logo
  • 7691
  • 15.10.2019
  • Комментарии к записи Роҳнамои довталаб отключены

Роҳнамои довталаб

       Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод менамоям, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад. (Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019)

«Ояндаи таълимгоҳ нек аст. Он дар тайёр кардани мутахассисони моҳири хоҷагии халқ, шахсони комилу созанда ва бунёдкор саҳми арзанда хоҳад гузошт». (Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷўёну кормандони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  2-юми сентябри соли 1996).

«Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон аз муассисаҳои пешбари таҳсилоти тахассусии соҳаи туризм дар Тоҷикистон мебошад. Ин  сафари дуввуми ман ба ин даргоҳи таҳсилотӣ  буда, дарёфтам, ки ин ҷо ҷиҳати пешбурди таҳсилот ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бахусус соҳаи туризм корҳои шоёнеро анҷом додаанд. Аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мо кўшиш менамоем, ки  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар радифи муассисаҳои таҳсилотии беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ қарор бигирад».

Толиб Рифоӣ

Собиқ Дабири кулли Созмони

Умумиҷаҳонии сайёҳии СММ

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон пойгоҳи муҳташами илмию омўзгорӣ дошта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос баҳри пешбурди иқтисодиёти миллӣ устуворона қадам мезанад.

 М.В. Федеров

Президенти АНО “Маҷмааи

донишгоҳии Авруосиё”,

д.и.и., профессор

 

СОХТОРИ ТАШКИЛӢ-ИДОРАКУНИИ ДОНИШКАДА

ҲАЙАТИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШКАДА

 

ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

   Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз падидаҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1991 баҳри пешрафти илм, иқтисодиёт ва фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузошта истодааст. Донишкада бо Қарори Девони Вазирони ИҶСШ №530 аз 29-уми июли соли 1991 ва бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 226 аз 2 сентябри соли 1991 таъсис ёфтааст.

       Донишкада дар тули фаъолияти худ панҷ маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгў буданашро дар амал исбот намудааст ва то имрўз барои пешбурди хоҷагии халқи мамлакат ҳудуди 11000 нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст.

       Имрўз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мутахассисонро барои  соҳаҳои  гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти гумрукӣ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит тайёр намуда,  ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешбар табдил ёфтааст.

       Ҳоло донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ (аз соли 1998 инҷониб), 4 факултет, 1 шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, 4 бинои таълимӣ, 12 лабораторияи компютерӣ, беш аз 670 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ,  3 толори маҷлис, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 1 ошхона, Парки инноватсионию технологӣ мебошад.

Дар самти сиёсати кадрӣ ва тайёр кардани кормандони илмӣ-педагогӣ барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ донишкада саҳми арзанда дорад.

       Айни замон дар сохтори донишкада 14 кафедра арзи вуҷуд менамояд, ки дар онҳо мутахассисон аз рўи ихтисосҳои мухталиф тибқи тақозои бозори меҳнат омода карда мешаванд.

       Ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишҷўёни донишкада аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 28 ихтисос, магистратура дар 8 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рўи ихтисос (PhD) дар 3 ихтисос таълим мегиранд.

     Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун:

  • Донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рўйи самти технологияҳои иттилоотӣ;
  • узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ;
  • шарики барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ;
  • узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо – TARENA ва ғ.

       Бо мақсади пурзўр намудани самаранокии робитаҳои берунӣ ва густариши ҳамкориҳо донишкада бо бештар аз 60 ташкилоту созмон, муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, фаъолияти серҷанбаи соҳаро дар самтҳои гуногун ба роҳ мондааст. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати ҷалб намудани донишҷўён барои таҳсил дар хориҷи кишвар донишкада бо  таълимгоҳҳои олӣ — Донишгоҳи давлатии технология ва идораи ш. Маскав, Донишкадаи давлатии техникаи электронии ш. Маскав, Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Урал, Донишгоҳи давлатии туризм ва сервиси Федератсияи Русия, донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Донишгоҳи  миллӣ-техникии шаҳри Лутскийи Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи Бреда дар Нидерланд, Донишгоҳи Порто дар Португалия сафоратҳои  ИМА, Ҷопон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии  Эрон, Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе, ташкилоти DAAD, Барномаи ИА Темпус ва тавассути Барномаи ИА Темпус бо бештар аз 30 донишгоҳу донишкадаҳои  Аврупо, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Украина, Озарбойҷон ва ғайра ҳамкориҳои судманд ва самараоварро ба роҳ мондааст.

ҚИСМИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДА

       Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим, таҳлили натоиҷи сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонотӣ ва ѓайраҳо дар асоси Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои донишкадаро мувофиқа месозад.

Қисми таълим раёсат ва шуъбаҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Раёсати таълим
  • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
  • Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ
  • Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона
  • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон
  • Бахши омор

       Мавриди зикр аст, ки айни замон дар 14 кафедраи донишкада 224 нафар омўзгор барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 207 нафар омўзгори доимӣ ва ҳамкорони дохилӣ, 17 нафар омўзгори ҳамкори беруна мебошанд.

       Ҷараёни таълим дар донишкада тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сурат мегирад. Дар оғози соли таҳсили 2020-2021 дар донишкада ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълимӣ барои 25 барномаи таълимӣ таҳия карда шудаанд, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат менамоянд.

       Дар соли таҳсили 2020-2021 теъдоди омӯзгорони соҳиби унвон ва дараҷаи илмӣ ба 78 нафар (14 доктори илм, профессор, 64 номзади илм, дотсент) расонида шуд.

       Дар натиҷаи вохӯрӣ бо намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Қазоқистон ва бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишкада ба суроғаи Агентии мазкур ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои донишкада, аз ҷумла ихтисосҳои 1-250103 – “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ”, 1-890101 – “Саёҳат ва меҳмондорӣ” ва 1-26020210 – “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ”, гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ такроран дархост ирсол намуд ва дар ин самт корҳои омодагӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, таълимӣ-методӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот сурат гирифта истодаанд.

       Дар соли таҳсили 2020-2021  пайваста мониторинги сифати таҳсилот дар курсҳои алоҳида аз фанҳои тахассусӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, тибқи натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот, ки аз 17-ум то 21-уми феврали соли 2020 дар гуруҳҳои таълимӣ-академии ҳамаи ихтисосҳои донишкада гузаронида шуд, сатҳи азхудкунӣ 82,3%-ро ташкил дода, сифати таҳсилот нисбат ба натиҷаи  соли таҳсили гузашта  9,8 % баланд шудааст;

       Дар соли таҳсили 2020-2021 низ чун солҳои қаблӣ дар ду гурўҳи магистрӣ аз рўи ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” таҳсил бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, як гуруҳи забони таҳсилаш англисӣ аз ҳисоби донишҷӯёни зинаи бакалаври ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” таъсис дода шуд.

ҚИСМИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ДОНИШКАДА

       Қисми илм ва инноватсияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат яке аз сохторҳои асосии таркибӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти илмӣ-тадқикотӣ ва инноватсионии донишкадаро ҳамоҳанг месозад.

       Ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишкада зиёда аз 28 сол инҷониб ба тадқиқоти проблемаҳои рушди соҳибкорӣ ва соҳаи инноватсионии иқтисодиёти мамлакат машғул мебошанд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо фаъолияти таълимии донишкада хеле зич алоқаманд буда, вобаста ба талаботи замон ва бозори хизматрасониҳои зеҳнӣ, ҳамчунин бо таъсиси ихтисосҳои нав дар донишкада мунтазам тасҳеҳ карда мешаванд.

       Қисми илм ва инноватсия бевосита ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсия тобеъ мебошад. Қисми илм ва инноватсия фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо ва дигар сохторҳои донишкадаро оид ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-амалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, баландбардории дараҷаи тахассуси устодон, ҷалби донишҷӯёну магистрон ба намудҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ ва инноватсиониро ба роҳ мемонад.

       Ба қисми илм ва инноватсия сохторҳои зер тобеъ мебошанд:

  • Раёсати илм ва инноватсия;
  • Шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
  • Китобхонаи илмӣ;
  • Китобхонаи электронӣ;
  • Парки инноватсионӣ-технологӣ;
  • Нашрияҳои илмӣ.

       Вазифаи асосии шуъбаи илм ва инноватсия ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону донишҷӯён ва магистрон, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мебошад.

       Дар мавриди ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таваҷҷӯҳи асосӣ ба таъмини сатҳи баланди илмӣ ва амалии онҳо, тамоюли инноватсионӣ, истифодаи пурраи натиҷаҳои ба дастомада дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, дар раванди таълим, ҷалби бештари устодон, донишҷӯён ва магистрон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии воқеӣ нигаронида шудааст.

Шумораи магистрантон ва докторантону (PhD) унвонҷӯён дар шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Ихтисосҳо Курс Шумора
Магистратура
Иқтисодиёти ҷаҳон (гуруҳи русӣ) 1 17
Молия ва қарз 1 16
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит 1 18
Идораи давлатӣ 1 17
Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ 1 15
Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ 1 18
Кори бонкӣ 1 15
Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) 1 16
Андоз ва андозбанди 1 15
Иқтисод ва идора дар дар корхонаҳои саноатӣ 1 15
Маркетинг 1 15
Менеҷмент 1 15
Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ 1 14
Идораи мақомоти маҳаллӣ 1 15
Менеҷменти молияви 1 16
Иқтисодиёти ҷаҳон (гуруҳи руси) 2 20
Иқтисодиёти ҷаҳон (гуруҳи англисӣ) 2 17
Молия ва қарз 2 21
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо 2 19
Идораи давлатӣ 2 27
Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ 2 23
Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) 2 16
Кори бонкӣ 2 12
Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ 2 9
Ҳамагӣ 24 гурӯҳ 399 нафар
Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)
Иқтисодиёт 1 7
Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит 1 3
Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ 1 2
Иқтисодиёт 2 6
Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит 2 1
Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ 2 2
Бизнес — маъмуриятчигӣ 2 1
Иқтисодиёт 3 2
Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ 3 0
Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ 3 3
Бизнес — маъмуриятчигӣ 3 0
Ҳамагӣ 12 гурӯҳ 27 нафар
Унвонҷӯён
Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ 3 3
Ҳамагӣ   3

ҚИСМИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ ДОНИШКАДА

Қисми робитаҳои хориҷӣ яке аз сохторҳои таркибии донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти густариши равобити хориҷӣ дар асоси низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳоимеъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба роҳ мондааст.

    Қисми робитаҳои хориҷӣ танзим ва назорати равобити хориҷии донишкадаро амалӣ сохта, баҳри вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ва истифодаи самараноки онҳо дар рушди касбияти мутахассисон, таҳияи лоиҳаҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷалби грантҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ месозад.

       Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак бо муассисаҳои таълимии хориҷи дуру наздик, институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ дар панҷ соли охир 63  шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

 

САФАРҲОИ ХОРИҶӢ

       Тӯли панҷ соли охир донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар кормандон ба хориҷи кишвар бо мақсади таҷрибаомӯзӣ, сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ ва такмили ихтисос сафари корӣ анҷом доданд. Мақсаднокии сафарҳои хизматии омӯзгорон дар он ифода меёбад, ки омӯзгорони зикршуда усулҳои муосири таълим, таҳияи китобҳои дарсиву дастурҳо, истифодаи воситаҳои интерактивии муосир ва ғайраҳоро аз худ намуданд. Ҳамчунин омӯзгорон дар иҷроиши таҳқиқоти илмии муштарак ширкат варзида, такмили касб намуданд. Ғайр аз ин, дар раванди иҷроиши лоиҳаҳо ба донишкада серверҳо ва техникаи компютерии муосир ворид карда шуд.

       Дар соли таҳсили 2019-2020 11 нафар омӯзгорони донишкада ба донишкадаву донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Нидердланд сафари хизматӣ намудаанд.

ЛОИҲАҲОИ АМАЛИШАВАНДА

       Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи лоиҳаҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузоришаванда низ ҳамкории худро густариш дода истодааст.

       Дар соли таҳсили  2019-2020 дар баробари лоиҳаи маблағгузоришаванда дар мавзуи “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (менеҷери лоиҳа, дотсент Қодирова М.И.) боз як лоиҳаи дигар дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” таҳти унвони “Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” бо маблағгузории ҳудуди 2781035 сомонӣ тибқи натоиҷи арзёбӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

       Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ тӯли солҳои охир афзоиш ёфта истодааст. Хусусан дар соли таҳсили  2020-2021 шумораи донишҷӯёни хироҷӣ ба маротиб афзоиш ёфта, 260 нафарро ташкил намуд.

ҚИСМИ ТАРБИЯИ ДОНИШКАДА

       Қисми тарбияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат кори худро дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 бо №94 қабул шудааст, ба роҳ монда, мақсад аз он:

— дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тарбияи насли наврас равона карда шудаанд;

— тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ;

— зери назорати доими қарор додан ваба роҳ гузоштани кори тарбиявӣ дар факултетҳои донишкада ва роҳбарӣ намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии донишкада;

— татбиқ намудани Қонуни Ҷумхурии Точикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҳамкорӣ бо волидайн;

— ҷалб намудани ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои оммавӣ-сиёсии донишкада ва берун аз он;

— ҷалби ҷавонон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ ва тарбияи ҳаёти солим дар байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон.

        Дар қисми тарбияи донишкада Шӯрои ҳамоҳангсоз амал менамояд, ки дар ҳайати он инҳо фаъолият менамоянд:

  • Шуъбаи ташкилӣ- тарбия;
  • Бахши кор бо ҷавонон;
  • Шӯрои бонувон;
  • Ансамбли “Соҳибкор”.

      Донишҷўёни донишкада ҳаёти пурасрору ҷолиб ва хотирмон доранд. Дар донишкада тўли солҳои фаъолият худидоракунии донишҷӯӣ дар шакли замонавӣ роҳандозӣ шуда, ба донишҷўён имконияти эҳсоси комили аъзои коллектив буданро фароҳам сохтааст.

       Фаъолияти ҷамъиятӣ, волонтёрӣ, иштирок дар маҳфилҳои мухталифи донишҷўён, ватандўстӣ, фарханг ва эҷод, матбуоти донишҷўён, варзиш, туризм аз самтҳои муҳими фаъолияти созмонҳои худидоракунии донишҷўёни донишкада маҳсуб меёбанд.

       Иттиҳодияҳои асосии донишҷуёни донишкада ин Лигаи донишҷўёни донишкада, Ҷамъияти илмии донишҷўён, маркази волонтёрӣ, отряди фаврии донишҷўён, Шўрои донишҷўён, Клубҳои донишҷўён “Сайёр”, “Ҷаҳони саёҳат”, “Форум”, “Соҳибкор”, “Ҷавонони рақамӣ” хадамоти донишҷўии тюторҳо, бизнес-инкубатори донишҷўён мебошанд.

       Лигаи донишҷўёни донишкада созмони пешбари ҷавонони донишкадаи мо буда, зиёда аз 840 нафар донишҷуёни фаъолро ба ҳам овардааст. Бо ташаббуси Лигаи донишҷўён хамасола зиёда аз 40 чорабиниҳои оммавӣ доир карда мешавад. Лигаи донишҷўён фаъолияти худро дар самтҳои ҳимояи иҷтимоии донишҷуён, варзиш, эҷодиёт, илм, истироҳат, тандурустӣ, фарҳангӣ-вақтхушӣ рохандозӣ менамояд.

       Клубҳои донишҷўён «Сайёр», «Ҷаҳони саёҳат», «Форум», «Соҳибкор» ва “Ҷавонони рақамӣ” дар пешбурди чорабиниҳои марбут ба ташкили сайру саёҳати донишҷўён ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии Тоҷикистон, баргузории озмунҳои гуногуни донишҷўӣ, ташкили барномаҳои фароғатӣ барои донишҷўён ва амсоли инҳо пайваста талош меварзанд.

      Донишкада ташкилотчии силсилаи форумҳои донишҷўӣ, конфронсу нишастхои илмии донишҷўён, озмуну фестивалҳои донишҷўён, мусобиқоти варзишии донишҷӯён буда, чорабиниҳои зикргардида дар доирахои таҳсилоти олии касбии мамлакат нуфузи хоса пайдо кардаанд. Дар баробари ин, дар донишкада гуруҳҳои ҳунарӣ, овозхонӣ, рақс, санъати театрӣ амал намуда, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз қабили «Маҳфили зарифон», «Донишҷўи эҷодкор», озмуни саҳнаҳои театрӣ, маҳфили «Канӣ духтарон», «Бонуи ҳунар» ба ҳукми анъана даромадааст.

 

ҚИСМИ ИҚТИСОДӢ-ХОҶАГИДОРИИ ДОНИШКАДА

       Қисми иқтисодӣ-хоҷагидории донишкада ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишкада силсилаи корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмониро анҷом дода, дар самти фаъолияти иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявии донишкада пешравиҳои шоён  ба назар мерасанд.

       Пардохти музди меҳнати кормандон дар донишкада аз руйи басти кории тасдиқгардида ва нақшаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсус ба роҳ монда шуда, музди меҳнати миёнаи ҳайати кормандони донишкада дар соли таҳсили 2020-2021 – 2305 сомониро ташкил дод.

       Дар соли таҳсили 2020-2021 барои истифодаи донишҷўёну устодон ошхонаи нав барои 60 ҷойи нишаст дар як вақт, толори нави маҷлисгоҳ ва машғулиятҳои лексионӣ барои 120 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон толор –қироатхонаи китобхонаи илмии донишкада ба тозагӣ таъмир карда шуда, шумораи ҷойҳои нишаст дар он ба 150 адад расонида шуд.

       Дар ин давра барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ҷевонҳои китобмонӣ-10 адад, мизҳои конфронсӣ- 10 адад, минбар 6 адад, мизу курсиҳои ошхона барои 60 ҷойи нишаст  харидорӣ карда шуд.

  Барои гарм нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ба миқдории 24 адад кондитсионерҳо васл карда шудааст.

       Ҳамчунин барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ 300 миз ва 600 курсӣ ва 10 тахтаи синфӣ харидорӣ карда шуд.

 

ФАКУЛТЕТҲО ВА КАФЕДРАҲОИ ДОНИШКАДА

Соли таҳсили 2021-2022 тибқи нишондоди Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ №0002825 аз 29.07.2020 қабули донишҷўён аз рўи 14 ихтисоси нав дар назар аст.

ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

Факултети молия ва қарз дар сохтори донишкада аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш арзи вуҷуд дошта, бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгў ба талаботи замони муосир нақши хеле назаррасро соҳиб мебошад.

Факултет бо омўзгорони ботаҷриба, пойгоҳи муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳо бо техникаи компютерии муосир, васоити айёниву методӣ ва дигар маводи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз мебошанд.

 

 

 

 

 

ФАКУЛТЕТИ ГУМРУК ВА ҲУҚУҚИ ИҚТИСОДӢ

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар сохтори донишкада аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш арзи вуҷуд дошта, бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгў ба талаботи замони муосир нақши хеле назаррасро соҳиб мебошад.

Факултет бо омўзгорони ботаҷриба, пойгоҳи муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳо бо техникаи компютерии муосир, васоити айёниву методӣ ва дигар маводи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз мебошанд.

 

 

 

 

 

 

ФАКУЛТЕТИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

Факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар сохтори донишкада навтаъсис ба ҳисоб рафта, бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир нақши хеле назарасро соҳиб мебошад.

Факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо омӯзгорони ботаҷриба, пойгоҳи муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳо бо техникаи компютерии муосир, васоити айёниву методӣ ва дигар маводи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз мебошад.

ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ-ИҚТИСОДӢ

Факултети  баҳисобгирӣ-иқтисодӣ моҳи августи соли 2020 таъсис дода шуд. Факултет бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир нақши хеле назаррасро соҳиб мебошад.

Дар давраи фаъолияти худ факултет сратегияи амиқи тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои муҳосибот (ҳисобдорӣ), идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, фаъолияти молиявӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ дар бонкҳо ва саноат муташаккилона амалӣ намуда истодааст.

ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ  ба сохтори  ташкилӣ-идоракунии донишкада аз 30-юми августи соли 2019 тағйирот ворид карда шуда, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона таъсис дода шуд.

ЛИТСЕЙИ ДОНИШКАДА

Литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат соли таҳсили  2020-2021- ро дар шароити хуби таълиму тарбия  оғоз намуд. Дар литсейи донишкада барои таҳсили хонандагон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Дар ин давра шумораи хонандагон 719 нафарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 232 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар байни онхо 3 нафар хонандагони литсей гирандаи “Стипендияи Президентӣ”, 1 нафар гирандаи “Стипендияи Раиси шаҳр”ва 5 нафар дорандаи “аттестати аъло”-и маълумоти миёнаи асосӣ мебошанд, ки фахри литсей мебошанд.

Дар даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ, ки 315 нафар хонандагон иштирок намуданд, 72 нафар ғолибиятро ба даст оварда, дар даври II-юми ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар даври II-юми олимпиадаи  ноҳиявӣ 20 нафар ғолибиятро ба даст оварда, ба даври III-юми олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Рӯзҳои 2- 3 юми январ ғолибон дар даври сеюми иштирок намуданд ва умедворем, ки натиҷаҳои хуб ба даст меоранд.

Инчунин, дар литсей озмун аз руйи номинатсияҳои “Хушнависӣ — зебопарастист”, “Ман зебо менависам” ва “Қалами сабз” баргузор гардидл, ки дар озмуни “Беҳтарин хушнавис”48 нафар хонандагони синфҳои 1-11 иштирок намуда, 8 нафар ғолибиятро ба даст оварданд ва барои иштирок дар давраҳои минбаъда роҳхат гирифтанд.

Нимсолаи I-уми соли хонишро дар литсей 719 нафар чамъбаст намуданд. Дар натиҷа баҳои миёнаи азхудкунӣ дар литсей 4,4 буда, 88%-ро ташкил медиҳад.

БАХШИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ

Дар баробари рушди дигар самтҳои фаъолияти донишкада рушди технологияҳои компютерӣ ва телекоммуникатсия низ бо суръати баланд сурат гирифта истодааст, ки ин рушди  инфрасохтори хизматрасониҳои  иттилоотию коммуникатсионӣ муосидат менамояд.

Дар сохтори идоракунии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Хадамоти коммуникатсионӣ фаъолият менамояд, ки мақсади он аз ҷорӣ намудан ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, техникаҳои компютерӣ ва телекоммуникатсияи муосир, қонеъ намудани эҳтиёҷоти ҳамаи самтҳои фаъолияти донишкада ва сохторҳои онро бо техника ва барномаҳои иттилоотӣ иборат мебошад.

Хадамоти коммуникатсионии донишкада барои дар амал татбиқ намудани техника ва технологияи навини иттилоотӣ дар донишкада вазифаҳои зеринро ба сомон мерасонад:

Хадамоти коммуникатсионӣ дар давоми фаъолияти ҳаррӯзаи худ тибқи нақша фаъолият намуда, тамоми корҳо ва супоришҳои ба зимма гузошташударо саривақт ва аз рўйи имконоти маҷвуда бо сифати баланд иҷро менамояд.

Шумораи умумии компютерҳо дар донишкада айни замон ба 703 адад расидааст, ки аз ин 617 адади онро компютери рӯи мизӣ, 46 адад ноутбук, 40 адад нетбук, 104 адад моноблок, 3 адад сервер ва 2 адад блоки системавӣ 94 адад принтер ва 3 сканерро ташкил медиҳад. Баҳри беҳтар намудани ҷараёни иттилоотикунонӣ ҳар як кафедраи донишкада бо 1 компютери рӯимизӣ, 1 ноутбук 1 принтер ва 1 проектор таъмин гардидааст.

Инчунин, донишкада дорои 50 доскаи интерактивӣ  мебошад.

Дар соли таҳсили 2019-2020 80 адад моноблок, 11 адад принтер,  1 сервер, 1 доскаи электронӣ ва 128 адад компютери рӯимизӣ харидорӣ карда шуд.

Миқдори компютерҳои бо шабакаи локали пайваст шуда 330 адад.

Миқдори компютерҳои бо интернет пайвастшуда 208 адад

Миқдори камераҳои назорати 108

 

ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

  • Зиёда аз 4000 нафар донишҷў, аспирант ва докторант;
  • 4 факултет ва 1 шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона;
  • 14 кафедра;
  • 224 нафар кормандони баландихтисоси илмӣ-омўзгорӣ;
  • 14 нафар доктори илм, профессор, 64 нафар номзади илм, дотсент
  • 28 ихтисос дар зинаи бакалавриат;
  • 8 ихтисос дар зинаи магистратура;
  • 3 ихтисос дар зинаи докторантура аз рўи ихтисос (PhD)
  • Литсей дар назди донишкада;
  • 12 лабораторияи компютерӣ;
  • 705 компютери пайваст бо Интернет;
  • Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техника ва технологияҳои муосири таълимӣ;
  • Имконоти васеъ барои азхудкунии забонҳои хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ )
  • Имконияти идомаи таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рўи ихтисос (PhD);
  • Таъмин бо ҷойи кор дар беҳтарин корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ;
  • Маркази соҳибкорӣ ва рушди касбият;
  • Фазои мусоид баҳри пешбурди фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ барои донишҷўён;
  • Муҳити созгор барои такмили малакаи соҳибкорӣ ва ташкили бизнес;
  • Парки инноватсионию технологӣ;
  • Густариши ҳамкориҳо бо беш аз 60 ташкилоту созмон, ширкат ва муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ;
  • Донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рўи самти технологияҳои иттилоотӣ;

 

Шумораи умумии кормандони илмӣ-педагогӣ – 224 нафар;

Доктори илм, профессор – 14 нафар;

Номзади илм, дотсент  — 68 нафар;

Шумораи умумии донишҷӯён – 4686 нафар;

Аз ҷумла,

  • дар зинаи бакалавриат – 4260 нафар;
  • дар зинаи магистратура – 426 нафар;
  • дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос – 27 нафар.

Шумораи донишҷӯён дар факултетҳо:

Дифои рисолаҳо дар соли 2020 – 5 нафар;

Шумораи мақолаҳои илмӣ – 196  адад;

Шумораи монографияҳои нашршуда дар соли 2020 – 21адад;

Шумораи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ дар соли 2020 — 23 адад;

Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ – 260  нафар;

Шумораи шартномаҳои амалкунанда – 65 адад.

Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон №240 аз 29 апрели соли 2020 дар бораи муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” Донишкада номи  муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” ба муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” иваз карда шудааст. Вобаста ба ин сохтори доракунии донишкада тағйир дода шуда, шуруъ аз оғози соли таҳсили 2020-2021 он амалӣ карда мешавад.