logo

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШКАДА

       Имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти фарорасии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ чорабиниҳои идона баргузор карда мешаванд.

       Тибқи нақша-чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявии литсейи назди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат санаи 7 майи соли равон  бахшида ба 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватани бо иштироки муовини ректори донишкада оид ба тарбия Ҷабборов Б.Б., маъмурияти литсей ва хонандагону устодон чорабинии идона баргузор гардид.

       Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, хонандагон синф ба синф барномаҳои омоданамудаи худро намоиш дода, бо қироати ашъори ватандӯстона, сурудани сурудҳои машҳури давраиҷангӣ, саҳначаҳо ва рақсҳои худ намунаи зебои ҳунарварӣ ва суханвариро нишон доданд. Махсусан, қироату навозиши сурудҳои “Гум бод номи ҷанг”, “День победы”, “Смуглянка” ва композитсияи муштараки “За четыре дня до войны” хеле ҷолибу диданӣ буданд, ки дар онҳо идеяҳои ватандӯстӣ,муҳофизат аз Ватан, ифтихор аз Ғалабаи оламшумул таҷассум ёфтааст.

       Дар хотимаи чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Ҷабборов Б.Б. баромад намуда, аз хонандагон барои барномаи рангину ҷаззоб арзи сипос намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Ғалаба табрик намуд ва ба онҳо дар фаъолиятҳои оянда барору комёбиҳо орзу намуд.

       Бо ҳамин чорабинӣ бахшида ба 76-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ ба охир расид.