logo

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – МУНОДИИ СУЛҲ

       Санаи 4-уми майи соли 2021 бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар пояи кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  мизи мудаввар таҳти унвони “Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳ” ба истиқбол аз ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат баргузор гардид.

       Чорабинӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни донишкада  ва ду нафар шоирони ҷавони узви вобастаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон- Бузургмеҳри Баҳодур ва Иброҳимҷони Дӯстализода сурат гирифт.

      Чорабинии мазкурро сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишкада – н.и.и., дотсент Бобоев А.М. ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳозирин, аз ҷумла, меҳмононро хуш омадед гуфта таъкид карданд, ки Мирзо Турсунзода шоирест, ки сулҳу дӯстиро дар сатҳи байналмилалӣ сурудааст. Ашъори ӯ то имрӯз ҳамчун ганҷинаи бебаҳои хазинаи фарҳанги миллат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора ба хотири зинда доштани ному осори бузургон ин чорабиниҳо доир мегардад. Бобоев афзуданд, ки илова ба мизи мудаввар як қатор  озмунҳо, аз қабили “Турсунзодахонӣ”, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Таҳлили достонҳои Мирзо Турсунзода” низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар наздиктарин фурсат ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда мешаванд.

       Дар идомаи чорабинӣ профессори кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада – Хоҷаев Қ.Т. дар мавзӯъи “Ҷилваҳои табиат дар  ашъори мирзо Турсунзода” маърӯза намуда, ашъори шоирро аз ҷиҳатҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

      Шоири ҷавон – Бузургмеҳри Баҳодур ба сухан баромада иброз доштанд, ки мо ҳарчи бештар бояд имрӯз ба ашъори Мирзо Турсунзода рӯ биёрем ва бузургию шаҳомати осори ӯро ба насли имрӯз фаҳмонда  диҳем, то тавонанд хотираи неки бузургонро пос доранд.

      Шоири ҷавон Иброҳимҷони Дӯстализода низ якчанд сухан оид ба шукӯҳу шаҳомати Мирзо Турсунзода иброз дошта шеъре аз эҷодиёти  хеш дар боораи устод қироат намуданд.

 

        Дотсенти кафедраи   забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада – Сангинова Р.И. дар мавзӯъи “Истифодаи антонимҳо дар ашъори Мирзо Турсунзода” маърӯза намуда, нуктаҳои ҷолиберо дар роби ба ин мавзӯъ ёдрас шуданд.

       Ассистенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада – Дайхудоев В.У. дар мавзӯъи “Инсон ва табиат аз диди эстетикии Мирзо Турсунзода” маърӯза намуда, қайд карданд, ки Мирзо Турсунзода шоирест, ки бештар ба воқеият рӯ овардааст ва меҳри Ватан дар рагҳои  ӯ монанди хун ҷорӣ буд. Ӯ тамоми зебоиҳои диёрашро тавонистааст ҳунармандона ба қалам дода, тасвирҳои дилиниши ҷовидонаеро биёфарад.

       Донишҷӯёни донишкада низ аз ашъори Мирзо Турсунзода порчаҳои шеърӣ ва достонҳо қироат намуданд, ки хотири ҳозиринро болида гардониданд.

       Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раёсати донишкада ба меҳмонон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

      Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардид ва тавонист дар мафкураи аҳли нишаст таъсири бузурги илмӣ ва фарҳангию таърихии худро гузорад. Меҳмонон бо табъи болида изҳори миннатдорӣ намуданд.