logo

ИСТИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: АСОСИ БУНЁДИИ ТАҲКИМ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

       Таҳти чунин унвон, дар асоси иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Донишадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар заминаи кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ санаи 8 майи соли 2021 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ , бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну магистрантони мактабҳои олии кишвар иштирок намуданд.
      Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Хоркашов И.С. бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшиданд: «Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки кишвар ва мардуми худро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва ҷойгоҳи мустақил ва сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин созоем».
      Воқеан, дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ба мардум ва кишвари азизи мо муяссар гардид, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат аз як давлати ҷангзада ва дар сатҳи ниҳоят пасти иқтисодӣ қарордошта, ба як давлати рушдёфтаи минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро табдил диҳем.
       Бинобар ин, дарки масъулонаи Истиқлолияти давлатӣ моро водор менамояд, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилонаю содиқона заҳмат намоем.
      Сипас, Холиқзода Абдураҳим Ғафор –директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мавзӯи «Истиқлол ва шукргузорӣ дар ҳикмати давлатдорӣ» баромад намуда, қайд карданд, се сутуни истиқлолият, аз ҷумла Истиқлолияти халқӣ, Истиқлолияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро аз нигоҳи назариявӣ ҷудо намудан мумкин аст, ки дар якҷояги Истиқлолияти комили давлатиро ташкил медиҳад.
       Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд Холиқзода А.Ғ. бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ корҳоеро анҷом доданд, ки тӯли садсолаҳо имконияти иҷрои онҳо вуҷуд надошт.
       Чорабиниҳои анҷомдодаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати давлатсозию миллатсозӣ дастгирии саросарии мардуми кишварро касб намуда, имконият фароҳам меоварад, ки ҳисси худшиносӣ, ватандўстӣ, фарҳангӣ миллӣ бо роҳи ошноӣ пайдо намудан бо корнамоиҳо ва мутолиаи асарҳои Қаҳрамонони халқи тоҷик чун Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва дигарон, афзоиш ёбад.
      Профессори кафедраи ҷомеашиносии донишкада Ҳотамов Намоз Басарович бо мавзӯи: “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – тӯҳфаи таърихи ба тоҷикон” баромад намуда, қайд карданд, ки Пешвои муаззами миллат Истиқлолиятро ҳамчун тӯҳфаи гаронбаҳои миллат дар солҳои 90-уми садаи XX мешиносанд, вале мутаассифона дар солҳои аввали истиқлолият ноуҳдабароёна истифода карда шуд.
       Тӯҳфаи муҳимтарини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба мардуму миллати тоҷик ин ба сари қудрат омадани меъмори Истиқлолияти давлатӣ сарвари ҷавон ва ба ору номуси миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки новобаста аз таҷрибаи начандон калони давлатдорӣ дар як муддати кутоҳ халқи тоҷикро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот дод, тазаккур дод, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шарипов Исомиддин Умарович.
       Дар охири ҷаласаи пленарии конфронс пешниҳод гардид, ки дар назди кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии ДССХ семинари илмии доимоамалкунанда зери роҳбарии д.и.ҳ., профессор, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор ташкил карда шавад.