logo

ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДССХ

       8 майи соли 2021 дар толори фарҳангии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  чорабинии тантанавӣ бахшида  ба 76-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид, ки дар дар он меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни донишкада иштироки фаъол намуданд.

       Чорабинии тантанавиро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда, тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.

      Зимни баромади худ Ҷабборов Б.Б. қайд намуд, ки Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хатти заррин сабт шудааст. Мақсад аз баргузории намоиши фарҳангӣ-маърифатӣ, бахшида ба Иди Ғалаба низ ба хотири он аст, ки насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарони шӯрави, аз корномаҳои аҷдоди меҳрпарвари худ бархӯрдор бошанд.

       Сипас, баъди баромади профессори кафедраи ҷомеашиносии донишкада  Ҳотамов Намоз Басарович сухан ба меҳмонон иштирокчиёни интернатсионалист дар Афғонистон Мусоев Сайфулло ва Маъмуров Ҳомидбой дода шуд. Иштирокчиён ва меҳмонон аз хотираҳои давраи ҷангии худ ба ҳозирин ва донишҷӯён қисса карданд. Ҳамзамон, кулли ҳозиринро ба ин ҷашни бузург табрику муборакбод намуданд.

       Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор”-и донишкада ва хонандагони литсейи донишкада низ табъи ҳозиринро бо қироати ашъори ватандўстона, рақсу суруд болида гардониданд. Саҳначаи театрикунонидашудаи тарбиявии омоданамудаи донишҷӯён низ дар мавзӯи “Муҳофизати Ватан”  аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд.

       Дар охири чорабинӣ ба меҳмонон иштирокчиёни интернатсионалист дар Афғонистон Мусоев Сайфулло ва Маъмуров Ҳомидбой туҳфаҳои хотирмон аз ҷониби раёсати Донишкада тақдим карда шуд.