logo

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН: МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА АЗ РЎИ ПРИНСИПҲОИ ДУСТӢ ВА ЭЪТИМОДИ МУТАҚОБИЛ

       Рушди муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳои дӯст ва бародари Тоҷикистону Қирғизистон аз давраҳои тулонии таърих оғоз гардида, дар замони истиқлолияти ҳар ду кишвар симои хосаеро соҳиб гардидааст.

       Махсусан, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд. Аз моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекунад. Дар Бишкек низ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

       Марҳилаҳои асосии рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баъди барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ, фарох гардида ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоиро дар бар мегирад.

       Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади ҳалли самарабахши масъалаҳои аввалиндараҷа ва таъмини минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳкурсии институтсионалии устувор – Шӯрои Ҳамоҳангсозии Байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ таъсис додаанд.

       Афзалиятҳои алоқаҳои сиёсии ду кишвар дар зимни чунин вазифаҳои умумӣ, ба монанди таҳкими амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ аён мегарданд.

       Аҳамияти хоса ба ҳамкорӣ дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СҲШ, ББНА, институтҳои молиявӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар онҳо иштирок мекунанд, дода мешавад.

       Ҳуҷҷатҳои асосие, ки ҷараён ва усулҳои муҳими муносибатҳои дутарафаи Тоҷикистону Қирғизистонро танзим мекунанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (12 июли соли 1996, ш. Душанбе) ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӣҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ (26 майи соли 2004, ш. Душанбе) мебошанд.

       Дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли муайяни болоравӣ мушоҳида мешавад.

       Шоистаи таъкид аст, ки таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба, мунтазам доир намудани ҷаласаҳои он ба истилоҳ пуле барои ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон гардидааст.

       Имрӯз Ҷумҳурии Қирғизистон дар савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосаро ишғол менамояд, ки ба хусусияти ҷуғрофии кишварҳо алоқамандии хоса дорад.

       Аз ин рў, мардуми шарифи Тоҷикистон ва Қирғизистон дарк намудаанд, ки дар муносибатҳои ҳамсоядорӣ дустию садоқатмандӣ  ва ба боварӣ ба ҳамдигар асос ёфта ягон қувваи сеюм наметавонад байни ин ду давлат ихтилоф ба вуҷуд орад. Танҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта нақши дипломатия муҳим буда, бо воситаи музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ мо метавонем ихтилофоти ҷойдоштаро ҳал намоем.

       Дар маҷмӯъ дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити рушди мустаъқил, саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати роҳандозии алоқаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба назар расида, дар он руҳияи эътимоди мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои нек бо якдигар ҷой дорад.

 

Фармонов А.Э. – устоди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат