logo

МАҲФИЛИ ИЛМИИ “МАРКЕТОЛОГИ ҶАВОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

      30 апрели соли 2021 кафедраи менеҷменти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар синфхонаи №25-и бинои таълимии №1 маҳфили илмии донишҷӯёни «Маркетологи ҷавон»-ро баргузор намуд.

       Дар кори маҳфили илмии донишҷӯён омӯзгорони кафедраи менеҷмент  Изатов Қ.И., Гадоев Ҳ.С., Баёнова М.Г., Саидов К.Р., корманди Раёсати илм ва инноватсияи донишкада Назарова Х. инчунин муовини декани факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Каримов М., ва донишҷӯёни ихтисосҳои “Маркетинг” ва “Менеҷмент” иштирок намуданд.

      Маҳфилро мудири кафедраи менеҷмент Изатов Қ.И. ифтитоҳ намуда, оид ба нақши маҳфилҳои илмӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос суханронӣ намуданд. Сипас, ҷаласаро роҳбари маҳфили илмӣ Гадоев Ҳ.С. идома дода, тартиби баргузории ҷаласа ва мавзӯҳои баррасишавандаро эълон намуд.

       Дар идомаи маҳфил баромадҳои донишҷӯён: Шафиқулои Наҷибуллоҳ-донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси   “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар мавзӯи «Ҷараёни гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ» ва Абдуллоев Илҳом Маҳмадиёрович — донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси  “Маркетинг дар мавзӯи «Технологияиҳои муосири рекламавӣ» маърӯзаҳо пешниҳод гардида, саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳо сурат гирифт. Маърӯзачиён дар сатҳи хеле хуб маърӯзаҳои худро ироъа карда, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои дақиқ пешниҳод намуданд.

       Дар охири маҳфил роҳбарони илмии маърузачиён Гадоев Ҳ.С. ва Баёнова М.Г. оид ба муҳимияти мавзӯҳои пешниҳодгардида ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки мавзӯҳо интихобан аз ҷониби донишҷӯён бояд пешкаш гардида, дар сатҳи баланди илмӣ омода карда шаванд.

       Маҳфилро мудири кафедра дотсент изатов Қ.И. ҷамъбаст намуда, ба кори минбаъдаи он ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар раванди пешбурди корҳои илмӣ комёбиҳои беназирро таманно намуданд.