонро ба корнамоиҳову шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли оддии он баъди тасарруфи арабҳо хонадонҳои маъруфи ибтидои асри нуҳум Тоҳириён, Саффориён, Сомониён муваффақ гаштанд, ки ба давлату маданияти миллӣ эҳё бахшанд. Абадмардони миллат чун Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ тавонистанд аз ҳайати хилофати Араб берун гашта, давлати мутамаркази соҳибихтиёру миллии тоҷиконро асос гузоранд. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ва тамоми унсурҳои он марзи ягона, забони адабии тоҷикӣ, маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Беҳуда нест, ки олимон ин давраи инкишофёбии таърихи халқи моро – давраи тиллоӣ меноманд.

       Дар ҳақиқат, имрўз аз он шукрона мекунем, ки Тоҷикистонро бештар аз 200 давлати дунё мешиносанд, садои Тоҷикистонро дар олитарин минбарҳои ҷаҳон мешунаванд. Лозим ба ёдоварист, ки 6-ноябр дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст. Аз ин ҷост, ки мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ҳар сол 6-уми ноябрро ҳамчун рўзи Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ботантана ҷашн мегиранд.

       Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои Конститутсияи худ, Суруди миллӣ, Парчам, асъори миллӣ, артиши миллӣ буда, аъзои бонуфузтарин ташкилотҳои байналмиллалӣ аст.

       Соҳибистиқлол будан – ин дар минбари байналмиллалӣ бо сари баланд аз номи халқи эҷодкор, пешқадам ва дорои иқтисодиёту фарҳанги бакамолрасида сухан рондан, маҳсулоти ақлии давлатро ба маърази дигарон гузоштану онро намоиш додан аст.

       Миллат ҳамон вақт соҳибистиқлоли комил эътироф меёбад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онро дар бозори ҷаҳонӣ харидорӣ намоянд. Аз рўйи тамғаи дар болои молҳои гуногуни хушсифаташ халқҳои дигар дар бораи мавҷудияти халқу давлат огаҳӣ пайдо кунанд.

       Соҳибистиқлол будан маънои онро дорад, ки ҳар кадом шаҳрванд баҳри мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодии ҷамъият баҳри пешрафти илму техника, маориф ва фарҳанг воситаҳои босамару манфиатбахшро ҷустуҷў менамояд. Пеш аз ҳама, онро ба инобат мегирад, ки агар давлат истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватаниро ба роҳ намонаду онро ба бозори ҷаҳонӣ набарорад, вай хоҳ нохоҳ гирифтори низоъҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ хоҳад гардид.

       Лозим ба ёдоварист, ки соҳибистиқлолӣ он маъниро дорад, ки донишҷў ва ё толибилм барномаи таълимиро ба таври мукаммал аз худ намояд. Тоҷир бошад, ҳамон гуна маҳсулотро ворид намояд, ки вай барои инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ мусоидат намояд. Сармоядорони ватанӣ корхонаҳо сохта, ба ҳаммиллатони хеш ҷойи кор муҳайё намуда, онҳоро аз асорати мардикории халқҳои дигар будан раҳо созанд, ки ин барои пешрафти иқтисодиёту маънавиёти ватани хеш мусоидат менамояд.           Соҳибистиқлолӣ ин маънои онро дорад, ки аҳли илм ва эҷод иллатҳои дар ҷомеа бударо ошкор сохта, роҳҳои муолиҷаи онро нишон медиҳад. Инчунин, соҳибистиқлол будан он маъноро дорад, ки ходимони сиёсӣ дар риояи Конститутсия намунаи олӣ барои дигарон буда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки маблағҳои ҷудошуда танҳо барои ба роҳ монда шудани истеҳсолот сарф карда шаванд. Бахусус, аҳли илму сиёсат вазифадоранд, ки то метавонанд илоҷи кам кардани муҳоҷирати меҳнатиро ёбанд. Онҳо бояд баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ин сарзамин идеяҳои нав ба нави худро истифода баранд, то ки сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии зиндагии мардуми ин сарзамин баланд бардошта шавад.

       Ҳаминро ҳам хотирнишон намоем, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакатамон низ нақши муҳим бозидааст, зеро дар он тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявӣ инъикос гардидааст.

       Ба ҳамагон хуб маълум аст, ки сиёсати дар асоси Конститутсия пешгирифтаи Президенту ҳукуматро на танҳо кулли мардуми Тоҷикистон, балки созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва аксари давлатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд. Ин тасодуф нест, зеро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои фаъолияти озодонаи сиёсию иқтисодӣ тамоми заминаҳо ва шароитҳо муҳайё карда шудааст. Масалан, барои фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Ва дуруст аст, ки истифода аз ин ҳуқуқу имкониятҳо бояд танҳо дар доираи қонун сурат бигирад.

       Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки омўзиши Конститутсия, ҳамчунин рамзҳои давлатӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳанўз дар боғчаҳои бачагонаву синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шавад. Дар ҳар давлати соҳибистиқлол бояд ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, дарки моҳияти давлатдории миллӣ бо тамоми рамзҳояш ҳанўз бо шири модар дар ҷону хиради ҳар як фард маъво гирад ва аз насл ба насл бигузарад. Дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо мардону занон ҳуқуқи баробар доранд. Бо мақсади татбиқи амалии ин баробарҳуқуқӣ, Ҳукумат, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар ҳамеша кўшиш менамоянд, ки иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, дар корҳои идораи давлат таъмин карда шаванд. Аз ин ҷост, ки занони бофарҳангу фаъол ва кордон дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ вазифаи роҳбариро ба зимма доранд.

       Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли проблемаҳои ҷавонон низ эътибори ҷиддӣ медиҳанд, зеро ҷавонон дар ҷомеаи мо қувваи бузурганд ва дар ободонии ватани соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обрўи миллат саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин лиҳоз, як нуқтаро набояд фаромўш кунем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар қатори давлатҳои пешрафта ҷой гирифтани давлати тоҷик, пеш аз ҳама, аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кўшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Ба ин хотир, ин нуқтаро мо устодон такрор ба такрор ба шогирдон фаҳмонанд, то ки онҳо хуб дарк намоянд, ки  сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш аз ҳама дар дасти онҳост.

       Дар интиҳо як бори дигар ёдрас менамоям, ки ҳар як шахс вазифадор аст, ки ин ганҷи бебаҳои ба дастовардашуда ва қонунҳои дар он амалкунандаро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намоянд.

 

                                                                Сангинова Р.И. – дотсенти  кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии 

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.