logo

Бойгонӣ ‘МАҚОЛА’:

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ – АСОСИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

       Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.                       Эмомалӣ Раҳмон        Дар тамоми давраҳои таърихӣ иттилооти саҳеҳ, пурра ва эътимодноки давлатдорӣ ҳамеша қадр шуда, чун «гавҳараки чашм» ҳифз мегардид. Дар замони мо, ки ҳаҷм, сифат, шумора ва шаклҳои гуногуни маълумот дастраси ҷомеа аст, бе таҳриф ва мувофиқи муқаррарот ба макон ва соҳиби аслиаш рафта расидани он аз масъалаҳои муҳими амнияти иттилоотӣ дониста


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН: МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА АЗ РЎИ ПРИНСИПҲОИ ДУСТӢ ВА ЭЪТИМОДИ МУТАҚОБИЛ

       Рушди муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳои дӯст ва бародари Тоҷикистону Қирғизистон аз давраҳои тулонии таърих оғоз гардида, дар замони истиқлолияти ҳар ду кишвар симои хосаеро соҳиб гардидааст.        Махсусан, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд. Аз моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекунад. Дар Бишкек низ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.        Марҳилаҳои асосии рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баъди барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ, фарох гардида ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоиро дар бар мегирад.        Тоҷикистон ва Қирғизистон


МАРЗИ КИШВАР — МАРЗИ НОМУС

       Заминаи сиёсии муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъди ба даст овардани истиқлолият, бо ба имзо расонидани Протокол, «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» 14 январи соли 1993 гузошта шуд.        Аз давраи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври анъанавӣ дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, дар маҷмӯъ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият рушд меёбанд.        Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҷонибдори густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро таъсис доданд, ки ҷаласаи якуми


ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

       Тавре ки аз расонаҳои хабарии минтақаи Осиёи Марказӣ огоҳ ҳастем, таи чанд рӯзи охир вазъи марзи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон ноором буда, мутаассифона дар натиҷаи иқдомҳои ноҷавонмардонаи қувваҳои носолими ҷониби ҷумҳурии ҳамсоя ва задухӯрди байни сарҳадбонон боис ба  ҳалокати одамон гардида, мардуми тоҷикро, ки аз азал шиори доимии онҳо сулҳу дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мебошад, ҷиддан ба ташвиш овардааст.        Ҳанӯз якчанд сол пеш Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуби  халқи тоҷик  Мирзо Турсунзода доир ба қадру қиммати дӯстӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона ишора карда чунин гуфта буд, ки барои аҳли башар ин мисраҳои ҳакимона ибрати ошкоро, муҳим


ДАВЛАТ ҲАМА З-ИТТИҲОД ХЕЗАД

       Тоҷикон аз қадим барои ҳимояи марзу бум ва замини худ ҷонфидову устувор мебошанд. Ин нукта дар чандин кутуби таърихӣ қайд гардидаву бузургтарин шоирони мо худшиносиву ватандӯстӣ ва ҳимояи сарзамини аҷдодиро тараннум кардаанд. Аз ин абёти муаллифи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсии бузург дигар сухане хубтару волотар наметавон гуфт:   Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор, Ҷавонони шоистаи корзор. Зи баҳри бару буму фарзанди хеш, Зану кӯдаки хурду пайванди хеш. Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!        Ҳазорсолаҳост, ки ин абёти пурҳикмати Фирдавсӣ дар хуну ҷони миллати мо ҷо


ҶАНҶОЛУ ХАРХАШАИ САРҲАДИИ МО НАТИҶАИ НОДУРУСТИ ТАҚСИМОТИ ҲУДУДИ МИЛЛИИ СОЛИ 1924 ДАР ОСИЁИ МИЁНА ВА ХИЁНАТИ САРВАРОНИ ҲАМОНВАҚТАИ МИЛЛАТИ ХУДАМОН МЕБОШАД

       Чанд сол аст, ки ҷанҷоли сарҳадии мо бо Ҷумҳурии Қирғизистон давом дорад. Кӯшишҳои зиёди тарафайн натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Албатта кӯшиш кард ва тамоми имкониятҳоро истифода бурд, ки он ба ҷанҷоли байни ду ҷумҳурии ҳамсоя, ба монанди ҷанги байни Озарбойҷону Арманистон оварда нарасонад. Зеро, он ба зарари ҳар ду тараф аст.        Ба ҳар ҳол ба саҳифаҳои таърих менигарем…        Дар аввали асри 16 зиёда аз 50 қабилаҳои ӯзбекони бодиянишин бо сарварии Муҳаммад Шайбонихон давлати Темуриёнро барҳам дода, давлати худро бо номи Шайбониён солҳои мавҷудияташ (1501-1599) бунёд карданд. Ин имконият дод, ки ҳамаи