logo
  • 12
  • 03.05.2021
  • Комментарии к записи СӢ СОЛИ ПУРШАРАФ отключены

СӢ СОЛИ ПУРШАРАФ

       Аз он айёме, ки  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат   сентябри соли 1991 бо номи Коллеҷи ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ таъсис ёфт, 30 сол сипарӣ гардид. Ин муассисаи навтаъсис дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ чанд бор табдили ном кард. Аз январи соли 1992 бо номи Институти хизмати маишӣ, сониян, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва ниҳоят, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат арзи вуҷуд кардааст. Заминаи арзи вуҷуд намудани ин муассисаи олии касбу ҳунар тақозои замон ва талаботи ҷомеа буд. Тоҷикистони тозаистиқлол ба силсилаи касбу пешаҳое, ки донишкада роҳандозӣ намуда буд, ниёз дошт.  Дигар ин ки дар як замини ноободу санглохи беоб  арзи ҳастӣ намудани ин муассисаи олии касбӣ заҳмат ва меҳнати зиёди тоқатфарсоро талаб менамуд. Иттиҳодияи кормандони донишкада ба қароре омада буданд, ки чор рӯзи таълим ва се рӯзи бунёдкориро  ҷорӣ намоянд. Тадриҷан сохтору зерсохторҳои он ташаккул меёфт. Ба мушкилоти авзои ҷомеа сабр намуда, шогирдони хешро аз ҳар гуна бадиҳову шариҳо нигоҳ медоштем. Дар радифи ин, ҳуҷҷатҳои расмию коргузорӣ бояд ба забони давлату миллат баргардонида мешуд. Дар ин бобат хизмати устод Назирҷон Камолов басо бузург буд. Ҳатто ҳуҷҷатҳои расмӣ – коргузории омода намудаи моро Донишгоҳи технологӣ ва тиҷорат  комилан истифода бурданд. Сол то сол ихтисосҳои навин дар донишкада тавлид меёфт ва аз комёбиҳо ва пешравиҳои ин муассисаи таълимӣ дарак медод. Дар ин бобат саъю кӯшишҳои сарвари ҳамонвақтаи донишкада – Ҳабибулло Умаров басо бузург буданд. Ӯ тавонист, ки бо неруи андаке сохтори донишкадаро устувор намояд ва интихоби ҳайати мутахассисони касбиро ба роҳ монад. Хулоса, Донишкада тадриҷан ба маҷрои навин ҳамроҳ мешуд ва касбу ихтисосҳои ба ҷомеа зарурро мавриди таълим қарор медод.

       Рӯйдоди навин ва хотирмоне, ки якуми сентябри соли 1996 дар рӯзи Дониш ба вуқуъ пайваст, ташрифи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба донишкада буд. Дар Донишкада ба муносибати ҷашни Рӯзи Дониш, дарсҳои  сулҳу дӯстӣ гузаронида шуд. Ба муносибати ташрифи Президенти азиз маҷлиси пуршукӯҳу ботантана баргузор гардид. Устодон, донишҷӯён ва дигар кормандони донишкадаи мазкур, ҳамчунин Донишкадаи санъат ва муҳассилини омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникии №30 ва №33 ширкат доштанд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ҳозирин нутқи пурмуҳтавое ироаъ намуд. Сарвари давлат зимни  баромад аз он ҷумла гуфт:

       “Толибилмони азиз! Устодони муҳтарам, меҳмонони олиқадр! Имрӯз дар сар то сари кишварамон мисли бисёр кишварҳои дигари сайёра соли таҳсили навбатӣ оғоз меёбад.

       Дар ин рӯз ҳар як фард, ҳар як оила ва тамоми ҷомеаро таассуроти ба худ хосе ба оғӯш мекашад. Яке  фарзанди бо меҳр ва бо умед парвариш кардаашро нахустин бор ба маскани таълиму омӯзиш – мактаб гусел мекунад, ҷавонони аз имтиҳон ва озмунҳо гузашта ба курсиҳои даргоҳи илму дониш  ва ҳунар – донишкадаву донишгоҳҳо менишинанд. Омӯзгорону устодон бо чеҳраҳои пуртабассуми хеш “Хуш омадед!” мегӯянд. Ин ҳама ба зебоиҳои ҳаёт нуру таровати нав мебахшад. Якуми сентябр — рӯзи Дониш эълом гардидааст. Мехостам сараввал Шумо толибилмони азиз, устодони муҳтарам ва дар шахси Шумо тамоми донишҷӯён, омӯзгорон, устодон ва ҳамаи кормандони соҳаи маорифро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва бо Рӯзи Дониш аз самими қалб табрику муборакбод намоям.”..

       Президенти муҳтарам аз он ҷумла, дар хусуси  кору фаъолияти донишкада чунин ибрози ақида намуданд:

       … Шиносоӣ бо донишкадаи Шумо собит намуд, ки маъмурият, ҳайати профессорону муаллимон ва дигар кормандон баҳри муҳайё сохтани заминаи таълимию лабораторӣ, ташкили коллективи устодон ва ба низоми муайян ворид намудани ҷараёни таълими ин таълимгоҳ меҳнати зиёде ба харҷ додаанд. Вале барои соҳиб гардидани симои ҳақиқии мактаби олӣ боз кори бисёреро  бояд анҷом дод.

       Зарур аст ва умед низ, ки донишкадаи Шумо ба яке аз марказҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфта, дар сафи пеши равандҳои дигаргунсозиҳои ҷумҳурӣ қадам занад, барои татбиқи онҳо мусоидат кунад, мутахассисонеро ба камол расонад, ки ғояҳои ислоҳот ва гузаштан ба низоми нави хоҷагидориро дар ҳаёт татбиқ карда тавонанд.

       Хеле хуб  аст, ки дар ин ҷо касбу ихтисосҳое омӯзонида мешаванд, ки бо роҳи пешгирифтаи мо, вазифаҳои дар назди ҷумҳурӣ истода мувофиқ мебошанд…

       …Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷавон ва фарзанди истиқлолияти Тоҷикистон аст. Ин барои тамоми коллективи устодону донишҷӯён ва кормандони дигар боиси ифтихор буда, аз тарафи дигар ба зиммаашон масъулияти азим мегузорад. Умед аст, ки Шумо барои иҷрои қарзу вазифаҳои дар назди халқу Ватан доштаатон  саъю талоши хешро боз ҳам бештар мегардонед.”(1,31-32).

       Ин рӯзи муборак  ва ин санаи таърихӣ, хотирмон ва фараҳбахштарин санаҳои таърихии ҳаёти ин муассисаи таърихист. Ҳайати кормандони донишкада аз ин дастгирии Президенти муҳтарам руҳу илҳоми тоза гирифта, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони варзида пайваста талош меварзанд. Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот муҳимтарин масъалаест, ки дар ин сол ва ҳама сол дар донишкада ҳаллу фасли хешро ҷӯён ва пӯён аст. Бо вуҷуди ин, ба қадри имкон ба баъзе комёбиҳо ноил гардида истодаем.

       Раёсат ва кормандони донишкада тамоми ғайрату маҳорати хешро баҳри он равона намуда истоданд, ки сифати таҳсилот беҳтар гардад. Барои иҷрои ин вазифа на танҳо пойгоҳи устувори моддӣ – техникӣ ба вуҷуд оварда шудааст, балки маҷмуи чорабиниҳои ташкилӣ, методӣ, кадрӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар натиҷа сифати таълим то андозае боло рафтааст.

       Дар донишкада тибқи қарори Шӯрои олимон таҳти № 11\4,1 аз июни соли 2010 Маркази сайёҳӣ ва меҳмонпазироӣ таъсис дода шудааст, ки он аз санаи 25 августи ҳамон сол ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо мақсади пешбурди босамари кори марказ низомнома ва нақшаи кории он таҳия ва тасдиқ гардид. Фаъолияти марказ аз ҳамкориҳои судманд оғоз ёфта, бо ин мақсад таҳти сарпарастӣ ва кӯмаку дастгирии роҳбарияти донишкада, дар якҷоягӣ бо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ барои ҳамкории минбаъда бо Ассосиатсияҳои тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр кардани ихтисосмандони соҳа шартномаҳои тарафайн ва доимоамалкунанда баста шудааст. Марказ пайваста вохӯриву суҳбатҳои ашхоси муътабари соҳаи туризмро бо донишҷӯён ва устодони факултаи туризм ва меҳмоннавозӣ доир мегардонад.

       Моҳи феврали соли 2011 байни донишкада ва созмони байналмилалии хадамоти ихтиёриён барои ҳамкорӣ оид ба омӯзиши туризм дар донишкада қарордоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ баста шуд. Созмони мазкур бо факулта ва кафедраи марбута дар фаъолияти мустаҳкам қарор дорад. Дар ин марказ маҳфилу нишастҳо, мизгирдҳо, вохӯриву конфронсҳои илмӣ оид ба саёҳат,меҳмондорӣ, туризми зиёратӣ, экологӣ, кӯҳӣ ва хизматрасонӣ дар тарабхонаҳову меҳмонхонаҳо ва ғайра гузаронида мешаванд. Маркази мазкур дар тӯли мавҷудияти худ чандин маротиба бо директорони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, Ассосиатсияҳои соҳибкорони хурду миёна ва ширкатҳои туристӣ вохӯриҳоро созмон дода, оид ба масоили рушди соҳаи туризм ва тарзу усулҳои беҳтар намудани қабули меҳмононро ҳаллу фасл намудаанд.

       Маркази туризм ва меҳмонпазироии донишкада моҳи декабри соли 2010 соҳиби иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани роҳбаладони соҳаи туризм, ходимони хурд ва миёнаи тарабхона ва меҳмонхонаҳо, омӯзонидани забонҳо барои роҳбаладон, ходимон ва соҳибкорони хурду миёна гардид.

       Рӯзи 10 июни соли 2016 Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ ҷаноби Толиб Рифоӣ ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ташрифи расмӣ намуд.Ин шахси муътабар соли 2010 нахустин маротиба аз ин донишкада дидан намуда, ба ҳайати кормандон ва муҳассилини донишкада дар боби равнақу ривоҷи соҳаи туристӣ маслиҳатҳои басо судмандро иброз дошта буд. Ин боздиди дуюмини ӯ аз ин муассисаи олии касбӣ буда, дар муҳити басо созгор ва мутантан пазируфта шуд. Чӣ тавре ки дар мубодилаи афкори тарафайн зикр гардид, ҳадаф аз ин мулоқотҳо ва боздидҳо тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои пайваста дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи туризм ва меҳмондорӣ ва расму русуми он дар Тоҷикистон мебошад. Маҳз аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат такроран боздид намудани Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ бесабаб нест. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар миқёси Ҷумҳурӣ нахустин шуда, барои омода намудани мутахассисони бахши туризм ва меҳмонпазироӣ кафедра, факулта ва технопаркҳо созмон дода, баҳри боло бурдани омӯзиш ва хусусиятҳои хоси равиши таълими он аз хориҷи кишвар мутахассисонро даъват намуда, ба дастовардҳои назаррасе низ ноил гардидааст.

       Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олӣ (26.12.2019) ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир гардидааст. Дар ин паёми таърихӣ аз он ҷумла зикр гардидааст: ” Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд…Зарур аст, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароти инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад…Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди милии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имконияти бештар фароҳам меорад.

       Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод менамоям, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавд.

       Бовар дорам, ки ба хотири рушди ин соҳаи муҳим тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ якҷо фаъолият намуда, ҷиҳати муаррифии арзандаи Тоҷикистони азиз талоши бештар мекунанд (2,14).  

       Имрӯз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дорои чанд бинои таълимӣ, литсей, ошхона, дукончаҳои панирфурӯшӣ, нуқтаи тиббӣ, золи китобхона, марказҳои бузурги кампутарӣ, қироатхона, чопхона, толори маҷлисгоҳ, боғу майдонҳои гулпӯш ва роҳравҳои мунаққаш мебошад, ки дар он ҳайати устодон ва кормандони беш аз 250 нафар зери роҳбарии ректори Донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор баҳри таълиму тарбияи донишҷӯён ба забонҳои тоҷикӣ, узбакӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

       Камоли ифтихор аст, ки ҳоло барои таҳсили донишҷӯён тамоми шароитҳои илмиву техникӣ фароҳам оварда шудааст. Дар тӯли 30 сол мутахассисони хатмкардаи донишкадаи мо тайёрнамуда имрӯз на танҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, балки дар Русияву Олмон, Ҷопону Амрико, Арабистону Эрон ва дигар мамолики ҷаҳон дар вазифаҳои масъул адои вазифа менамоянд.

       Дар тӯли 30 соли пуршараф ва бурдбориҳо Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро ҳазорҳо дастпарварони он хатм кардаанд ва бо донишкадаи дӯстдоштаи хеш ҳамеша дар тамос ҳастанд.

       Дар тӯли 30 соли пуршараф чанд сарвар донишкадаро таҳти роҳбарӣ қарор доданд. Албатта, ҳар роҳбаре, ки омад пайи ободӣ, беҳбудӣ ва пешрафту такмили сохторҳои донишкада саъю кӯшиш намуд, ки ҳайати кормандон аз онҳо бешакку шубҳа миннатдоранд ва арҷгузорӣ менамоянд.

       Солҳои ахир аз сабаби афзудани зерсохторҳои донишкада ва зиёд шудани шумораи донишҷӯёну ихтисосҳои навин  биноҳо ва утоқҳои таълимӣ намерасиданд, синфхонаҳо кофӣ набуд. Ғайр аз ин, шароити мусоид барои кору фаъолияти самараноки ҳайати профессорону докторон ниҳоят маҳдуд гардида буд. Дигар ин ки донишҷӯён бо хобгоҳ таъмин карда намешуданд ва онҳо маҷбур буданд, ки аз ноҳияҳои дурдаст биёянд ё дар иҷора истиқомат намоянд, ки ин ба сифати таълим ва омодагӣ ба машғулиятҳо ва дар вақташ омадан ба дарсҳоро мушкил мегардонид.

       Ректори нав ва ҷавони  донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор  чунин муаммоҳои сарбастаро зуд пай ва дарку мушоҳида намуда, баҳри ислоҳи он заҳмат ва меҳнат, чора ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд. Дар як муддати кӯтоҳ (се моҳ) бинои нави таълимии шашошёна қомат афрохт, ки ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ҳайати кормандони донишкада ба ин корномаи бузург ангушти ҳайрат газиданд ва таҳсину офарин хонданд. Умед дорем ва насиб бошад он рӯз дур нест, ки шогирдони донишкада ва устодони варзида дар утоқҳои барҳавои  бинои нав ба таълиму тадрис пардохта, ғаму кудурати беҷойиро намекашанд. Дигар ин ки аз як иттилооти ректор Асрорзода Убайдулло бо мухбири ҳафтаворе чунин маънӣ барчида шуд, ки бо интиқол ба бинои нави таълимӣ, масъалаи хобгоҳи донишҷӯён низ ҳаллу фасли хешро хоҳад дарёфт. Ин комёбӣ, иқдоми нек ва хайрхоҳӣ нисбати донишҷӯён аз накукорӣ ва созандагиву бунёдкории ректори ҷавон ва умедбахш дарак хоҳад дод. Итминони комил дорем, ки дар муддати кӯтоҳ ин муассисаи олии таълимии касбӣ ба  номи бонуфузи донишгоҳ табдил ёфта, макону маъвои сайёҳону донишпажӯҳон ва маркази Ассосиатсияи соҳибкорон қарор хоҳад ёфт. Ҷидду ҷаҳди ҳайати кормандони донишкада ба он самт равона карда мешавад, ки  соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкориро ривоҷ дода, меҳмонони хориҷиро бештар ба худ  ҷалб намояд ва баҳри онҳо шароити мусоид омода созанд.

 

Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ — профессори кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.