logo

ҶОВИДОН БОД ҶАВОНИ ВА ҶАВОНОН

       Зери чунин унвон санаи 22 майи соли ҷорӣ бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар толори фарҳангии донишкада чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

       Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада, инчунин намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдуллозода А.А. иштироки фаъол намуданд.

      Чорабинии мазкурро муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбия Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда қайд кард, ки боиси ифтихору фараҳмандист, ки дар ҷомеаи имрўзаи мо мартабаи насли ҷавон ҳамчун қувваи пешбаранда ва созандаи ҷомеаи навин афзалият пайдо кардааст. Роҳбарияти олии мамлакат аз дастовардҳои пайвастаи ҷавонони Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат-илм ва маориф, фарҳанг, сиёсат, варзиш, иқтисодиёт ифтихор намуда,  ба ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи тозаю бунёдкор ва пешбаранда эҳтироми хоса доранд. Ҳамин аст, ки бо ибтикори Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 23 май ҳамчун «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

       Дар ҳақиқат, имрўз, ки анқариб 70% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро насли ҷавон ташкил медиҳад, пас метавон гуфт, ки ин қувва дар ҳақиқат пешбаранда, созанда, бунёдкор ва сарчашмаи зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат мебошад. Месазад, ки мо бо ҷавонони худ ифтихор дошта бошем ва онҳоро ба сўи дарёфти қуллаҳои нав ба нав роҳнамун созем.

      Сипас, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдуллозода Амирҷон Амир баромад намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Тоҷикистон  дар байни кишварҳои дунё аз лиҳози синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба ҳисоб меравад. Ин қишри ҷомеа дорои имкониятҳои бузурги зеҳнию ҷисмонӣ буда, соҳиби нерӯи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои моусир ба ҳисоб мераванд.

       Боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар хеле калон мебошад, зеро Пешвои миллат борҳо иброз менамоянд, ки мо соҳиби давлати мустақил ҳастем ва фарзандони мо, яъне наврасону ҷавонон бояд ба хотири таҳкими Истиқлолият ва пешрафту тараққиёти давлат инчунин, ба кишварҳои муттамадин баробар гардонидани Тоҷикистон дорои донишу маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир, ахлоқи ҳамида ва ватандӯсту ватанпарвар бошанд, қайд намуд, Абдуллозода А.А.

       Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор”-и донишкада ва хонандагони литсейи донишкада низ табъи ҳозиринро бо қироати ашъори ватандўстона, рақсу суруд болида гардониданд. Саҳначаи театрикунонидашудаи тарбиявии омоданамудаи донишҷӯён низ аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд.