logo

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР 6-МОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021 ДАР ДССХ НАЗАРРАС АРЗЁБӢ ГАРДИД (дар ҳошияи Нишасти матбуотии Донишкада 21.07.2021 сол)

       Санаи 21 июли соли 2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкада дар 6-моҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.
       Қабл аз оғози Нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, ки беш аз 40 нафарро ташкил менамуданд аз ҷараёни корҳои сохтмонии биноҳои баландошёнаи Донишкада, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд, дидан намуданд.
       Сипас, дар толори барҳавои Донишкада Нишасти матбуотӣ оғоз гардид.
Ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор кулли меҳмонон ва хоссатан намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро ба Донишкада, ҷиҳати иштирокашон дар Нишасти матбуотӣ хайрамақдам гуфт.
       Дар идомаи гузориши хеш ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат оид ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 афзуданд, ки барои ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат давраи воқеъан хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро новобаста аз паёмадҳои манфии солҳои охир, бо ҳидояту роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коллективи меҳнатии Донишкада бо дилгармӣ ва иродаи қавӣ ба кору фаъолият тавонист ба муваффақиятҳои назарраси таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ ноил гардад.
       Аз ҷумла, дар ин давра сохтори идоракунии донишкада такмил дода шуда, аз оғози соли таҳсили 2021-2022 мавриди амал қарор дода мешавад. Баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар соҳаи иҷтимоӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҷадвали басти вазифаҳо тибқи сохтори нави ташкилӣ-идоракунии донишкада 55 ҷойи нави иловагии корӣ таъсис дода шуд.
       Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва муайянсозии воқеияти дониши донишҷӯён дар соли 2021 барномаи автоматикунонидашудаи Алфа-экспресс роҳандозӣ карда шуда, лабораторияҳо бо технологияҳои муосир ҷиҳозонидашуда, ба раванди баланд бардоштани сифати таҳсилот таъсири мусбии худро расониданд.
       Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021 иброз намуда буданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”.
       Аз ин лиҳоз, раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади дастгирии ҳамешагии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди робитаҳои хориҷӣ, инчунин фаъолияти инноватсионӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.
       Ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор зикр намуд, ки соли таҳсили 2020-2021 дар кафедраҳои донишкада 294 воҳиди корӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 воҳиди корӣ зиёд мебошад. Ҳолати мазкур, қабл аз ҳама, аз афзоиши шумораи донишҷӯён ва ихтисосҳо дар донишкада вобастагӣ дорад. Дар донишкада дар соли 2021 вобаста ба зиёд гардидани шумораи донишҷӯён ва пайдо гардидани ҷойҳои корӣ 4 кафедраи дигар таъсис дода шуд, ки аз аввали соли таҳсили 2021-2022 фаъолияти худро оғоз менамоянд.
       Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи иҷрои Нақша-чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва зарурати омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, аз рӯи 9 ихтисоси риштаи сайёҳӣ таҳсил дар донишкада ба роҳ монда шуд. Аз ибтидои соли таҳсили 2021-2022 бошад боз аз рӯйи 4 ихтисоси нав дар ин самт таҳсил шуруъ мегардад.
Ректори донишкада бо ифтихороти баланд яке аз рӯйдодҳои муҳими ин нимсоларо дар розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси филиалҳои Донишкада дар вилоятҳои Суғду Хатлон арзёбӣ намуданд.
       Қайд гардид, ки бо назардошти ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ масоҳати таълимии донишкада ба маротиб васеъ гардида, шумораи ҷойҳои нишаст ба 7557 адад расонида мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 3061 адад ҷойи нишаст зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси “Нақшаи стратегии рушди Донишкада” ба роҳ монда шудааст. Қайд гардид, ки олимон ва муҳаққиқони донишкада дар гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таълифи монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимию методӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ, озмунҳо ва ҳамзамон иштирок дар чорабиниҳои илмии сатҳҳои мухталиф дар ин нимсола нақши назаррас гузоштанд. Аз ҷумла:
       Рӯзҳои 23-24 апрели соли ҷорӣ бори аввал аз ҷониби Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар донишкада дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ташкил ва баргузор карда шуд.
       Инчунин, бо мақсади ҳавасмандии устодону кормандони илмӣ-педагогии донишкада моҳи январи соли ҷорӣ озмуни донишкадавии “Муҳаққиқи сол” ҷамъбаст гардид, ки ғолиби озмун бо “Диплом” ва 3 000 сомонӣ ва 3 нафар устодони дигари ширкаткунанда дар ин озмун бо дарназардошти натиҷаҳои назарраси илмиашон ҳар кадоме ба маблағи 1 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
       Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмӣ-педагогии донишкада 11 монографияи илмӣ, 4 китоби дарсӣ, 8 васоити таълимӣ, 17 дастури методӣ, 8 рисолаи илмӣ, 423 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 68 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 58 мақолаи илмӣ дар маводи конфронсҳои байналмилалӣ, 312 мақолаи илмии дар маводи конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва 48 мақолаи илмӣ-оммавӣ нашр гардид.
       Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият хушбахтона Донишкада тибқи арзёбӣ аз рӯйи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и ҶТ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили 10-гонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф гардид. Тибқи арзёбии мазкур Донишкада дар байни Донишгоҳу донишкадаҳо дар ҷойи 7-ум ва дар байни донишкадаҳо мавқеи якумро соҳиб гардид.
       Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра, 7 нафар устодони донишкада рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд, ки тибқи Низомнома ҳар кадоме ба маблағи 10 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
       Ректори донишкада иброз намуданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани устодони донишкада, дар давраи ҳисоботӣ 26 нафар устодон ба ин гуна курсҳо сафарбар карда шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 9 нафар зиёд мебошад.
       Дар ин давра, бо ибтикори роҳбарияти донишкада дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва кафедраҳои мутасаддӣ 8 конфронси ҷумҳуриявӣ, 2 ҳамоиши илмӣ, 24 семинари илмӣ-назариявӣ, 7 мизи мудаввар ва 10 чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ баргузор гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7 чорабинӣ бештар мебошад.
       Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 3800 адад адабиёти таълимию бадеӣ ба китобхонаи илмӣ-электронии донишкада ва китобхонаи Литсейи донишкада ворид карда шуд.
       Ректори донишкада дар идомаи гузориши хеш иброз намуданд, ки раёсати донишкада баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, дар нимсолаи аввали соли 2021 барои тақвияти корҳои тарбиявӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронид.
       Қайд гардид, ки иштироки донишҷӯдухтарони Донишкада дар мусобиқаҳо аз рӯйи намуди волейбол миёни духтарон дар ҷумҳурӣ назаррас буда, тавонистанд дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз кишвар муаррифӣ намоянд.
       Ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор зимни Нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки робитаҳои хориҷии донишкада дар ин давра бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёфт. Аз ҷумла, новобаста аз паҳншавии пандемия дар нимсолаи аввали соли 2021 аз тарафи донишкада 22 шарномаи нави ҳамкорӣ ва созишномаи ҳусни тафоҳум бо донишгоҳу донишкадаҳо ба имзо расонида шуд, ки муҳимтарини онҳо шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY)) ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад.
       Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра бо ҳадафи омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ аз 11 марти соли 2021 факултети муштараки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис дода шуд, ки дар он мутахассисон аз рӯйи 3 ихтисоси риштаи сайёҳӣ омода карда мешаванд. Дар асоси муқаррароти шартномаи ҷонибҳо таҳсили донишҷӯён 2 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 сол дар Федератсияи Россия ба роҳ монда мешавад.
       Қайд гардид, ки рӯзҳои 31 май — 2 июни соли 2021 се ихтисоси донишкада тариқи онлайн аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, донишкада сазовори Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид.
       Дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, барномаи грантии “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон”, ки татбиқкунандааш Донишкада буд, бомуваффақият ба анҷом расид. Дар доираи барномаи грантии мазкур лабораторияҳои “Иттилоотӣ-сайёҳӣ”, “Сервиси сайёҳӣ-меҳмондорӣ” ва “Сайёҳии кӯҳӣ” таъсис дода шуданд, ки дар муассисаҳои таълимии мамлакат назир надоранд. Айни замон, дар лабораторияҳои мазкур бо иқдомоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 69 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузашта истодаанд. Аз ҷумла, 20 нафар дар риштаи роҳбаладӣ, 22 нафар дар самти куҳнавардӣ ва 27 нафар дар самти меҳмонпазироӣ дар курсҳои омӯзишӣ ширкат варзида истодаанд.
      Дар ин давра тибқи маълумоти ректори донишкада барномаи грантии “Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар Донишкада” бо маблағи 2 781 035 бомуваффақият идома ёфта, семинарҳои омӯзишӣ тариқи онлайн бо шарикони лоиҳа аз хориҷи кишвар доир карда шуданд.
       Иттилоъ дода шуд, ки санаи 25 майи соли 2021 бо Донишгоҳи техникии Деггендорф лоиҳаи муштарак дар доираи лоиҳаҳои Эрасмус плюс таҳия карда шуд. Лоиҳаи мазкур ба густариши ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баҳри рушди сайёҳӣ дар мамолики Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Шарикони лоиҳа ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркменистон мебошанд.
       Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Украина ташрифи 12 нафар олимон-профессорон ба донишкада сурат гирифт, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои таълим, илм, табодули донишҷӯён ва дигар масоили вобаста ба рушди муассиса сӯҳбатҳои хоса анҷом пазируфт.
       Дар идомаи гузориши хеш ректори донишкада қайд намуд, ки дар ин давра баҳри татбиқи амалии сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишкада силсилаи корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, дар самти фаъолияти иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявии донишкада пешравиҳои шоён ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкада сохтмони маҷмааи биноҳои нави таълимӣ сурат гирифта истодаанд. Айни замон, дар ду бинои аввали маҷмаа 90 фисади корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, биноҳои таълимӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.
       Қайд гардид, ки дар асоси мактуби Донишкада ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба маблағи беш аз 5 млн. сомонӣ таҷҳизоти техникӣ барои биноҳои нави таълимӣ харидорӣ карда шудааст.
       Ректори донишкада иброз намуданд, ки дар баробари сохтмони ду бинои нави таълимии маҷмааи болозикр баҳри бунёди бинои асосии ин маҷмаа, ки аз 8 ошёна иборат аст, корҳои омодагӣ ҷиҳати гузоштани санги асос ҷараён доранд. Ҳамзамон, сохтмони бинои 7 ошёнаи таълимии филиали Донишкада дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон оғоз гардида, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.
       Иброз гардид, ки Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи иҷтимоӣ ва дасти мадад дароз намудан ба ниёзмандон, дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони донишкада дар нимсолаи аввали соли 2021 корҳои муайянеро иҷро намуд.
       Аз ҷумла, дар ин давра раёсати Донишкада дар самти дастгирии табақаи эҳтиёҷманд, кӯмаки хайриявии худро идома дода, ба Мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор, Хона-интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Темурмалик, Хона-интернати ноҳияи Восеъ ва Хонаи кудакони бепарастори №1 шаҳри Душанбе кӯмак расонид. Кумакҳои расонидашуда аз маводи хӯрока ва сару либос иборат буданд. Инчунин, дар ин давра ба 38 нафар устодон ва кормандони донишкада роҳхат барои барқарор кардани саломатӣ ба осоишгоҳҳои кишвар ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд мебошад.
       Ректори донишкада қайд намуданд, ки дар донишкада 7 нафар донишҷӯёни ятими кулл пурра аз маблағи таҳсил озод карда шуда, ҳамзамон онҳо бо хӯроки гарм, сарулибос ва лавозимоти хониш таъмин карда шудаанд.
       Ректори донишкада дар идомаи гузориши хеш ба фаъолияти Литсейи Донишкада дахл намуда, иброз доштанд, ки Литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ин давра таҳсилро дар шароити хуби таълимӣ ба роҳ монд. Дар литсейи донишкада барои таҳсили хонандагон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
       Иттилоъ дода шуд, ки дар Литсейи донишкада 2 нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд, ки пурра аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада озод карда шудаанд.
       Дар охири Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои қаноаткунанда пайдо намуданд.