logo

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ – АСОСИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

       Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.

                      Эмомалӣ Раҳмон

       Дар тамоми давраҳои таърихӣ иттилооти саҳеҳ, пурра ва эътимодноки давлатдорӣ ҳамеша қадр шуда, чун «гавҳараки чашм» ҳифз мегардид. Дар замони мо, ки ҳаҷм, сифат, шумора ва шаклҳои гуногуни маълумот дастраси ҷомеа аст, бе таҳриф ва мувофиқи муқаррарот ба макон ва соҳиби аслиаш рафта расидани он аз масъалаҳои муҳими амнияти иттилоотӣ дониста мешавад.

       Шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ таъсиргузоранд, аммо истифодаи онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ифротию тундрав метавонад таҳдиду хатарҳои нав барои амният ва манфиатҳои миллӣ, ба вижа амнияти иттилоотӣ эҷод созад.

       Амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии кори компютер, телефон, планшет ва дигар воситаҳои техникӣ вобастагӣ дорад.

       Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои тундрав истифода мешаванд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Одноклассники», ҳамчунин, мессенҷерҳои «WhatsApp», «Viber», «Telegram» ва ғайра гурӯҳ ва саҳифаҳои ҷонибдорон ва мубаллиғони «ДИИШ», «Ҳизбу-т-таҳрир», салафия ва дигар гурӯҳҳои мухолиф, ки амни миллати моро намехоҳанд, фаъолона амал мекунанд.

       Шурӯъ аз соли 2014, ки ҳаракатҳои хатарњои гурӯҳи «Давлати исломӣ» шадидтар гардид, Тоҷикистон ба хотири бехатарии шаҳрвандонаш фаъолияти баъзе аз шабака ва сомонаҳои интернетиро маҳдуд намуд. Ин ҳол боиси норозигии баъзе аз доираҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гашт, ки гӯё дар кишвар дастрасӣ ба иттилоот қаноатбахш нест. Аммо, баъдтар, ки баъзе аз шаҳрвандони тоҷик бо оилаашон ба Сурия рафта, туъмаи ҷанги бегонагон гаштанд, саривақтӣ ва манфиатбахш будани иқдоми ҳукумату давлат маълум гашт. Мардум ҳар рӯз медиданду мешуниданд, ки аксари ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ пайваста маҳз тавассути Интернет ва шабакаҳои махсус раҳ ба ин кишварҳо ёфтаанд.

       Бесабаб нест, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйироти нав ворид гаштааст, ки мувофиқи он падару модар ҳуқуқ доранд, пас аз муроҷиати расмӣ, бо ёрии кормандони шабакаҳои алоқавӣ дар кадом сомонаҳо ва бо киҳо дар робита будани фарзандашонро дониста бошанд. Зеро, вақтҳои охир тавассути Интернет ба доми фиреб афтодани шаҳрвандон зиёд ба мушоҳида мерасад.

       Дар ин маврид, як мисоле меорем, ки кас аз шуниданаш ҳайрон мешавад: «Як устоди донишгоҳ аз донишҷӯе мактуб мегирад, ки гӯё ба хориҷа рафта, дар роҳ маблағ ва ҳуҷҷатҳои заруриашро гум кардааст. Ба хотири дар ташвиш наафтодани волидонаш аз устодаш хостааст, ки ба суратҳисобаш 2000 доллари амрикоӣ гузаронад ва онро пас аз бозгашт ҳатман бармегардонад. Барои тафтиши дурустии ин қазия мақомоти дахлдор робитаро бо донишгоҳу донишҷӯ (соҳиби суроғаи электронӣ) барқарор карда, ошкор сохтаанд, ки аз суроғаи ин донишҷӯ каси дигар истифода бурда, ба қаллобӣ даст задааст».

       Тавассути Интернет мукотибот, суҳбатҳои телефонӣ ва дидорбинии онлайнӣ сурат гирифта метавонад. Мақомоти дахлдори давлатӣ чунин робитаҳоро танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорат қарор медиҳад.

       Ҳолатҳои дигари қаллобиву мардумфиребӣ метавонад ба воситаи бозиҳои гуногун зуҳур кунанд. Масалан, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш иҷтиноб меварзем, аз бозии почтаи электронӣ 300 ҳазор евро ба даст меорад ва мефаҳмад, ки барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ва интиқоли маблағ аз Аврупо ба Тоҷикистон гӯё 25 ҳазор евро зарур аст. Шаҳрванди мазкур ин маблағро қарз гирифта, ба хориҷа равон мекунад. Аммо, баъд аз ин, аз хориҷа дигар хату хабаре намеояд.

       Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар шаклҳои муошират танҳо нисбат ба шахсоне  ҷоиз дониста мешавад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин гумонбар ё айбдор шудаанд, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои мазкур маълумот дошта бошанд.

       Фонограммаҳое, ки дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои интернетиву телефонӣ ба даст оварда шудаанд, дар ҳолати муҳршуда, дар шароите, ки имконияти аз ҷониби шахсони бегона гӯш кардан ва нусхабардории онҳоро истисно мекунад, нигоҳ дошта мешавад. Яъне, танҳо ба мақомоти давлатии ваколатдор иҷозат дода шудааст, ки дар мавридҳои пешбиникардаи қонун ба маълумоти шахсии почтаҳо ё алоқаҳои почтавӣ дастрасӣ дошта бошанд. Ба ҷуз аз қонунҳои дар ин соҳа қабулшуда, Консепсияи амнияти иттилоотӣ ва Консепсияи давлатии сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор доранд, ки ин ва дигар ҳолатҳоро мушаххас мекунанд.

 

Гадоев А.Ф. — детсенти кафедраи риёзиёт ва низоми

технологияҳои иттилоотии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат