logo
  • 14
  • 26.04.2021
  • Комментарии к записи АНДЕШАҲОИ СУЛҲПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР 30 — СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ отключены

АНДЕШАҲОИ СУЛҲПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР 30 — СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

       Истиқлолияти давлатӣ-асоси мустақилияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

       Барои истиқлолияти сиёсӣ, барои марзи иқтисодӣ тамоми мардуми рӯйи олам мубориза  мебаранд. Дар рӯйи замин халқиятҳо ва қавму миллатҳои зиёде  ҳастанд, ки теъдоди  аҳолиашон аз 40 млн зиёдтар  аст, вале то ҳол  Истиқлолият ба даст  наовардаанд.

       Истиқлолият барои мардуми тоҷик дар  назари аввал хеле  осон  ба даст омад, вале бо  мудохилаи душманони  дохиливу  хориҷӣ барои аз байн  бурдани  Истиқлолият низоъҳо ва ҷангҳои  шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буд, зеро  Истиқлолияти мардуми тоҷик  барои баъзеҳо  созгор  набуд. Он вақт барои мардуми тоҷик на  фақат хатари  барҳамзадани Истиқлолият, балки ҳамчун миллат  маҳв гардидани мардуми тоҷик низ  ба вуҷуд омада буд. Баъдтар бо  бахти мардуми тоҷик  ва  дигар  мардуми  Тоҷикистон шахсиятҳои  ҷоннисор  ва сиёсатмадори дараҷаи  байналмилалӣ, аз  қабили   Пешвои  миллат  ба майдони шадиди мубориза  барои  бартараф  намудани ин  ҳодисаҳо оманд.

       Дар тӯли 30-соли Истиқлолият хизматҳои  бузургу  намоёни Пешвои  миллат ва  халқи тоҷик хеле  арзишманду назаррасанд. Бо ташаббуси  фарзанди фарзонаи миллат сулҳу   ваҳдат пойдор  гашта, Истиқлолият  боз  ҳам мустаҳкамтар  гардид  ва  барои  пешрафти фарҳанги  мардуми мо шароит  фароҳам   омад. Натиҷаи ҳамаи он  заҳматҳо, дар кишвари кӯчаку  азизи мо имрӯз сукунати мардуми осоишта  мебошад. Халқи тоҷик дар давраи  Истиқлолият то  ба имрӯз  ба он  дастовардҳое  ноил  гардид, ки асрҳо ноил  гаштагӣ набуд.

       Андешаҳои ватандӯстонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ  ва  таърихӣ доштан, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мегардад. Махсусан, асарҳои таърихии  Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд. Яке аз ин гуна асарҳо “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” аст, ки дар таъриху тамаддуни ниёгони мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмуҳтавои олимони ватаниву хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Асари мазкур фарогири масоили таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёнажоди Осиёи Марказӣ дар  робита бо таърихи мардуми эронинажод мебошад.

       Дар муддати ин 30-соли Истиқлолият, дар ин  30-соли навсозиҳо, дар ин 30-соли муборизаҳои ақлонию зеҳнӣ, ин тадқиқоти хеле муфид  масъалаҳои ташаккули халқиятҳои ориёӣ, густариши тамаддуни он, падид омадани давлатҳои тавоною мутамарказ, нақши аҷдодони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо назари тоза ва дар заминаи дастовардҳои нави илмӣ матраҳ  гардидаанд. Омӯзиши ин асар дар мавридҳои тарбияи  ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ҳисси  ватанпарвариву ваҳдатгароӣ  беназир аст.

       Пешвои  миллат дар масъалаи  тарбияи  ҷавонон, ки ояндаи миллат ҳастанд, рушди минбаъдаи давлат ба ахлоқ ва дониши онҳо сахт марбут аст, омӯзиши таърихи  ниёгонро яке аз рукнҳои муҳими расидан ба ин  матлаб медонад ва зикр  мекунад:  “Як сарчашмаи воқеии худшиносии  миллӣ, қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳизи тамаддуну  мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонои фарзандони бузурги миллат  мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, Истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари  чандин омилҳои  объективию  субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру  нуктасанҷ дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи  таърих роҳи гузаштаву имрӯза  ва ояндаро пешорӯи мо қарор  дода, чун  ҳаками одил гиреҳи бурду  бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро  барояшон  мекушояд”  (1, 98).

       Дар муддати 30-соли Истиқлолият он  иншоотҳои  калони  таърихии аср, ки обрӯю нуфузи  сарвари мо ва халқи моро  ба  қадре  баланд намуд, ба  монанди сохтмони  НБО-Роғун, ки Пешвои миллат бо андешаҳои дидактикии худ халқи кишварро аз  ҷиҳати ахлоқӣ ва рӯҳӣ  рӯҳбаланд  намуд. Аз ин  ҷо аён  гардид, ки Сарвари  кишвар ахлоқи  неки  инсонпарваронаву  ватандӯстӣ ва хайрхоҳиро сазовор мебошад ва тавассути андешаҳои тарбиявии худ   халқу кишвари худро ҳамеша дастгирӣ  менамояд.

       Назари нек, муҳаббат ва самимияти комиле, ки Пешвои миллат  нисбати халқи худ  дорад, ба  ҷавонони  имрӯзаи мо нишонаи ибрати бузургест ва шоёни  дастгирӣ ва таҳсин аст. Андешаҳои дидактикии Сарвари  давлат дар  китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён  то  Сомониён” аз умқи  қалби  муаллиф  ба  қалам  омадааст, ки мегӯянд:  “Ман аз  саҳифаҳои куҳани  таърихи диёр, аз осори шаҳристнҳои вайронаву  нимвайронаи сарзамини  аҷдодӣ, аз миёни гарду  чанги асрҳо нақши гузаштаро  меҷӯям. Мехоҳам пораҳои  шикастаро васл  кунам, риштаҳои гусастаро бо  ҳам  бипайвандам, ҳақро аз  ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз  сабақҳои таърих  панде  биомӯзам” (1, 106).

       Сарвари кишварамон ба ҳар  асаре, ки қобили  омӯзиш  аст,  назар андохта, фикру  ақидаҳои  пандуахлоқии худро  байн  менамоянд. Таваҷҷӯҳи  Сарвари  давлат ба китоби диниву  ахлоқӣ, қобусномаи  ниёгон  “Авесто”, ки  ҳамчун  қадимтарин ва  мукаммалтарин сарчашмаи хаттии ниёгони  мо  пазируфта шудаасту ҷавҳари  онро “Пиндори нек, гуфтори  нек ва рафтори нек” ташкил  медиҳад, махсус  аст.

       Пешвои  миллат ҳамчун муаррихи нуктасанҷ зикр менамоянд, ки “Авесто” дар зиндагии ҳамарӯзаи аҷдоди мо ҳамчун  роҳнамои муҳим  барои  тамоми  табақоти  ҷомеа: кишоварзон, ҳунармандону косибон, сарлашкарону  сипоҳиён, подшоҳону тоҷварон, мӯъбадону  коҳинон хизмати арзандаро иҷро  мекард.  Ба андешаи Пешвои  миллат маҳз  мазмуну  мундариҷаи  баланд, арзиши тарбиявию ахлоқии ин  китоб  буд, ки новобаста ба беадолатиҳои  замона, кӯрдиливу бераҳмии  ҳокимони  ҷоҳил, гирумони  таърих то ба имрӯз омада расид. Воқеан, қисматҳои  боқимондаи “Авесто” аз  камолоти фарҳангу  маънавиёти аҷдодонамон  дар  давраҳои  қадим шаҳодат  медиҳанд Аз  мисолҳои  фаровони дар асар овардашуда маълум  мегардад, ки  аҷдоди тоҷикон соҳиби  донишу маърифати  пешрафта будаанд, ки ба халқҳои  Аврупо ва Осиё илҳом бахшидааст.

       Бемуҳобо, имрӯз яке аз  ҷанбаъҳои муҳими сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз  маҷмӯи  назарияи ахлоқи  ҳамидаи ниёгон  маншаъ  мегирад.

       Таълимоти имрӯза, ки ҷавҳари даъват ва ваҳдат, некӣ, рушноӣ, ободонӣ, ростӣ, созандагӣ  мебошад, яке аз он сарчашмаҳои  ноб буда, дар рушди ахлоқи ҷомеаи  ҷаҳонӣ, аз  ҷумла  тоҷикон, нақши  муҳим  гузоштааст.

       Таҳаммулпазирӣ, арҷгузории илму маърифат, пеш гирифтани роҳи ободиву созандагӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва дигар падидаҳои неки зиндагӣ аслан самараи неки тамаддуни ориёӣ мебошанд.

       Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба рисолати таърихии мардуми тоҷик  бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунад, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист. Пеш аз ҳама, халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст. Дар хуни аҷдоди ӯ пархошҷӯиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Сипас, таърихи ҳазорсолаи дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст.

       Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид. Ин баҳои сазовари Сарвари давлат мебошад, ки таъриху фарҳанги халқи хешро бо ҷиддияту масъулияти том омӯхтаву тадқиқ намуда, баробари миллати худ роҳи пурпечутоби сулҳу созандагиро тай намудааст ва дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи  Ватан масъулияти гарони наҷоти халқро аз даргириҳо ва буҳронҳо бар дӯши худ гирифтааст.

       Пешвои миллат бо таълифи китоби хеш насли имрӯзаро даъват менамояд, ки аз корномаи гузаштагон ибрати ватандорӣ биомӯзанд. Чун дар ҷодаи созандагӣ дар баробари мавҷуд будани андешаи қавли миллӣ, ки омили музаффариятҳои минбаъда мебошад, ахлоқи некӯи инсонӣ низ нақши  бориз дорад.

       Дар китоби дигари Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад, андешаҳои сулҳпарваронаю риятпарварии сарвари кишварамон баён гаштааст. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик мебошад. Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳо фарзандони фарзонаву далери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад.

       Китоб армуғони маънавии Пешвои миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, як бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик такягоҳи устувори миллат бендоза аст. Ӯ воқеаҳои таърихиро барои имрӯзиён дарси ибрат ва ҳаёт медонад.

       “Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст, ки дар зоти худ беҳамтост. Дар китоб 25 нафар чеҳраи мондагор тамаддуни олам, ки реша пайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд,ҷой дода шудаанд, ки  барои имрӯзиён муаррифии аҷдодону  гузаштагони тоҷикон гардиданд. Аксарияти ин чеҳраҳои таърихӣ шахсиятҳи барҷастае мебошанд, ки дар тағйири куллӣ бахшидани таърихи аҳли башар ё миллати  сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидаанд. Махсусан, хидмати ин чеҳраҳои мондагор дар муаррифӣ намудани фарҳанги тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳонӣ назир надорад. Пешвои миллат ҳангоми тадқиқоти паҳлӯҳои ибратбахши ҳаёт ва фаъолияти афроди таърихиро ба қалам додааст. Чунончи аввалин чеҳраи мондагори таърихӣ дар китоби Пешвои миллат Куруши Кабир аст, ки дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад.

       Дар заминаи сарчашмаҳои муътамади таърихиву археологӣ, маълумотномаҳои катибаҳо муаллифи китоб собит месозад, ки Куруши Кабир маҳз тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку усул ва тартиби ҷадиди идоракунии давлат, адолатҷӯӣ, ободкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудаст, маъруфият дорад. Тақдири давлати муосири тоҷикон ба тақдири давлатдории Куруш шабоҳат дода шудааст.

       Воқеан, ин ҷо метавон дар мавриди умумияти ҳукуматдории Куруш Кабир ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ аз хусусият ва сифатҳои фардии онҳо, аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири Ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо рӯи кор омадааст. Эъломияи Куруши Кабир, ки дар китоб сабт ёфтааст, ба сатрҳое хотима меёбад, ки дилу ният ва омили Пешвои миллати моро ифода мекунанд: “Сулҳу оромиро ба томоми мардум ато кардам” (4,56).

       Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Куруши Кабир, аз ҷумла муҳорибаҳо, кишваркушоиҳо, муносибатҳои дипломатӣ дар заминаи сарчашмаҳои муътамадӣ илмиву таърихӣ муфассал бо забони фасеҳ ҳикост мекунад. Хулосаҳои илми Сарвари давлат дар мавриди мақом ва манзалати Куруши Кабир раднопазир аст. Аз ҷумла, муаллиф Куруши Кабирро ҳаргиз дар қатори забткорону ҷаҳонкушоёни маъруфи олам – Чингиз, Темур, Искандари Мақдунӣ намегузорад. Зеро Куруши Кабир дар муҳорибаҳову лашкаркашиҳо ҳаргиз ба қатли ом роҳ намедод ва дар риояи ҳуқуқи инсон беназир буд ва ӯ бунёдгузори аввалин давлати мутамаддини инсонӣ маҳсуб меёфт. Хулосаи дигари Сарвари давлат дар китоб, ки низ бебаҳо аст, ин шӯҳрати ҷаҳони пайдо кардани Куруши Кабир дар бунёдӣ давлатдории дунёвӣ мебошад. Ба ибораи дигар, нахустин империяи пурқудрати давлати форс ба шакли дунявӣ асос ёфта буд. Ин мақола собит менамояд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат  ва усули  давлатдорӣ дар кишвари мо дуруст ва барҳақ аст.

       Қаблан муаллиф ба зиндагӣ ва фаъолияти ҷаҳонгирии Искандари Мақдунӣ таваққуф намуда, оид ба ғояву ният ва мушаххасро ироа месозад. Баъди омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи Спитамен ба ин қаҳрамони тоҷик баҳои сазовор дода шудааст: “Талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастонаи Спитамен яке аз дурахшонтарин саҳифаи таърихи муборизаҳои муташаккилонаи ниёгони суғдию бохтарии мо мебошад.(3, 56)

       Хулоса, Пешвои миллат дар асарҳои худ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда панд медиҳад, ки омӯзиши осори ниёгон ва таърихи гузаштаи халқамон ба мо имконият медиҳад, ки роҳи дурусти зиндагиро пеш  гирифта, ба бурдбориҳо муваффақ шуда фаъолият  намоем.

 

  М. Шокириён — устоди калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

 

 


Сӯҳбат пӯшида аст.