logo

МАРЗИ КИШВАР — МАРЗИ НОМУС

       Заминаи сиёсии муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъди ба даст овардани истиқлолият, бо ба имзо расонидани Протокол, «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» 14 январи соли 1993 гузошта шуд.

       Аз давраи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври анъанавӣ дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, дар маҷмӯъ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият рушд меёбанд.

       Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҷонибдори густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро таъсис доданд, ки ҷаласаи якуми он 27-28 майи соли 2013 дар Бишкек баргузор гардид ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (аввалин вохӯрӣ 6 августи соли 2009 дар ш. Душанбе) баргузор гардид. Ин сохторҳо механизми самараноки ҳаллу фасли масъалҳои афзалиятнок ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои дуҷонибаро эҷод мекунанд.

       Мутобиқи нақшаҳо, харитаҳои тақсимоти маъмурӣ ва санадҳои меъёрии замони Иттиҳоди Шӯравӣ дарозии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд 514 километрро дар бар мегирад, ки тақсимоти он дар навоҳии вилояти мазкур бад-ин қарор аст: дар ноҳияҳои Мастчоҳ 157 километр, Ғончӣ 56 километр, Спитамен 17 километр, Конибодом 43 километр ва Исфара 186 километр.

       Яке аз мавзеъҳои наздисарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки чанд соли охир низоъро байни ин ду давлат ба вуҷуд овардааст деҳаи Ворухи шаҳри Ифсара мебошад. Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ деҳаи Ворух яке маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда»-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи авестошиносон калимаҳои Воруба ва Воруҷ ба Ворух пайвастагӣ доранд: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба ва Воруҷа бо Румон чун наҷотгоҳ ситуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони н. Бобоҷон Ғафуров дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон дар «Гӯри муғ»-и Ворух пайкараи кӯчаки аз гач сохташудаи зан бозёфт шудааст ва тахмин меравад, ки шояд ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредвисура Анаҳито (нигаҳбони обҳои осмонӣ) бошад. Чунин номҳо далели онанд, ки замоне дар Ворух зардуштия ривоҷ ёфтааст ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад.

       Ҳамаи ин ва садҳо далели дигари таърихшиносон гувоҳи аз он аст, ки Ворух макони қадимаи тоҷикнишин буда ягон вақт дар ҳайати Қирғизистон набудааст. Дар тӯли ҷаласаҳои комиссияи муштарак ҷониби Тоҷикистон чандин маротиба роҳҳои тақсимоти заминҳои баҳсбарангезро ироа кардааст, вале масъулони Қирғизистон онҳоро мутлақан рад кардаанд.

       Ҷониби Қирғизистон ба Қарордоди таъсис додани ИДМ (соли 1991), Изҳороти Алмаато (соли1991) ва Созишномаи Маскав (15 апрели соли 1994) оид ба мустақилият, дахлнопазирӣ ва тамомияти арзӣ такя намуда, пешниҳод мекунад, ки хати сарҳади давлатӣ мутобиқи истифодаи воқеии он бояд кашида шавад. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ, бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии мазкур, аз шинохти марзҳои ду кишвар мутобиқи санадҳои меъёрии замони муосир худдорӣ мекунад. Дар ин бобат байни Тоҷикистону Қирғизистон вохӯриҳои зиёде гузаронда шудааст. 21 сентябри соли 2000 комиссияи байнидавлатӣ оид ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуд. Вале аз рӯзи аввали таъсис ёфтани комиссияи мазкур ҷонибҳо дар масоили истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сари созиш омада натавонистанд.

       Ҷониби Тоҷикистон истифодаи маводи марбут ба тақсимоти миллӣ — территориявии солҳои 1924 -1927 — ро пешниҳод намуд. Вале Қирғизистон талқин менамуд, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 истифода гардад. Ҷониби Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор истода, исрор намуд, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 аз марҳалаҳои ҳуқуқӣ нагузаштааст ва бинобар ин наметавонад санади меъёрии ҳуқуқӣ бошад. Аммо Қирғизистон чунин далел пеш меовард, ки агар зарурати тақсимоти қаламрав дар ин миён намебуд, пас солҳои 1938, 1939, 1949, 1958, 1959, 1961, 1987, 1989 комиссияҳои дигар таъсис дода намешуданд. Вале он комиссияҳое, ки Ҷумҳурии Қирғизистон мисол овардааст, на барои тақсимоти замин, балки ҷиҳати ҳалли масоили истифода ва обёрии заминҳо таъсис дода шудаанд. Зимнан ҳамаи онҳо низ марҳалаҳои қонунии лозимиро нагузаштаанд.

       Бо вуҷуди ҳамаи ин далелҳо, маълумтоҳои таърихӣ ва муносибатҳои дустона таи чанд руз мешавад муноқишаҳои марзӣ дар минтаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гузашта истодааст. Халқи тоҷик аз қадимулаём миллати бофарҳангу бовиқор ва ватандусту хештаншинос мебошад.

 

Ҳабибуллозода М.Ҳ. — мудири кафедраи назарияи иқтисодии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат