logo

ТАБРИКОТИ КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТИИ ДССХ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МАВЛУДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА МУҲТАРАМ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР!

Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман,
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ,
Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.
       Устоди арҷманд Убайдулло Саттор,
       Дар ин лаҳзаҳои фараҳу шодӣ иҷозат фармоед Шуморо ба ифтихори солгарди мавлудатон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо ва наздикону пайвандонатон тани сиҳату хонаи обод, комёбию сарбаландӣ, фирӯзию сурур ва саодату обрӯмандӣ орзу намоем.
       Бо изҳори ихлосу самимият арз медорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар муассисаи таълимӣ тамоми кормандон дар фазои мусоиду созгор машғули кору фаъолият мебошанд ва ба муваффақияту комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд. Маҳз, ҳидояту дастурҳои арзишманди Шумо барои рушду пешрафти фаъолияти кормандон мусоидат менамояд.
       Бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ бояд изҳор дошт, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ, ки Шумо роҳбарии Донишкадаро бар дӯш доред, симои муассиса ба куллӣ тағйир ёфта, зинаҳои баланди илму дониш фатҳ гардида, сатҳи таълиму тадрис боло рафтааст. Он нукта далели қатъии гуфтаҳои болоист, ки шояд Шумо дар байни роҳбарони ин муассисаи илмию тадрисӣ аввалин роҳбаре бошед, ки баҳри муҳайё намудани шароити мусоид барои толибилмон камари ҳиммат баста, ҷиҳати бунёд кардани биноҳои таълимӣ тасмим гирифтаед ва дар як муддати кӯтоҳ бинои боҳашамати баландошёна қомат афрохтааст.
       Дар ин иртибот, бо камоли итминон метавон изҳор дошт, ки Шумо бо кору пайкори суботкоронаатон воқеан ҳам собит сохтаед, ки боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовор гаштаед ва дар обод кардани як гӯшаи Ватани муқаддасамон саҳми арзанда гузоштаед. Шумо бо амали созанда ва фаъолияти бунёдкоронаатон тибқи гуфтаҳои Шайх Саъдӣ “Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол; тавонгарӣ ба ҳиммат аст, на ба мол” амал намуда, шарофатмандона дар дилу дидаи кормандон ҷой гирифтаед.
       Аз ин ҷост, ки имрӯз ҳар як корманди донишкада бо номи Шумо ифтихор менамояд ва баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад ва дар ин ҷода пайваста дастгирию кӯмаки Шуморо эҳсос мекунад.
       Вобаста ба ин, мехоҳем бори дигар Шуморо бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гӯем ва таманниёти худро аз забони шоир чунин изҳор созем:
“Солу фолу молу ҳолу аслу наслу тахту бахт,
Бодат андар шаҳриёрӣ барқарору бардавом.
Сол – хуррам, фол – некӯ, мол – вофир, ҳол – хуш,
Асл – собит, насл – боқӣ, тахт – олӣ, бахт – ром”.
Саодатманду фирӯз бошед!