logo

ДАВЛАТ ҲАМА З-ИТТИҲОД ХЕЗАД

       Тоҷикон аз қадим барои ҳимояи марзу бум ва замини худ ҷонфидову устувор мебошанд. Ин нукта дар чандин кутуби таърихӣ қайд гардидаву бузургтарин шоирони мо худшиносиву ватандӯстӣ ва ҳимояи сарзамини аҷдодиро тараннум кардаанд. Аз ин абёти муаллифи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсии бузург дигар сухане хубтару волотар наметавон гуфт:

 

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

       Ҳазорсолаҳост, ки ин абёти пурҳикмати Фирдавсӣ дар хуну ҷони миллати мо ҷо шудаву моро ба шуҷоату ҷавонмардӣ, далериву нотарсӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ҳидоят мекунад. Аз ин ҷост, ки дар дарозои таърих мо ба тамаддуни башар шахсиятҳои таърихсоз ба мисли Курӯши Кабиру Шерак, Рустаму Спитамон, Абумуслиму Деваштич, Темурмалику Восеъ, Нусратулло Мухсуму Шириншоҳи Шоҳтемур ва садҳо қаҳрамонони ҷоннисори халқу ватанро  муаррифӣ кардаем.

       Танишҳои чанд рӯзи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар ин нуктаро собит кард, ки то ҳанӯз ва ҳазорсолаҳои оянда низ миллати мо, мардуми мо ҳамеша муттаҳиду якдил ва нотарсу устуворанд.  Омодагии сокинони ҳамаи манотиқи кишвар барои ҳифзи марз ва изҳоротҳои ватандӯстонаи пиру барнои Тоҷикистон нишон дод, ки ифтихори миллӣ ва ватандӯстии мо дар давраи Истиқлолият таҳаввулоти бузургеро соҳиб шуда, имрӯз метавонад тамоми тоҷикону тоҷикистониёнро муттаҳид намояд ва баҳри рафъи ҳама гуна таҳдидҳо ба по хезонад.

       Дар ин самт, албатта , саҳм ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ва ниҳоят бузург аст. Зеро, дар солҳои аввали асри гузашта, ки  ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба коми худ кашидаву пояҳои давлатдории мо шикаста мешуданд, маҳз ҳамин марди бузург тавонист қомати хамгаштаи миллатро такягоҳ шавад ва Тоҷикистонро аз гирдоби фалокат ба соҳили мурод расонад.

       Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки атрофи сиёсати Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем ва барои ҳимояи Истиқлолияту Ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва марзу хоки ватан аз як гиребон сар барорем. Танҳо дар  ин сурат давлати мо ҳамеша пойдор ва мардуми мо пирӯзу комгор хоҳанд буд.

       Ба қавли шоир:

 

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

 

Диловар ҚОЗИЕВ — ассистенти кафедраи

назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат