logo

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

       Тавре ки аз расонаҳои хабарии минтақаи Осиёи Марказӣ огоҳ ҳастем, таи чанд рӯзи охир вазъи марзи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон ноором буда, мутаассифона дар натиҷаи иқдомҳои ноҷавонмардонаи қувваҳои носолими ҷониби ҷумҳурии ҳамсоя ва задухӯрди байни сарҳадбонон боис ба  ҳалокати одамон гардида, мардуми тоҷикро, ки аз азал шиори доимии онҳо сулҳу дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мебошад, ҷиддан ба ташвиш овардааст.

       Ҳанӯз якчанд сол пеш Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуби  халқи тоҷик  Мирзо Турсунзода доир ба қадру қиммати дӯстӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона ишора карда чунин гуфта буд, ки барои аҳли башар ин мисраҳои ҳакимона ибрати ошкоро, муҳим ва доимӣ бояд бошанд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад, ба мардум рӯзи сахт.

Ё ки,

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дӯст ояд, сахт дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

       Маҳз дар моҳи шарифи рамазон ноором кардани сарҳаду ба ҳалокат расидани одамон, бори дигар моро ҳӯшдор медиҳад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан, сиёстӣ дарҳои кушод ва ҳамкории самарабахшро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан, кишварҳои ҳамҷавор пеш гирифтаанд, мо хурду бузури кишвар барои дар ҳамин рӯҳия тарбия намудани ҷавонон аз истифода бо тамоми ақлу заковати аҷдодӣ, дониш, маҳорату малака ва имконоти мавҷуда талош варзида, онҳоро барои дифоҳои арзишҳои миллӣ ва марзу буми кишвар пайваста омода намоем.

       Агар ба таърихи мухтасари муносибатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба:  моҳи январи соли 1993,  майи соли 1998, майи 2013 ба Қирғизистон ташриф оварда, аввалин президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев моҳи июли соли 1996 ва майи соли 2004 ба Тоҷикистон сафар кардааст. Президенти дуюми Қирғизистон Қурманбек Боқиев моҳи майи соли 2008 ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 ҳазор қирғиз зиндагӣ мекунад, 64 мактаби қирғизӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон, дар 37 мактаб, забони таълим қирғизӣ, дар 24 мактаб — қирғизӣ ва тоҷикҳо, дар ду мактаб дарсҳо бо забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ, инчунин як мактаби омехта бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ мавҷуд аст.

       Дар Қирғизистон тақрибан 50 ҳазор тоҷикони этникӣ зиндагӣ мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар рӯзгори онҳо нақши муҳим дорад. Дар кишвар 7 мактаби тоҷикӣ мавҷуд аст. Дар сеи онҳо, дарсҳо бо забони тоҷикӣ таълим дода мешаванд, се мактаб бо синфҳои тоҷикӣ ва як мактаби қирғизӣ бо синфи тоҷикӣ низ кор мекунанд. Тоҷикон дар вилояти Бодканд ва ноҳияи Кара-Сууи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Дар робита ба низоъҳои қавмӣ дар минтақаҳои Ош ва Ҷалолободи Қирғизистон роҳбарияти Тоҷикистон ба сокинони минтақаҳои ҷануби кишвар кӯмаки башардӯстона расонд (252 тонна ёрии башардӯстона расонида шуд).

       Ҳамаи ин моро водор менамояд, ки байни ин ду халқи дӯсту бародар, ҳамсояву ҳамҷавор ҳусни тафоҳум ва сулҳ  доимӣ барпо ва пойдор бошад.

       Вале мутаассифона ҷониби ҳамсоя, новобаста аз воқеияти таърихӣ, пайваста ба вайрон кардани сарҳад ва забт намудани минтақаҳои мутааллиқ ба Тоҷикистон даст зада, вазъи сарҳадро ноором,  аҳолии маҳалли тоҷиконро безобита намуда, сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳонаи бемаънӣ ва рехтани хуни ноҳақ мегагардад. Дар ҳоле ки, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо ташаббусҳои пайгиронаи худ доир ба  истифодаи оқилонаи об  ва ҳалли масоили об натанҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон талош меварзанд, ҷониби кишвари ҳамсоя ин ташаббусҳоро нодида гирифта, бо ҳар баҳона дар масоили истифодаи обу замин ва тақсимоти марзӣ дахолати бемавқеъ намуда, вазъиятро дар марзи ду кишвар халалдор менамояд.

       Вазъи эҳсосии ҷаҳони имрӯза, мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ моро водор менамояд, ки ба ҳар гуна иғвову дассиса дода нашуда, сабру таҳаммул ва зиракии сиёсиро пеш гирем, арзишҳои миллии хешро  муқаддас донем ва ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ,  ватанпарастӣ ва муҳаббат нисбат ба таърих ва фарҳанг, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд тарбия намоем. Чунки масъалаи тарбияи ҷавонон дар меҳвари  марказии сиёсти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва онҳо ҳамчун сипари боэътимоди Ватан барои ҳимоояи марзу буми кишвар бояд доимо омода бошанд. Ҳамзамон ба роҳбарият ва халқи кишвари ҳамсоя зарур аст, ки минбаъд на аз рӯи эҳсосот ва ғараз, балки аз рӯи ақли солим ва воқеияти таърихӣ амал намоянд.

 

   Эмомов И.Б. ва Ҳайбатов Н.В. дотсентони кафедраи забонҳои хориҷии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат