logo

Бойгонӣ ‘ХАБАР’:

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР 6-МОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021 ДАР ДССХ НАЗАРРАС АРЗЁБӢ ГАРДИД (дар ҳошияи Нишасти матбуотии Донишкада 21.07.2021 сол)

       Санаи 21 июли соли 2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкада дар 6-моҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.        Қабл аз оғози Нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, ки беш аз 40 нафарро ташкил менамуданд аз ҷараёни корҳои сохтмонии биноҳои баландошёнаи Донишкада, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд, дидан намуданд.        Сипас, дар толори барҳавои Донишкада Нишасти матбуотӣ оғоз гардид. Ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор кулли меҳмонон ва хоссатан намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро ба Донишкада, ҷиҳати


ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ!

       Ҳамватанони азиз, ҳамкасбон, устодону кормандон, магистрантону докторантон, донишҷӯёну хонандагон!        Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда ҳамаи Шуморо ба муносибати 24-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» самимона муборакбод менамоям.        Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як нафари мо азизу муқаддас аст. Он марбут ба санаест, ки амну осоиш дар рӯзгорамон дигарбора барқарор гардид, кушторҳою бедодгариҳои мудҳиш хотима ёфтанд, миллату кишвар аз парешонию нобудӣ раҳо шуданд.        Имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ва ба минтақаи сулҳ


ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ ҶАВОНОН»

       «Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем»        (Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар санаи 21 майи соли 2021 дар МД «Кохи Борбад» баён доштанд)        Қабл аз ҳама Шумо ҷавонони саодатманди кишварро ба муносибати “Рӯзи ҷавонон”, ки ҳамасола шуруъ аз соли 1998 инҷониб 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва аз мақоми хос доштани ҷавонони


ҶОВИДОН БОД ҶАВОНИ ВА ҶАВОНОН

       Зери чунин унвон санаи 22 майи соли ҷорӣ бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар толори фарҳангии донишкада чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.        Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада, инчунин намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдуллозода А.А. иштироки фаъол намуданд.       Чорабинии мазкурро муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбия Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда қайд кард, ки боиси ифтихору фараҳмандист, ки дар ҷомеаи имрўзаи мо мартабаи насли ҷавон ҳамчун қувваи пешбаранда ва созандаи ҷомеаи


ТАБРИКОТИ КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТИИ ДССХ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МАВЛУДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА МУҲТАРАМ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР!

Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб, Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман, Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ, Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.        Устоди арҷманд Убайдулло Саттор,        Дар ин лаҳзаҳои фараҳу шодӣ иҷозат фармоед Шуморо ба ифтихори солгарди мавлудатон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо ва наздикону пайвандонатон тани сиҳату хонаи обод, комёбию сарбаландӣ, фирӯзию сурур ва саодату обрӯмандӣ орзу намоем.        Бо изҳори ихлосу самимият арз медорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар муассисаи таълимӣ тамоми кормандон дар фазои мусоиду созгор машғули кору


ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДССХ

       8 майи соли 2021 дар толори фарҳангии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  чорабинии тантанавӣ бахшида  ба 76-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид, ки дар дар он меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни донишкада иштироки фаъол намуданд.        Чорабинии тантанавиро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда, тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.       Зимни баромади худ Ҷабборов Б.Б. қайд намуд, ки Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯз